
Дар сафари роҳи ҳаёту зиндагӣ, гоҳе одамизод бояд як дам истода, бар қафояш, яъне ба он роҳи гузаштааш нигарида, барои худаш хулоса барорад, ки ӯ дар натиҷаи сафараш ба воя расид ми, ё ин ки ба пастравиҳо дучор шуда монд? Дар урфият беҳуда намегӯянд, ки подшоҳон иваз мешаванду, замину замонаҳо ҳам дигаргун мешаванд. Ҳақиқатан ҳам, дар замонаҳою давраҳои қадиму пеш, масалан, дар ҷамоати яҳудиёни бухороӣ, расми гузаронидани тӯи арӯсу домод, ё ин ки чорабиниҳои мурдадорӣ, нисбат ба имрӯз, тамоман дигаргун буданд. Фарқияташон аз замин то осмон мебошанд, дӯстон.
Он расму ойинҳою анъанаҳои қадим, бешубҳа, ба дараҷаи ақлу шууру маорифу маданиятнокии худи яҳудиёни бухороии торику нохондаи он давраҳо такя мекарданду таалуқ доштанд. Барои ҳамин ҳам, моёнро он роҳбарони нохондаи ҷамоатамон, дар он давраҳо, маҷбур мекарданд, ки тамоми анъанаҳою расму оинҳои қадимаи тӯйдориро иҷро бикунем. Ин ҳам, ширинихӯрию астарбурон, қошчинону домоддаророн, садҳо мурғҳои барои тӯй харидагиро, мувофиқи қонунҳои Тӯро, кошерӣ кушта, онҳоро поку чок кардан, тӯи калон дар ҳавлию хонаи арӯс, тӯи калон дар хонаи домод бо аланга кардан. Ғайр аз он, тӯи калони шаби якшанбе, барои ҷавонон, шаботхотону чорабинии рӯзи шаботи пойтах, барои занони ҷамоату дигару дигарон буданд.
Имрӯз бошад, ба давраю замона хост, тарафҳои келину домод тӯи яккаву ягона дар рестарон мегузаронанду халос! Вай “Фармонҳои” он роҳбарони нохондаи ҷамоатамон чи шуданду чи монданд? Ҳар замонга бир замон.

Чорабиниҳои мурдадорӣ ҳам дар давраҳои пеш, ин ҳам як рӯзи сахту сиёҳ бар гардани ҳар як яҳудии бухороиамон буд. Ин ҳам, ҳар шаб, дар муддати ҳафтаи аввал, меҳмонони зиёдеро ва ҳам хорову барандаро таклиф кунонида, юшвоҳои калон гузаронидан. Ин ҳам, ҳар ҳафта дар мобайни 30 рӯзи аввал, шабҳою рӯзҳои шабот, ёрсайду юшво гузаронидан. Ва ҳам, дар айёми он шаботҳо, занҳоро ҷамъ кунонида, овозандозиҳо кардану рӯю синаю баданашонро сахт задан буд. Ин ҳам расму анъанаеро яҳудиёни торику нохондаи ҷамоатамон, бешубҳа, аз мусулмонон ба худашон қабул кунониданд. Ба забони русӣ ин анъанаю расми мусулмонон “самобичивание” номида мешавад, дӯстон. Ин расм тамоман азони мо нест. Ва ҳам, мувофиҳи қонунҳои Тӯро, яҳудиён бояд, баракс, аз тану ҷонашон бохабар бошанд, ки худи Худо моро аз тамоми халқҳою миллатҳои дунё интихоб намуд! Тану бадану ҷонамон ба худи Худо таалуқ доранд, дӯстон!
Ин ҳам, дар муддати соли дарози якӯми мурда, ҳар моҳ ёрсайду юшво кардан. Ва ҳам, куртакашону сӯкбуророн, дар охири соли якӯм юшвои калон додан ҳам буд, дӯстон. Дар муддати соли дарози якӯм, либосҳои азоӣ пӯшидан ҳам буд. Буданд, ҳатто, одамоне, ки аз куртаҳои азоӣ тамоман намебаромаданд, ки дар муддати он соли аввали мурда, мумкин ягон ҳамсоя ми, ё ин ки ягон кас аз хешу табор мурда монад, барои “иззату ҳурмати” мурдадорон, либосҳои азоӣ мепӯшиданд. Ишқилиб, аз нодонию нофаҳмии ҳалахаҳои Тӯро ва ҳам қоидаҳояш, он одамони торикамон “ҷон мекарданду марг (душманашон).”
Имрӯз бошад, мувофиқи қонуну қоидаҳои Тӯро ва ҳам замини муқаддаси Эрес Исроэл, фақат рӯзи якӯму, рӯзи ҳафтаю, рӯзи 30 ӯму ва ҳам соли якӯм юшво медиҳанду халос! Вай овозандозиҳою оташпарастию ҳархел девонагиҳои худро задану тика тика кардани бекораю беҳударо ягон кас имрӯз намекунад, ки ҳоҷати кардан ҳам нест?! Ҳақиқатан ҳам, худи давраҳои таърихӣ ба ҳамаамон чи кор карданро фармон медиҳанд! Дар давраҳои пеш ҳам, масалан, дар канесоҳо калимаҳои ивриту порошоҳои Тӯроро, гоҳе нодуруст маънидод мекарданд, ки забони ивритро намедонистанд.

