(Анализи касбии мусиқавию тадқиқотии услубҳои ин санъаткори бузург)
Хонандагони азиз, дар бораи булбули хушовози боғи ҷаннатмананди сурудҳои ганҷинаи Шашмақом Барно Исҳоқова, ҳам дар давраҳою замонаҳое, ки ин ҳофизаи камтарину беҳамто дар ҳаёт буданд ва ҳам баъд аз гузаштани он кас, тамоми шоирону нависандагон, мусиқашиносону олимон, санъаткорону тадқиқотчиёни номдори олам китобҳою мақолаҳою очеркҳои зиёдеро навишта, ба рӯшноӣ бароварда буданду то ҳол бароварда истодаанд. Бояд қайд кард, ки ҳануз тамоми халқҳою миллатҳои тоҷику ӯзбеку яҳудиёни бухорӣ, аввали аввалаш, ба додҳои Худои мӯъҷизаофари олам қоилу моил мебошанд, ки ин гуна истеъдоду маҳорати мукаммалро ба дӯстдораш тақдим намуда, ба ҷамъияти одамон, чун мисли ҷавоҳироти камёфт, фиристонд!
Хақиқатан ҳам, ба додҳою мӯъҷизаҳои Худо қоилу моил нашудагӣ инсоне ҳам дар ин ҷаҳон нест! Мақсади марказии мақолаи мазкурам, ин ҳам ба Шумоён дар бораи тарҷимаи ҳолу ҳаёту эҷодиёти Барно Исҳоқова намебошад, ки тамоми ҳаёту эҷодиёти ин булбули боғи Шашмақомро ҳамаамон, чун мисли панҷ панҷаамон, мешиносем. Ҳамин тавр нест? Дар мақолаи мазкурам, бори аввалин, ман, ба тарзи мусиқашиносию илмӣ –тадқиқотӣ, дар бораи услубҳою манераҳою интерпретацияю импровизацияю вариацияҳои шахсию индивидуалии подшоҳзеби Барно Исҳоқова, нисбат ба ҳар як суруди ганҷинаи Шашмақоме, ки он кас иҷро мекарданд, Шуморо шинос мекунам, дӯстон. Ҳақиқатан ҳам, аранжировка, яъне тобишу обу ранг дода, орою мунаввару подшоҳзеб кунонидани ҳар як оҳангу суруди Шашмақом, онро шарҳу тафсиру таъбир дода, ба услуби илоҳӣ даровардану нотакрор намудан, ин ҳам роҳи Барно Исҳоқоваи ягонаю нодир буд, дӯстон!
“Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақл бишкофему тарҳи нав дарандозем!
Агар ғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Ману соқӣ ба ҳам созему бунёдаш барандозем.”
(Ироқи Бухоро)
Ҳоле моён доимо дар бораи ҳаргуна асбобҳои мусиқавии дунё, яъне фортепианою арфа, контробасу скрипка, литавраю дойра, кларнету саксофон, тору тамбӯр, ғиҷаку чангу дигару дигарон намудҳои он, сӯҳбатҳо мегузаронем. Бояд қайд кард, ки овози инсон ва, алалхусус ҳофизу сароянда, ин ҳам асбоби муаяни мусиқавӣ мебошад. Худи калимаи “Вокал” маъною тарҷимаи “Овозу пардози ҳофиз”- ро дорад. Аз як тараф ҳамаамон ин асбоби табииро дар ботинамон дорем. Онро гоҳе истифода бурда, ҳаргуна сурудҳоро, ба тарзи касбию ҳаваскорӣ, иҷро ҳам менамоем. Ҳамин тавр нест? Ба назарамон метобад, ки омӯхтану истифодабарии ин асбоб, яъне овозу пардозамон, барои ҳаряктаамон, осону имконпазир мебошад.
