Хуш омадет
Бахшида ба ташрифи Рафоэл Нектолов
ба давлати Исроэл.

Имрӯз ид омад бар гузари бухороӣ,
Бо ин қадами меҳмони бузургворӣ.
Хуш омадет гӯён шавем ошною шинос,
Аз Амрико омад Рафоэли мусиқашинос!
Ба газетаи «Бухариян таймс» ин кас мухбир,
Газетаи оламшумул— бо обрӯи кабир.
Давлати Исроэл ба қадамотон пешкаш,
Ташрифатон аз тинҷии замин хабаркаш.
Аз ҳар соҳаи илму фан шумо хабардор,
Шумо сухандони ширинкалому хушёр.
Рафоэл ака кӯпруг сохта аз Ӯзбекистон,
Дӯстиро оварданд то Исроэлу Вашингтон.
Имрӯз меҳмони мо шумо, шавем ҳамсӯҳбат,
Хуш омадет мегӯем якояк, бо навбат.
Талабгорем ба шумо саломатии матин,
Оромӣ барқарор гардад дар рӯи Замин.
Бахти оилавий ба шумо ҳамроҳ ҳамеша ,
Шумо инсони дӯстдору ҳам некандеша.
Полина шуморо дид, шуд чандин сарфароз,
Аз хурсандӣ бихонд суруд бо баланд овоз!
12.01.2025
РОСТҚАВЛӢ
Дирӯз варақ зада хондам ман як ривоят,
Имрӯз нависта ба шумо кунам ҳикоят.
Буд на буд ба як маҳалла дӯкони қассоб,
Аҳоли мехарид гӯшт, баҳри ошу кабоб….
Касе насия харад, касе ба пули фалон,
Аҳли муштарӣ* доштанд боварии калон.
Як рӯз пеши қассоб омад каси бегона,
Қассоб ӯро дида шуд телбаю—девона,
Фикр кард қассоб фоидаашро карда орзу,
«Ба ӯ устухон диҳам ё занам аз тарозу?»
Панҷ кило гӯшт пурсид ин одами бегона,
Қассоб чору ним кило гӯшт дод он замона.
Гӯштро гирифту сӯи сабзавот рафт ин одам,
Баъд боз назди қассоб омад бо чаққон қадам.
Қассоб ӯро дид, шуд саросема—беҳузур,
Фикр карду гуфт –»ҳозир аз ӯ мепурсам узр».
Хоҳад тоза барояд аз вазъияти вазнин,
Қассоб ним кило гӯштеро партофт ба замин.
Он замоне, ки ин одам ба дӯкон монд қадам,
Қассоб аз замин гӯштеро гирифт шуда хам.
Гуфт қассоб-«ним кило гӯшт рисқи шумо ин,
Надида мондаам , ки афтодааст ба замин».
Харидори гӯшт гуфт, бо узр кард ишора,
«Пули гӯштро надодем ба гап шуда оввора».
Қассоб аз ростқавлии харидор шуд ҳайрон,
Ба вазъияти нобоб монд ӯ бо ҳулқи вайрон.
Аз ҳамин рӯз сар карда қассоб бо ваҳму тарс,
Зи ибратбахшии РОСТҚАВЛӢ мегирад дарс.
Полина, ту ҳам ба ростқавлӣ карда риоя,
Бо хулқу атвори виҷдонӣ боши кифоя.
15.12.2024
Зарбулмасал
Зарбулмасал, яъне «пословица» ба русит,
Ва ҳам «питгам» мегӯянд ба забони иврит.
Ин жанр — ҳақиқатро месозад ифода,
Матни кӯтоҳу аммо ҳикматаш зиёда.
Фарҳанги зарбулмасал, аз хулоса иборат,
Мӯъҷизаи таърихӣ— шеваи ривоят.
Мисол орам якчанд ҳикмати матни мақол,
Баҳраманд шавем ба ҷавоби ҳар як савол.
Мегӯянд, ки «Равшании давлат, ин ақл аст».
«Сабркунанда ҳокими Миср» ном нақл ҳаст.
«Суханҳои бад, зуд паҳн мешавад дар ҷаҳон «,
«Аз дастгирии хеш, мушкилат шавад осон».
«Офтобро бо доман пӯшида намешавад»,
«Оби ҷӯшро якбора нӯшида намешавад».