Имрӯз бошад, масалан, худи худам, дар муддати солҳои зиёде дар газетаҳои дӯстдоштаамон маънидоди дурусти ҳар як ҳарфу калимаҳои Тӯроро медиҳам, ки имрӯз ҳамаамон дорои ин забони муқаддаси Тӯро мебошем. Дар давраҳои қадим, дар шабу рӯзҳои шаботҳо, масалан, одамон ба ошиёнаҳою этажҳои болои хонаҳои истиқоматиашону кассалхонаҳою дигар муасиссаҳо, фақат пиёда мебаромаданду мефуромаданд.
Имрӯз бошад, лифтҳою чароғҳои электрикию конденционерҳою дарҳои даромаду баромади электрикии кассалхонаҳою дигару дигарон хонаҳои шахсию муасиссаҳои давлатие, ки дар он рӯзҳои шаботҳо дар Эрес Исроэл доимо кор мекунанд, дар ҳамон шабу рӯзҳои шаббот, худашон ба худашон, бо тарзи автоматикӣ, дар вақти муаяне, ки одам ба соатҳои он воситаҳои техникӣ фармон медиҳад, даргиронида мешаванду ба кор медароянд. Одамон бошанд, бемалол, бо воситаи он техникаю электроника, мебароянду мефуроянд, дар кассалхонаҳо ми вай, ё ин ки дигар ҷойҳои зарурӣ, агар дарҳои дастӣ мекушодагӣ набошанд, бо воситаи он дарҳои автоматикӣ, бемалол медароянду мебароянд.

Ҳатто, дар канесоҳо, дар шабу рӯзҳои шаботу иду муъэдҳое, ки дар тобистони гарм, ё ин ки дар мавсими зимистони хунук, агар конденционерҳо, бо тарзи автоматикӣ дагиронида нашаванд, одамони омадагиҳо бесарамҷон мешаванд. Ҳамин тавр нест? Боз ҳам такрор мекунам, ки ҳамаи он процессҳои автоматикию электронии имрӯзаамон, дар асоси фармонҳои одамизод ба кор медароянд, дӯстон.
Барои ҳамин ҳам, ягон кас дигаронро имрӯз, барои дигаргун шудани замину замонаҳою пешравиҳои илмию техникии имрӯзаамону истифода бурдани онҳо, на бояд гап кунаду айбдор намояд, хонандагони азиз. Бозу боз ҳам моён, барои тамоми пешравиҳои имрӯзаамон, бояду шояд ба Худои яккаву ягонаи азизамон, рӯзу шаб ташаккурномаҳо бигӯем, дӯстон. Ҳақиқатан ҳам, худи давраҳою замонаҳои таърихӣ ба ҷамъияти одамон доимо фармон медиҳанд, ки он навгуниҳою навигариҳоро, бо миннатдорӣ ба номи Бузургвори олам, қабул намоянд. Шоду хуррам бошетон, дӯстон!
Рафоэл Бангиев, Израиль