Вале, агар фикр карда бароем, ин асбоби вокалӣ, аз тамоми асбобҳои олами мусиқавӣ, аз нуқтаи назари олимону тадқиқотчиёни мусиқавӣ, душвортарине мебошад, дӯстон! Аввали аввалаш, асосу таҳкурсии аппарати овозу пардозбарории касбии одам, на фақат дар асоси қонунҳою қоидаҳои мусиқавӣ-эстетикӣ, балки физиологию ҷисмии худи ҳофиз ҳам, сохта мешаванд, дӯстон. Ин органҳои овозу пардозбарориро ба ҳофизони боистеъдоду қобилиятнок, худи Худованд тақдим мекунад. То ба ботини одамизод қобилиятҳои илоҳии шунавоии мусиқафаҳмӣ ва мусиқадонӣ набошад, ин одам ба қуллаҳои олитарини ҳофизи мукаммал ҳеҷ вақт расиданаш ба гумон мебошад!
“Чаман шуд тозарӯ, то фасли гулгашти баҳор омад,
Зи ҳар шохе гуле як сарвқадди гулизор омад.
Чаманзори ҳаёлаш навбаҳори дигаре дорад,
Дил аз худ рафт чандоне, ки гулшан дар канор омад!”
(Соқиномаи Ироқи Бухоро)
Моён се намудҳои манераҳои вокалиро мешиносем. Ин ҳам, манера, яъне услуби академиявӣ, яъне операвию камеравии касбӣ, чун мисли ҳофизони операвии ҷамоатамон, Шоиста Муллоҷоноваю Рена Ғолибоваю Мирём Юсупова-Бангиеваю Роза Муллоҷоноваю Ася Довидоваю дигарон, манераю услуби халқию эстрадӣ, чун мисли Муҳаббат Шамаеваю Тамара Катаеваю дигарон, ҳам мебошанд, дӯстон. Дар вақте, ки моён қобилиятҳои вокалии Барно Исҳоқоваро, чун мисли яке аз бозёфтҳои илоҳии нодиру беҳамто, меомӯзем, бешубҳа, моён манераю услубу тарзи илоҳию Худододашонро дар назар дорем. Он услубу манераҳои илоҳии ин булбули олами Шашмақом, дар асоси ҳисёту эҳсосотҳои табиию донишҳои олами дохилии подшоҳзеби ҳар як суруди бебаҳои Шашмақом, сохта мешаваду ба вуҷуд ҳам меояд, хонандагони азиз!
Ҳақиқатан ҳам, агар Худо ба дӯстдораш истеъдод ми, ё маҳорат ми, ё қобилияҳои беҳамто, бо дастони равобиниаш, доданӣ бошад, ба синну солу мансабу пулу зару зевари он инсон нигоҳ ҳам намекунад, дӯстон! Масалан, Волфган Амедей Моцарт, аллакай, ба синни 4-5 солагиаш, бастакори бузург гашта, симфонияҳои нотакрорашро бунёд намуду дар шаҳри Венаи Австрия яке аз бастакорони номӣ шуда монд. Ё ин ки, Ю. Лермонтов, аллакай, дар синни 14солагиаш шоиру нависандаи олампаноҳ шуда монд. Олимони бузургу шинохташудаи олам, ба монанди Блез Паскал, ё Клод Элвуд Шеннон, ё Марк Андерсен, ё Бриклину Боб Фрэнксонҳою дигару дигарон ҳам, дар синну соли ҷавониашон ва, ҳатто, бачагиашон, сазовори унвонҳои олими ҷаҳонеро гашта монда буданд!
“Чу дар дил орзӯи сӯҳбати ширинкалом омад,
Зи номи ӯ забонро лаззати шакар ба ком омад.
Арӯси бодамаст аз пардаи мино ба ҷом омад,
Тарабро муждаи домодии айши мудом омад.”
