“Забони мо – Ҷаҳони мо!”
(Ҳаёту фаъолиёти эҷодкор Рафоэл Бангиев)

Хонандагони азизу мӯътабар, ягон кору воқеаи ин дунё бе хоҳишу фармони Худо рӯй дода наметавонад. Чӣ нону насиба будаст, ки дар соли 1992 ман, бо тамоми аҳли оилаам, аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ба Эрес Исроэл кӯчида омадаам. Ҳазорҳо маротиба шукр ба номи Худо, ки моро аз давраи пурхатари ҷанги бародаркушии халқи маҳаллии Тоҷикистон, бе шикасту бе кулфат, соғу саломат бароварда, сазовори ватани таърихии падару бобоёнамон, яъне Эрес Исроэл, гардонид. Дар он даме, ки ман замини муқаддаси Эрес Исроэлро бӯсидам, ба пеши назарам тамоми ҳаёти гузаштаам аксу намоён шуда монд, дӯстон.
Ман яке аз фарзандони падари ҳуқуқшиносу офицер Мӯшиях ва ҳам модари муаллима Мафрат Бангиевҳо буда, дар шаҳри Душанбеи пойтахти Тоҷикистон таваллуд шудам. Аз падару модарам ва ҳам аз бовою бивиам тарбияю ахлоқи инсонгарию равобинӣ, некхоҳию маърифатпарварӣ, меҳмоннавозию иззату ҳурмати калонсолон, донишҷӯию вафодориро гирифта, дар оянда маълумоти мусиқашиносиро ҳам дар омӯзишгоҳи мусиқӣ ва ҳам дар Донишкадаи Давлатии Санъати шаҳри Душанбе ба номи Мирзо Турсунзода сазовор гаштам. Аллакай дар синну соли 17 солагиам, бо хоҳишу фармони Бузургвори олам, ки ба ман бо дасти кушодаш истеъдоду тавоноии мукаммали оҳангнавозии асбобҳои мусиқавии халқии шарқӣ ва ҳам асбобҳои аккордеону фортепиано тақдим намуд, ба ансамбли оилавии Артисти Халқии Тоҷикистон, Шоҳи Шашмақом, мулло Нериё Аминов, ба вазифаи аккордеоннавози якӯминтарини мақомнавози яҳудиёни бухороӣ, қабул карда шудам. Ин барои ман шарафмандию сазоворгадие буд, дӯстон!
Аз ин устоди устодон ман, бешубҳа, тамоми сиру асрорҳои ҳар як оҳангу суруди Шашмақом, созу сохту формаҳою аназизи мусиқавии онҳо, дар муддати солҳои зиёде омӯхта, мӯтрибу донишманди беҳамто шуда мондаам. Ин ҳам сабабе мебошад, ки то ҳануз ман худамро хушбахтарин инсоне ҳис мекунам. Зиёда аз 55 сол ман ба вазифаи касбии омӯзгору муаллими ботаҷрибаю хизматнишондодаи Тоҷикистон ва ҳам Исроэл машғул мебошам. Имрӯз ҳам, ба синни 73 расида, ман дар манзилгоҳи шахсиам, кабинети мусиқавӣ кушода, дарсҳои оҳангнавозию сурудхониҳои Шашмақом ва ҳам нигунҳои хазанути яҳудиёни бухороиро ба студентон омӯзонида истодаам.
Дар соли 1992 ба Эрес Исроэл кӯчида омада, мушоҳида намудам, ки ҳамроҳам олимону профессорон, инженерону ихтироъкунандагон, шоирону нависандагон, ҳофизону мӯтрибони беҳамто, дӯхтурону рассомон, актёрону режиссёрон омаданд. Ин далел мани ватандӯстро ба хушию хурсандӣ оварда расонид.

Ҳақиқатан ҳам, он орзуҳою ниятҳои некам, нисбат ба гулгул шукуфию пешравии тамоми маърифату санъату маданияту забони модарии ҷамоатамон, оҳиста-оҳиста, аллакай дар Эрес Исроэл, ҷомаи амал пӯшидаанд, дӯстон. Боз ба як далели муҳим аҳамияте додам, ки аксарияти он маърифатпарварони ба Исроэл омада, аз шаҳри зодгоҳи ман, яъне Душанбе, мебошанд.