Ӯйла карда гап зан — «На сих сӯзад на кабоб»,
Дилсияҳ кунад дӯстадро, сухани нобоб.
«Ëр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем,
Об дар кӯзаву мо ташназабон мегардем».
«Аз падари беҳунар чӣ меомӯзад писар?»,
«Ба одами нобовар, неку бад баробар».
«Омӯзиши илм хоҳӣ – бихону такрор кун»,
Ҳосили бисёр хоҳӣ—заминро шудгор кун!»
«Аз одами гунг, кас сухан нашунидааст,
Аз хасу беда касе мева начидааст».
«Айби худро аблаҳ намебинад дар ҷаҳон,
Баръакс – ӯ ҳаст ба ҷустуҷӯи айби касон».
«Бетамизии одам аз сухан пайдо шавад,
Пистаи бемағз лаб кушода, расво шавад».
«Дон эй писар—дар зиндагиам накардӣ шод,
Баъди мурданам аслоҳо макун манро ёд».
«Кор гурези тамбал дар сари кор айёр аст,
Бидон, ӯ доимо дар сари ош тайёр аст».
«Дар лаганбардор— хушоматгӯй сухан бисёр,
Дар тамбалу гарданғавс, баҳона бисёр».
«Зоғе дар гулистон агар ёбад як гуле,
Ба тасаввураш худро шуморад булбуле».
«Ноз ба он кас кун, ки харидори ту бошад,
Пеши он кас рав, ки талабгори ту бошад».
«Осуда он одаме, ки харе надорад,
Аз хӯрокашу ҷаваш хабаре надорад».
«Гар харро баранд бар Маккаву Мадина,
Бозгард шавад ҳамун хар—хари қадима».
«Бидон, ки худписандӣ далели нодонист,
Дар охири вай фақат кони пушаймонист».
«Ҳар, ки чоҳ сари роҳи дигарон канад,
Рӯзе худаш дар он чоҳ сарнагун равад».
Ин масалҳоро ба шумоён кардам роҳи,
Аз саҳифаи шабакаи иҷтимоӣ*.
Навистаму шунидаму гирифтам ибрат,
Аз зарбулмасалҳои ҳаётию хирад.
Полина ҳар рўз омӯз ту чандин саҳифа,
Ривояту, ҳикояю ва ҳам латифа.
07.12.2024
ПАРРАНДА ВА ШАЙХ
Дӯстон, ба як ривоят андохта назар,
Аз маънои ин ҳикоя шавем барҳазар.
Буд на буд ба як қишлоқи хуш манзара,
Мактаб дошт шайхи пур ақлу пур самара.
Шайхи кӯҳансол пир шуд, бо ҳоли хароб,
Мехост дигар муаллим кунад интихоб.
Ба ин мақсад чор талабааш кард ташриф,
Чорашон ҳам буданд арзандаи таъриф.
Ба дасти ҳар якашон дод корду парранда,
Гуфт шайх-«шарт дорам ба як кори арзанда
Паррандаро кушед, дур аз чашмони кас,
Касе набинад ҳатто нашавад гӯшрас».
Пагоҳ талабагон омаданд паси ҳамдигар,
Аз кушиши паррандагон оварданд хабар.
«Ман»-гуфт талабаи якӯм бо устуворӣ,
«Куштам паррандаро дар саҳрои холи».
Дуюм талаба гуфт, омада тозон,
«Таги кӯпрук куштам дами саҳари азон».
«Ман куштам ба хонаи торику вайрона»,
Гуфт сеюм талаба хурсанду шодона.
Дами саҳар бозгашт шуд чорум талаба,
Бо парранди зиндаю бе як «ғалаба».
Пурсид шайх-«паррандаро накушти чаро?
Иҷро накарди шарту хоҳиши маро!».
Гуфт талабаи чорум бо номусу ор,
«Наёфтам ҷое дур аз чашми Парвардигор».
Шайх ба кори ин талаба шуда қоил,
Оғӯш гирифт ӯро, шуда ба ӯ моъил.
Талабаи чорум, аз ҳамон рӯз ин ҷониб,
Ба ҷои шайх шуд устозу ва ҳам соҳиб.
Бидон эй Полина накун кори ноҷӯя,
Куҷое набоши, Худо туро мепоя!
16.12.2024
Полина Хаимова