(Чапандози Наво)
Барно Исҳоқова барин феноменҳою бозёфтҳои нодиру бебаҳои санъати ганҷинаи Шашмақом ҳам, барои моён яке аз мӯъҷизаҳои Худо мебошанд. Рӯзе аз рӯзҳое, ки ман дар Донишкадаи Санъати шаҳри Душанбеи Тоҷикистон, аллакай, дар синни 22солагиам, дар вазифаи муаллим, кор мекардам, маро мӯдири кафедраи “Мусиқаю сурудхонӣ”, профессору артисти халқии СССР, Аҳмад Бобоқулов, ба назди худашон ҷеғ заданд. Он кас нағз медонистанд, ки ман аз 17солагиам бо Нериё Аминову ансамбли оилавиашон, дар баромадҳои концертию тӯйхонаҳо, кор мекунам.
“Рафоэлҷон, бачем, моён, бо ҳайати Донишкадаи Санъатамон, ба хулоса омадем, ки факултети мақомшиносиро кушоем, то ин ки Шашмақомро ба қуллаҳои баланди меарзидагиаш расонида монем. Вале, барои сурудҳои шашмақомро ба дараҷаи мукаммалашон оварда расонидан, моён як муаллими пурдон кофта истодаем. Ба моён ягон касро ту суроғ дода метавонӣ ми?”- бо ман маслиҳат карданд ин олими мусиқашиносӣ. Ман кушоду равшан ҷавоб додам: “Муаллими азиз, агар устод Барно Исҳоқоваро ба ин вазифа қабул мекардетон, ҷудо ҳам нағз буд!” “Ҳой, бачем, — сӯҳбатамонро давом доданд муаллим Аҳмад Бобоқулов, — Барно Исҳоқова, ҳақиқатан ҳам, иҷрокунандаи беҳамтои сурудҳои Шашмақом мебошанд! Ман худаму Худораҳматӣ падарам, яъне Бобоқул Файзуллоев, ва ҳам тамоми авлоду аҷдодамон ҳам, мӯхлисону дӯстдори эҷодиёти он кас мебошам! Вале, он кас саводи нотанависию назарияи мусиқавиро намедонанд ку? Сурудҳои мурракаби Шашмақомро, бе воситаи нотаҳо, он кас чихел меомӯзонанд?”
“Муаллимҷон, — гуфтам ман, — он дӯстдорони мақому мақомшиносӣ, яъне студентони Донишкадаамон, бояду шояд аз Барно Исҳоқова барин иҷрокунандаи нодиру нотакрору беҳамто, он манераю услубҳою тарзи Худододи иҷрокунии сурудҳои подшоҳзеби Шашмақомро омӯзанд ва на назарияю гармонияю саводи мусиқавиро?!
Дам ғанимат аст, муаллими азиз. Аз фурсат истифода бурда, ҳозира худаш, моён бояду шояд аз Хазинаи Ҷавоҳироти Барно Исҳоқова истифода барем!”
Аз он рӯза худаш сар карда, Барно Исҳоқова ва пас аз он кас, Нериё Аминову Меҳрӣ Исҳоқбоева ҳам, дар асоси услуби қадимаи “Аз устод ба шогирд”, сурудҳои Шашмақомро ба студентон омӯзониданд. Ба туфайлу шарофати ин устоди устодон, дар саҳнаҳои Тоҷикистон мақомхониҳо бозу боз ҳам авҷ гирифтанд, хонандагони азиз. Номи Барно Исҳоқова, ин ҳам яке аз номҳои муқаддаси мақомхонону устоди устодон дар Тоҷикистону Ӯзбекистон машҳур гашта монд. Барно Исҳоқоваро сазовори унвони профессори санъати шарқии тамоми олам гардониданд!
“Сабо ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ маро.
Шакарфурӯш, ки умраш дароз буд, чаро,
Тафақкуде накунад тӯтии ҳакарҳоро.”
(Наврӯзи Сабо)
Имрӯз тамоми намояндагони илми мусиқашиносию мӯхлисони олами Шашмақоми Бухорӣ ба арвоҳи Барно Исҳоқова ҳазорҳо маротиба миннатдории худашонро изҳору баён менамоянд, ки он кас ба моён якчанд шогирдонашону пайравонашонро, ки бо услуби ин устоди беҳамто сурудҳои Шашмақомро ичро менамоянд, чун мисли алмосу марвориду зару зевар, мерос монданд! Дар давоми мақолаам ман бояду шояд, дар бораи ду фарзанди арзандаи Барно-апаю Исроэл-ака Бадалблев шавҳарашон, яъне Софаю Рафоэл, гуфта гузарам, дӯстон! Ҳақиқатан ҳам, дар урфият беҳуда намегӯянд, ки “Себ аз пеши дарахташ дур намеафтад!”