Масалан, Рафоэл Толмасову Борис Наматиев, ки дар оянда театри касбии мусиқавию драммавии яҳудиёни бухороиро дар Эрес Исроэл барпо додаанд.
Ё ин ки, Мордехай Кимёгарови ҳамшаҳрам бошад, тамоми нонвойхонаҳои Эрес Исроэл, ресторани «Бухара ҳаяфа» ва ҳам Музеи этнографии яҳудиёни бухороиро барқарор кард. Ё ин ки, дар сафи пеши Иттифоқи нависандагони бухоризабон Натан Юхононову Зээв Некталов, Борис Муллоҷонову Роберту Рафоэл Бангиевҳо, Борис Абрамову Ёсеф Мӯшеев аз шаҳри бостонии Душанбе омада, мақоланависию китоббарорӣ кардаанд. Аз соли 1997, яъне соли кушодашавии редаксияи «Бухарская газета» ман, аллакай, якӯмин шуда, мақоланависиамро сар кардам. Дар соли 2000 Конгресси умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ барқарор гашт. Органи матбуоту нашриёти ин ташкилот бошад, газетаи «Менора» шуда монд.
Аз шумораи аввалинаш дар соли 2000 сар карда ва то инҷониб, яъне соли 2024, ман, аллакай, дар ҳардуи он газетаҳо, беминнат мақоланависӣ намуда истодаам. Мақолаҳоямро ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони яҳудиёни бухороӣ, ҳар ҳафта то имрӯз ҳам баромада истодаанд. Мушоҳида кардам, ки аъзоёни Иттифоқи нависандагонамон ба он газетаҳо бисёртар шеърҳои худашонро мефиристонанд. Ба хулоса омадам, ки барои аъзоёни ҷамоатамон он шеърҳои хушку холӣ ягон фоидаеро намеоранд. Аз он рӯз сар карда, эҷод намудану ба рӯшноӣ баровардани мақолаҳои худамро, доир ба ҳаёти дохилию ҳаррӯзаи аҳли ҷамоатамон, сар кардаам, дӯстон. Он мақолаҳоро фақат ба забони адабии яҳудиёни бухороӣ навишта мебаровардаму имрӯз ҳам бароварда истодаам, хонандагони азиз.
Боиси он мақолаҳои бешуморам, ҳамаамон нағз фаҳмидем, ки хоҳишҳою талабҳои мардумамон кадоманд, кадом мавзӯҳо барои онҳо дилкашу диққатҷалбкунанда мебошанд ва ҳоказо. Ин ҳам сабаб шуд, ки тамоми ҷамоатамон, аз он шабу рӯзҳо сар карда, ба мақолаҳои ман ҳавасманду ошуқу дилдода шуда мондаанд. Аз лавзу диалекту сленги «кӯчагию бозорӣ» намояндагони ҷамоатамон ба хонишу омӯзиши матнҳои мақолаҳои адабиам гузашта истода, бо роҳи омӯзиши забони модариамон, пешравиҳо дидаанд! Барои ҳар як мақолаамро навишта ба рӯшноӣ баровардан, ман ба куҷо намераваму бо киҳо во намехӯрам, хонандагони азиз!
Баробари фаълолияти мақоланависиам, ман мушоҳида карда меистодаам, ки тамоми чорабиниҳои ташкилотҳои маърифатпарварони ҷамоатамон, фақат ба забони русӣ гузашта истодаанд. Аз он рӯз сар карда, баромадҳои нутқию сухангӯиамро ҳам, дар тамоми чорабиниҳою шабнишинҳою шабҳои азкорои ҷамоатамон, фақат бо воситаи забони адабии яҳудиёни бухороиамон, сар кардам.
