Хонандагони азиз, ба Шумо маълум мебошад, ки ман нафақат нависанда, балки санъаткор ҳам мебошам. Барои ҳамин ҳам, мақолаи мазкурамро ман барои наздик шинос кунонидани Шумоён бо илму фанни мусиқа, мебахшам. Бигузор донишу сабақ дар бораи чӣ будани мусиқа дар олами моён, яке аз қисмҳои таркибию ҷудонашавандаи эрудиция, яъне доираи донишҳои ҳаматарафаи олами Шумоён, шуда монад, дӯстон.
Мусиқа — ин ҳам, яке аз намудҳою шаклҳои санъат буда, тамоми садоҳою давушҳои асбобҳои вуҷудбудаи олам ва алалхусус овозу пардози ҳофизонро, барои бунёд намудани оҳангҳои муаян, ки дар асоси нусқаҳою формаҳо, гармония, мелодияю оҳанг ва ҳам ритм, яъне вазну зарбу суръат, сохта мешавад, дарбар мегирад. Мусиқа, чуноне ки ба ҳамаамон маълум аст, забони ягонаи тамоми халқҳою миллатҳои дунё мебошаду ҳоҷати тарҷимаю маънидод намудан ба ягон кас ҳам надорад. Барои ҳамин ҳам, фақат мусиқа имконияту қудрате дорад, ки ҳамаи халқҳою миллатҳои оламро ба якдигарашон пайвасту тиффоқу дӯст бинамояд.
Мусиқаро, мувофиқи баландию пастии он, тембру дарозии овозҳои он ва ҳам формаҳои муаяни он, мутахасиссон фарқ мекунонанд. Одатан, оҳангҳои муаяни мусиқавиро бастакор эҷод мекунаду он услуб композиция номида мешавад, ё ин ки мӯтрибони боистеъдоду бомаҳорат, бо тарзу услуби импровизация, яъне ҳозира худаш онро бофта баровардан, бунёд менамоянд. Аспектҳои муаяни санъати мусиқавӣ ин фаннро дар доираи донишҳою илми мусиқашиносию назарияи мусиқа меомӯзанд.


Дӯстони азизу мӯътабар, мусиқаро ҳарки баҳои касбии дурусту арзанда гузошта наметавонаду ҳуқуқи онро ҳам надорад. Фақат тадқиқотчиёни мусиқашиносу мутахасиссони он, философҳою психологҳо ба ин кору кирдор сазовор гашта метавонанд. Барои иҷро намудани мусиқа, спектри гуногуншакли асбобҳои мусиқавӣ ва ҳам овозу пардози ҳофизон вуҷуде доранд. Мусиқа дар процессҳои гуногуни ҳаёти одамизод, яъне дар рафти ритуалҳои дину диёнатию зуҳархонӣ, таспонидану идона кунонидани шабу рӯзҳои иду муъэдҳо, тӯю суру шабу рӯзҳои хушу хурсандии оилавию мамлакатӣ ва ҳам чорабиниҳои маданӣ-равшаннамоӣ истифода бурда мешавад. Бе мусиқа, ҳатто, оламамон бенуру бемаънӣ мешавад.
Индустрияи мусиқавию истеҳсолкунандагони он, ба худ муаллифҳои сурудҳою оҳангҳо, иҷрокунандагон, режиссёрони овоз, продюсерҳо, ташкилкунандагони турҳо, истефодабарии асбобҳои мусиқавию партитураҳо ба худашон дохил мекунонанд. Хоҳише дорам каме Шуморо, дӯстон, ба олами аҷоибу такрорнашавандаи назарияи мусиқа, ба сайр гирифта барам.
Назарияи мусиқа ба моён ҳаматарафа мефаҳмонад, ки дар асоси кадом қонуну қоидаҳои илми мусиқашиносӣ, ин ё он оҳанг сохта шудаст. Ва ҳам мефаҳмонад, ки оҳангҳоро чи гуна дуруст шунидан ва ҳам дуруст маъною мазмуни онро фаҳмидан лозим мебошад, меомӯзонад. Одатан, дар асоси гармонияю ритм, яъне вазну суръату зарб, форма, яъне нусқа, ва ҳам худи оҳанг, яъне мелодияю полифония, оҳангҳоро дуруст фаҳмида, ба онҳо баҳою арзиши дуруст доданро ҳам мефаҳмонад.