“Биё, биё, ки дилу ҷони ман фидои ту бод,
Саре, ки бар тани ман ҳаст, хоки пойи ту бод!
Дилам ба меҳри ту сад пора бод, ҳар пора
Ҳазор зарраву ҳар зарра дар ҳавои ту бод!”
(Насри Баёт)
Софа Бадалбоева-Кайкова, дар муддати солҳои зиёде пайраву давомдиҳандаю шогирди боистеъдоду арзандаи модарашон, яъне Барно Исҳоқова шуда, дар саҳнаҳои тамоми олам баромадҳои касбию нодир, беҳамтою писандида намуда, имрӯз яке аз сарояндагони Барномонанди олами мақомхонон шуда мондаанд. Ба наздиқӣ, дар Конгресси умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ, дар шаҳри Тел-Авив, Шаби Ҷамшедии Шашмақоми Бухорӣ, бо муваффақиятҳои бузург, гузашта монд. Ин чорабиниро, ки пурра ба сурудҳои Шашмақому, услубҳои ҳофизони жанри он, ки дар ин макон ҷамъ шуда омаданд, гузаронидан ҷудо ҳам душвор буд.
Софа бошад, “дасти ман не, дасти модарам Барно Исҳоқова”- гуфта, чун мисли гид дар музей, он шабро ба қуллаҳои олиаш бурдаю расонида, гузаронид, дӯстон. Софа Бадалбоева-Кайкова, ҳақиқатан ҳам, донишманди писандидаи Шашмақом буда, дар бораи ҳар як суруди ин ганҷинаи подшоҳзеби олами мусиқавӣ, ба тамоми мӯхлисони он, чун мисли устоду муаллимаи пурдон, фаҳмониду маънӣ ҳам дод! Ин кори осон набуд! Ман фахр мекунам, ки Барно Исҳоқоваи равобин, баъд аз худашон, Софаю Рафоэли хушхонро, барои пешравиҳои ҷамоатамон, мерос монданд.
Рафоэл Бадалбоев бошад, имрӯз яке аз ҳофизону сарояндагони олиқадри сурудҳои ганҷинаи Шашмақом буда, дар Эрес Исроэлу Америкаю Австрияю дигару дигарон регионҳои тамоми олам, ин жанрро ба қуллаҳои олитаринаш оварда расонид. Ин писари арзандаи Барно Исҳоковаю Исроэл Бадалбоев, ҳақиқатан ҳам, яке аз ситораҳои эстрадаи олами мусиқавии ҷамоати яҳудиёни бухороиамон шуда мондааст, дӯстон. Рафоэл Бадалбоев, дар асоси оҳангҳою нигунҳои олампаноҳи Шашмақом, имрӯз зуҳархониҳо месозаду он санъати ба худи Худоамон форамро ҳам, ба қуллаҳои олитаринаш оварда расонид, дӯстон! Ҳам Софа ва ҳам бародараш Рафоэл, услуби модарашонро асос гирифта, пеш рафта истодаанд.
Ба тамоми оилаи Барно Исҳоқоваю Исроэл Бадалбоев, яъне Софаю Тамараю Бертаю Оляю Рафоэлҷони ба ҷону дилам баробар, солимию бардамӣ, умри дарозу ризқи фаровон, сарбаландию муваффақиятҳои бепоёну шабу рӯзҳои хушу хурсандиҳоро орзу менамоям! Омен ва омен!
Рафоэл Бангиев, Ҳодими хизматнишондодаи санъату маданияту адабиёти Исроэл, Лауреати Мукофот ба номи Исҳоқ Мавашев, аъзои Иттифоқи нависандагони Исроэл