Забони модариамон анча инкишоф ёфта монд. Рӯз то рӯз шунавандагони сухангӯию нутқи ман ба забони модариамон зиёду барзиёд шуда рафту афзоид. Соҳибони шабҳои азкорою дигар чорабиниҳо, маро то ҳануз бо иззату ҳурмат ба он шабҳои тантанавиашон таклиф менамоянд, дӯстон. Престижи забонамон баланд шуд
Бояд, бо миннатдорӣ, қайд карда гузарам, ки ҳам дар мақомшиносӣ ва ҳам дар санъати сухандонӣ, дарсҳою сӯҳбатҳо бо устодам Нериё-амак Аминов, барои ман таҳкурсӣ шуда мондаанд! «Беҳ аз ҳама ҳунарҳо сухандонист!», ё ин ки ба Рӯшелу Эмонел писаронашон ва ҳам ба ман он кас доимо насиҳат медоданд: «Сабукиро дар рӯзи бозор ягон кас ба як тин ҳам нахарид! Вазбиниро бошад, дар рӯзи бебозор, ба ҳазор тангаи тилло харидаанд!», ё ин ки дар васфи омӯзиши забон бошад мегуфтанд, ки «Бо ҳавло гуфтан, даҳани одам ширин намешавад. То бо воситаи он забон сухан наронӣ, он забонро ба умрат ҳам ёд намегирӣ!»- насиҳат дода меистодаанд ин устоди дунёдидаю дунёшинос.
Гоҳе, дар муддати 24 соле, ки ман дар газетаи «Менора» беминнат менависам, мӯхлисонам аз ман мепурсанд: » Мулло Рафоэл, мақоланависӣ, ин ҳам ҳунари ҳар кас нест! Барои чӣ Шумо барои хизмататон пул намегиред?» Ман, бо табассум, мефаҳмонам: «Дӯстонам, Шумо ҳар моҳ пули чароғу обу газу телефон медиҳетон? Барои чӣ Шумо барои гармии Офтоб ва ҳам барои нурҳои шӯълавари Офтобу Матоб, ё ин ки барои Шамолҳои фораму Боронҳои файзу барахои Худодод пул намедиҳетон?» Ҳақиқатан ҳам, на ҳар чизи ин ҷаҳон нарх дораду бо пул харида мешавад, дӯстон!
Бояд қайд карда гузарам, ки тамоми фаъолияту ҷонбозиҳоро, нисбат ба пешравиҳои ҷамоатамон ва ҳам барои гулгулшавии забони яҳудиёни бухороӣ Бузургвори олам ба инобат гирифта, бо воситаи ташкилотҳои болонишини ҷамоати яҳудиёни бухороӣ ва ҳам муасиссаҳои Давлатии Исроэл, маро сазовори Унвонҳои баланди Ҳодими хизматнишини санъату маданияту адабиёти Исроэл, Аълочии Санъати Исроэл, Аъзои Иттифоқи нависандагони Исроэл сазовор гардониданд.
Бо фахр дар дил, бояд қайд кард, ки ба наздикӣ, дар чорабинии Фестивали «Ҳафтаи санъату маданияти яҳудиёни бухороии Америкаю Канада, ҳайати комиссияи мутахасиссонашон маро сазовори Унвони Олии Лауреати Мукофоти Давлатии ШМА ва Канада бо номи Исҳоқ Мавашев, доир ба муҳофизату эҳтиёт намудану гулгул шукуфонидани забони яҳудиёни бухороӣ гардониданд! Сад офарин ба қадрдониашону инсонгариашон!
Барои тамоми хонандагони газетаҳои дӯстдоштаи ҷамоати яҳудиёни бухороии тамоми олам, илоҳо Соли Нави 5785, соли тинҷию хушу хурсандӣ, соли соғу саломатию бедардию беғамӣ, соли бо файзу бо барахою бо ҳаслохо шавад, то ин ки фарзандони нахӯстбини Худоамон будагиамонро, ҳақиқатан ҳам, ҳис кунем! Омен ва омен!
Рафоэл Бангиев,
Лауреати Мукофоти бо номи Исҳоқ Мавашев, аъзои Иттифоқи нависандагони Исроэл