Садои мусиқавӣ – ин ҳам, асоси шунавонидану иҷро намудани ин ё он оҳанг мебошад, дӯстон. Садоҳои мусиқавӣ ҳаргуна баландиҳо доранд. Инро ҳам мо, дар рафти шунидану фаҳмидани оҳангҳо, ба ҳисоб гирем. Тембри садои мусиқавӣ бошад, бо воситаи сарчашмаи садобарорӣ, яъне асбоби мусиқавӣ ё овози одам, муаян кунонида мешавад. Дар рафти оҳанг моён пастию баландии қувваи овозу давушу садоро мефаҳмем.
Ҳамин тавр нест?


Дарозии овозу садо ҳам ҳархел мебошад. Садоҳои мусиқавӣ як системаи муаяни мусиқавиро ташкил медиҳад ва асоси тамоми оҳангҳо силсилаи садоҳо, яъне звукоряд, мебошад, дӯстон.
Сохти мусиқавӣ гуфта, моён системаи ҳаммуносиб будани садоҳоро меномем. Масалан, пеш аз сар кардани оҳангнавозӣ дар ансамблҳои асбобҳои халқӣ, одатан, сохти мусиқавии тамоми асбобҳоро бо якдигарашон, мувофиқи нотаи “ля”, созу ҷӯр мекунанд. Ҳамин тавр нест? Инро моён ҳазорҳо маротиба айнан дидему гувоҳаш мебошем. Одатан, дар ин процесс камертонро, ё ин ки аккордеонро, ё ин ки фортепианоро истифода мебаранд, ки ин садои мусиқавӣ дар ин асбобҳо, худаш ба худаш дигаргун намешавад, хонандагони азиз.
Моён гоҳе калимаи “Гармония”- ро истифода мебарем. Дӯстон, одатан, ансамблҳою хорҳои зиёде, тонҳоро, яъне созҳоро, якеро бо дигараш мувофиқ, истифода мебаранд. Номи ин гуна ҳамсадоӣ “ҳамоҳангӣ”, ё ин ки созвучие, мебошад. Ҳамоҳанге, ки, ҳеҷ набошад, аз сетта садоҳо ва ҳам аз ин ҳам зиёд мебошад, аккорд меноманд.
Он аккордҳо ҳам, мувофиқи қонуну қоидаҳои илму фанни гармония, сохта мешаванду ба якдигар мувофиқ буданашон шарт аст! Ин ҳам яке аз соҳаҳои мусиқашиносӣ мебошад. Агар аккордҳо бо оҳанги мусиқа, яъне мелодия, мувофиқ бошанд, онҳо ба гӯши шунавандагон форам мебошанду “консонанс” номида мешаванд. Вале, агар моён дар вақти иҷро намудани оҳанг аккордҳои номувофиқу “бегона” ба оҳанг шунавем, ин аккордҳои номувофиқ “диссонанс” номида мешаванд.
Чуноне ки одамизод дар ҳама ҷою макони олам ҳаёт бар сар бурда наметавонад, аломатҳои мусиқавӣ, яъне нотаҳо ҳам, фақат дар ҷойҳои муаян, яъне нотагоҳи панҷхата, вуҷуд дошта метавонанд. Барои ба хонаҳои шахсӣ ё ин ки идораҳо даромадан, моён бояду шояд қулфҳои дарҳои даромади тамоми хонаҳоро, бо воситаи калидҳои муаян, кушоем. Ҳамин тавр нест?
Дар назарияи мусиқавӣ ҳам моён як гурӯҳи калони калидҳои ҳархеларо истифода мебарем. Ин ҳам калиди скрипкаю калиди бас, калидҳои баритону альту тенору дигару дигарон мебошанд, хонандагони азиз. Гоҳе одамон ба ҳаяҷон мемонанд, ки чи хел Бузургвори олам, дар муддати 7 рӯз (!), тамоми олами рангорангу боямонро сохт. Мана, акнун, дӯстон, Шумо аз ин ҳам зиёд ба мӯъҷизаҳои Худо қоилу моил мешаветон!
