Ахлоқи коммуникативии яҳудиёни бухороӣ
![](https://www.bukhariantimes.org/wp-content/uploads/2024/12/рафаэль-бангиев-и-ллюстрация-1024x784.jpg)
Ҳазорҳо маротиба шукр мегӯем ба ному кирдорҳои Бузургвори олам, ки баъд аз ба рӯшноӣ баромадани мақолаи илмӣ-тадқиқотии ман, доир ба фарқияти куллӣ мобайни забони яҳудиёни бухороию забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ, тамоми баҳсу мубоҳиссаҳо мобайни интеллигенцияи ҷамоатамон манъ кунонида шуданд. Бозу боз такрор мекунаму ба ёдатон меорам, хонандагони азиз, ки забони яҳудиёни бухороӣ, яъне “бухорӣ”, дар Осиёи Миёнаю тамоми ҷаҳон аз забонҳои тоҷикию ӯзбекӣ, чун монанди яҳудиёни Испания ладино аз забони миллатии испаниҳо, ё яҳудиёни мамлакатҳои араб муграби аз забони миллатии арабҳо, ё забони яҳудиёни европоӣ идиш дар Германия аз забони миллатии немесӣ, ё забони яҳудиёни кавказӣ шуури аз забони миллии озариҳо ва ғайраю ваҳоказо, фарқияти асосиаш дар он мебошад, ки тамоми он забонҳои истифода мебурдагии яҳудиёни тамоми олам, бо забони лашон ҳақодӯши ивритӣ, омехта кунонида мебошанд ва ҳам бо воситаи ҳарфҳои ивритӣ бояду шояд навишта шуд!
Ин далелро на бояд ҳеҷ вақт фаромӯш кард! Ин ҳам сабабе мебошад, ки тоҷикон, гоҳе, дар шабнишинҳои яҳудиёни бухороиамон, алалхусус дар шабҳои ёдоварии гузаштагонамон – юшвоҳо, нишаста, он суханҳою риторикаи барандагону ҳоровҳои он шабнишинҳоямонро шунида, ягон калимаҳои он нутқу маънидодҳояшонро намефаҳманд?! Масалан, дар яке аз ин гуна юшвои падари рафиқам дар Рамле, ҳорови пурдонамон сухан ронданд: “Рабӯтай, ба ҳамаатон эрев тӯву мевурах! Имшаб юшвои ховери кошеру покиза, онову содиқ, баъал шем тов, ба тамоми омма трумот мекардагӣ, мулло Шолӯмхай мебошад. Ҳоле дар Тӯротену Ҳақудушо гуфта шудаст: “Ашрей адам самеах ба хелко”, яъне одам бояд ба ризқаш шоду миннатдор бошад. Ин одами мисвокори манухо ёфтагӣ ҳам шукрбанда будаанд. Дар шабботи гузашта, дар порошои “Вэ йицэ…” ва ғайраю ваҳоказо.
Вай меҳмони тоҷик, ягон гапи он ҳоровро нафаҳмида, оҳиста хеста рафт. Дар мақолаи мазкур ман ба Шумо, дӯстонам, боз як шоху шингилчаи фарқияти куллӣ мобайни забони бухороӣ ва ҳам, ҳатто, дар айёми баён намудани фикру муллоҳизаҳои расмии ҳамдиёронамон, дар ҳаргуна вазъиятҳои ҳаёту зиндагиамон, нисбат ба суханҳои расмии тоҷикону ӯзбекон, айнан намоён менамоям. Дар ҳаёту зисту зиндагӣ тамоми одамони рӯи дунё вазъиятҳои пешвозгирии якдигару меҳмонон, дуои неку дуои бад кунонидани одамон, вазъиятҳои шабу рӯзҳои хушу хурсандиҳои хонаю даргоҳи нав харидан, либоси нав харида пӯшидан, шабу рӯзҳои задгоҳи фарзандону гаҳворабандон, брит миллою бритаи духтар, мактабравону тафилинбандон, тӯи арӯсию қудобинӣ, ба ғайр аз ин бошад, шабу рӯзҳои мотаму инсонони наздик гум кардан ваҳоказо, бо хоҳишу фармони Худо, мегузаранд. Ҳамин тавр нест?