Савол ба миёна меояд: чихел тамоми формаҳою намудҳои бешумори мусиқаи ҷаҳон, яъне симфонияҳою симфониетаҳо, сонатаҳою сонатинаҳо, операҳою опереттаҳо, хоралу канону зуҳарҳо, оҳангҳою сурудҳои миллатҳою халқҳои тамоми ҷаҳонамон, дар асоси 7 нотаҳои муаян, яъне до ре ми фа сол ля си, сохта мешаванд?! Магар ин вазъияти олам яке аз мӯъҷизаҳои Бузургвори ҷаҳон нест? Бояд қайд кард, ки ҳар як миллату ҳар як халқи олам, ба худаш хост, оҳангҳои этнӣ, яъне халқию дӯстдоштаи худ, дорад, дӯстон.
Тамоми он гуногуншаклию гуногунсозию муаян будани он оҳангҳои ҳар як халқу ҳар як миллат, дар асоси созишҳои муаян, яъне ладҳо, сохтаю бунёд кунонида мешаванд ва мобайни якдигарашон фарқ кунонида ҳам мешаванд. Масалан, оҳангҳои Ҳиндустониро, мувофиқи созиши оҳангҳояш, аз оҳангҳои германию англисию русию украинӣ, ё ин ки оҳангҳои хитоиро, фақат мувофиқи созиши мусиқавиаш, аз мобайни оҳангҳои дигар миллатҳо ҳам, бешубҳа, ҷудо кунонидаю фарқ кунонидан мумкин аст. Ҳамин тавр нест? Ладҳо, яъне созишҳои мусиқавӣ, ҳаргуна мебошанд. Ин ҳам ладҳои мажорию минорӣ, ин ҳам ладҳои фригию миксолидӣ, ё ин ки лади пентатоникаю дигару дигарон мебошанд. Дар асоси, масалан, лади пентатоника, яъне истифодабарии 5 садоҳои муаяни звукоряд, тамоми сурудҳою оҳангҳои хитоию японӣ ва ҳам Корея, сохта мешаванд.
Гоҳе моён, ҳатто, дар таронаҳои муаяни сурудҳои Шашмақом ҳам созишу лади пентатоникаро ҳис мекунем. Ин ҳам сабаби муаяне дораду имову ишорат медиҳад, ки рӯзе авлодону аҷдоди моён ҳам, бо воситаи “Роҳи Шоҳӣ”, яъне “Шёлковый путь”, ба заминҳои Осиёи Миёна сайр карда, омаданд. Барои ҳамин ҳам, созиши хитоию тамоми халқҳои он заминҳо ба мусиқаи мо ҳам таъсири калонашро расонид, хонандагони азиз.
Ягон воқеаи ин дунё бе сабаб нест! Ин ҳам, мувофиқи хосту фармони Худо, шуда гузашт.
Ман умеди комиле дорам, ки дар вақту соаташ, мувофиқи хоҳишу фармони Худо, ман бо Рӯшел Аминов, Эзро Малаков ва ҳам Рафоэл Некталов, яъне донишмандони назарияи мусиқавӣ ва ҳам мусиқашиносон, конференцияи илмӣ, доир ба сохти формаҳою созишҳою ладҳои тамоми оҳангҳою сурудҳои мурракаби Шашмақом, мувофиқи асосҳои назарияю амалияи илми классикии этнии яҳудиёни бухороию тоҷикону ӯзбекон, Шашмақоми Бухорӣ, дар замини Эрес Исроэл, ба тамоми шунавандагони ҳақиқию дӯстдорони ин соҳаи подшоҳзеби мусиқаи Шарқ, мегузаронему ба тамоми он саволҳо ҷавоб медиҳем!
Илоҳо, тамоми орзую ниятҳои некамон ҷомаи амал пӯшанд! Омен ва омен!

Рафаэль Бангиев