Бо кадом суханону калимаҳои расмию анъанавӣ моён, яъне яҳудиёни бухороӣ, нисбат ба тоҷикону ӯзбекон, он фикру муллоҳизаҳоямонро изҳору баён менамоем? Номи ин гуна истифодабарии формулаҳою баёну изҳор намудани ҳисётҳою эҳсосотҳоямон ахлоқи коммуникативӣ мебошад. Масалан дар шабу рӯзҳои мотаму мурдадории ҳамсояҳои наздику дӯстони гиромии тоҷикону ӯзбекон, моён, ба онҳо муроҷиат карда, “Бандагӣ” мегӯем ва он тасаллои диламонро бо суханону ибораҳои расмию анъанавии онҳо, бо иззату ҳурмату эҳтиром, нисбат ба онҳо, изҳору баён менамоем.
Масалан, дар вақту айёми шабу рӯзҳои мотами яҳудиёни бухороии худамон бошанд, моён, мувофиқи анъанаҳои худамон, ба овелнокон, яъне заврдидагон, “ҳаёти Шумо бошад”, ё “Худо умр диҳад ба Шумо” ё “Ҳеҷ ғам набинед” гуфта, он тасаллои диламонро баён мекунем. Ҳамин тавр нест? Агар моён дар он шабу рӯзҳои мотамии ҳамдиёронамон ба рӯйхати меҳмонон пул тақдим кунем, он соҳибони манухоёфта ба он меҳмонон, одатан, “ба рӯзи некӣ гардонем ин қарза”, бо миннатдорӣ мегӯяд.
Дар баромадҳои худ, дар он шабҳои юшвоҳо моён, одатан, овелнокҳоя дуои нек бо воситаи суханҳои зеррин мекунем: “умри боқимонда ба фарзандону набераҳо мерос монад” ё “дӯстон тоҷи сар шаванду душманон зери по” ё “ҳеҷ ғам набинетон” ё “солҳои меомадагӣ ба некӣ гузаранд”. Ва лекин, баъзе хусусиятҳо ҳастанд, ки яҳудиёни бухороиамон, чун мисли расми тоҷикону ӯзбекони маҳаллӣ, мекунанд. Ин ҳам, масалан, дар айёми пешвозгирии якдигар дастфушӯрии самимона, яъне ба ҳар як меҳмони омадагӣ даст додан, ё ба оғӯш гирифтан, дасти ростро ба тарафи дил монда, камтар, ба иззати меҳмонон, хам шуда, “Баховӯт”, ё “Биёетон, биёетон!”, ё “шолӯм алехем” ва ба ҷавобашон “Алейхем ҳам шолӯм” мегӯем, дӯстон. Дар вақти пешвозгирӣ, моён, одатан, якдигарамонро пурсупос мекунем: “чтӯет”, “нағзет”, “соғу саломат ҳастед”. Калимаи “Чтӯет”, дар асоси калимаи форсии “читури”, сохта шудааст, хонандагони азиз.
Агар ба ёдатон бошад, дӯстон, насли гузаштаи падару бобоёнамон, дӯстию муҳаббаташонро, бо воситаи калимаҳои “дарду балоята гирам”, ё “балои бачета гирам”, “мурам ба ту”, “сари ману мурди ман”, ё “лати алас шавам ба ту”, “мурғи чолах шавам ба ту”, изҳору баён менамуданд. Имрӯз бошад, насли мо, ҳар як калимаи ивритию гуфтаҳои Тӯрою Ҳалахоро нағз фаҳмида, медонем, ки он тану ҷонамон ба худи моён не, балки ба Худо таалуқ доранд, ки мобайни моёну Худо брит, яъне шартнома, бастаем, дӯстон! Моён ҳеҷ ҳуқуқ надорем, ки тану бадану ҷонамонро ба ягон кас ба қурбонӣ орем, хонандагони азиз. Тамоми он суханони насли гузаштаамон бекора мебошанд.
Дар вақту айёми шабу рӯзҳои шабботу иду муъэдҳо, моён фикру муллоҳизаҳою орзую муроди худамонро, мувофиқи он шабу рӯзҳои муқаддасамон, бо калимаҳою формулировкаю нусқаҳои муаяни зеррин баён менамоем: “шаббот шолӯму мевурах” ё “шавуа тов”, ё “муъадим ле симха”, ё “хагим узманим ле сосон”ва гоҳе, ҳатто, бо калимаҳои расмии мусулмонони маҳаллӣ, “иди хануқо морак шавад” ё “байраматон муборак”. Гоҳе калонсолон насли наврасро дуои нек карда, чунин калимаҳои расмии худамонро истифода мебаранд: “тизку ба мисвот”, ё “шэ йитгашму кол мишъалот шелахем”, “дарахти савз гардӣ” ё “доғат ба ин дунё ҳаром бошад” ё “Доғата набинам” ваҳоказо.
Дар айёми шаби аввалини моҳи нави яҳудиён моён, мувофиқи Ҳалахою расмамон, ба якдигарамон “рош ходеш самеах” ё “шана това” орзую ният мекунем ва ҳам барахои Ҳалевона, моҳи навбаромада дар осмон, мехонем, дӯстон. Пеш аз Кепур моён “саҳархезӣ” мекунему “слихот”ҳам мехонем. Дар вақти аз хона баромада рафтан бошад, моён “хайр, соғ бошед”, ё “хайр, саломат бошед”, ё “хайр, то дидана” ё “ба некӣ бинем якдигара” мегӯем.
Дар айёму вақти зойдашавии писар “ба симон тӯв” ва ба зоидашудани духтар бошад, “мазол тӯв” гуфта, он хурсандиамонро изҳору баён менамоем. Дар шабҳои тӯи арӯсӣ бошад моён, келину домодро дуои нек мекунем: “мазолаш қати бошад”, ё “сафедбахт шаванд”, ё “аз як болишт сар бароранд”, ё “пиру хампир шаванд”, ё “чакеш ба чаки қовил афтаду ноқобилия набинанд”, ё “қӯша пир шаванд”, ё “зиёд шаванду кам нашаванд”, ё “сафедбахту сафедрӯзу серфарзанд шаванд”, ё “Худо ба сол баровар ба хотону кало як бензохор лоиқ бинад” ваҳоказо. Дар айёми меҳмондорию меҳмоннавозӣ бошад, масалан, пеш аз чашидани таъомҳою чой нӯшидан, “қадам расаду бало нарасад”, ё “илоҳим Худо ин дамро парешон накунад”, ё “Адӯной оз ле амо йитен Адӯной йиворех эт амо ба шалӯм” ва ҳам “Брухим ҳабаим”, “Баховӯд” ё “меҳмон отадан уллуқ” мегӯем.
Дар айёми касалбинӣ, одатан, “ғам нахӯр, Худо дард диҳад, дармон ҳам бедиҳад” ё “чтӯет, ба некӣ пурсам шумоя, бахай?” ё “Худо қувват диҳад ба шумо” ё “илоҳим, боли ҷоия набинеду сиҳат саломат хезед” ваҳоказо. Агар имконият бошад, он одаме, ки касалро диданӣ меояд, тафилои “шир лемаъалот” барои дардмонии он касал, мехонад. Дар айёме, ки бачагон ба калонсолон об, барои нӯшидан, биёранд, он бачагонро, одатан, дуои нек мекунанд “Умри ов ёвӣ”, ё “калон шавӣ”, ё “сафедбахт шавию бодавлат шавӣ”, ё “ба муроди дилат расӣ”, ё “ову нон барин азиз шавӣ”. Пиронро гоҳе дуои нек мекунанд: “бе доғ бошед”, ё “бедард шаведу дармондагия набинед”, ё “Худо сини бе доғ барад”, ё “Худо баламгӯй накунад” ё “фарзандонамон, илоҳим, ба пуштамон монанд” ваҳоказо.
Сад афсӯс, ки дар мобайни ҷамоати ба ҷону дил баробарамон одамоне бадгапу бадфеъл, бадзабону хорӣ медодагӣ ҳам вуҷуде доранд. Ҳақиқатан ҳам, “моҳ бе айб нест!”Дар мақолаи мазкурам хоҳише надорам тамоман он суханони дуои баду хориҳои он одамони бадзабонро ба ёд орам! Илоҳо, Худо худаш, аввали аввалаш он одамони бадзабону бадрафтору бадкирдорро ҳам тӯвфиқ диҳад, ба ҳар ҳол Худо аз одамони бадгапу бадфел, маломати ноҳақ ҳамаамонро дур гардонида, ба чашми некаш гирифта, ба муродҳои неки дилҳо бирасонад! Омен ва омен!
Рафаэль Бангиев