(Баҳсу мубоҳиссаҳои интеллигенцияи ҷамоатамон, доир ба чӣ будани забони яҳудиёни бухороӣ, ҳадду каноре ҳам надоранд!

Хонандагони азиз, то чӣ қадаре, ки ман худамро дар Эрес Исроэл мешиносам, яҳудиёни маърифатпарварон, яъне интеллигенцияи ҷамоатамон, рӯзу шаб, бо воситаи забони русӣ, баҳсу мубоҳиссаҳо, доир ба аҳамияти муҳими забони модариамон, бурда меистанд. Мақолаҳою очеркҳои зиёди онҳо, доир ба ин масъала ҳам, фақат ба забони русӣ баромада меистанд. То ба кай, дӯстон? Сад афсӯс, ки ягонтаи он маърифатпарастони мақолаҳо менавиштагӣ ё баҳс мекардагӣ, ба забони ширини модариамон хеста, баромад карда наметавонад! Ба ҷои сад бор “шаф-шаф гуфтан, яке якбора шафтолу гӯем”, намешавад ми? Худораҳматӣ устодам Нериё Аминов доимо мегуфтанд, ки “Бо ҳазор бор ҳавло гуфтан, даҳанамон ширин намешавад!”.
Дар мақолаи мазкурам ман ҳаракат мекунам, ки ба шумо, дӯстон, каме дар бораи забонҳои яҳудиёни олам ва ҳам забонҳои ғайрияҳудиёни олам, фаҳмонам. Бояд донист, ки бо хоҳишу фармони Худо, аллакай, дар замонаҳои сохтани Мунори Баланди Бавлӣ, забонҳои одамон, яке якбора ҳархела гаштанду онҳо якдигарашонро намефаҳмидагӣ шуда мондаанд. Худо онҳоро, барои ниятҳои бадашон, нисбат ба Бузургвори олам, ҷазои сахт дод. Ин ҳам сабаб шуд, ки қисми он яҳудиён ба сӯи Испания рафта, забони испаниро нағз азхуд намуданд, вале мобайни худашон ба забони сохташудаи ладино муносибатҳо сохтанд. Қисми дигарашон ба сӯи мамлакатҳои арабҳо рафта, инчунин, бо забони муграби, дар мамлакатҳои Европаю Россия забони идиш, дар Кавказ бо забони ҷуҳурӣ, дар мамлакатҳои Эрону Хони Бухороӣ бошад, бо забони бухороӣ муомиллаҳою муносибатҳо сохтанд.
Ба гурӯҳи забонҳои ғайрияҳудӣ забонҳои англисию германию русию французию дигарон дохил мешаванд. Он забонҳои сохташудаи яҳудиён, бо диалектҳою лаҳҷаҳояшон, фақат ба яҳудиён таалуқ доранд, ки тамоми он забонҳо дар дохилашон калимаҳои Тӯрою ивритӣ ва ба дину диёнатамон наздикӣ доранд. Барои ҳамин ҳам, он забонҳои яҳудиёни олам ҳамаамонро ба якдигарамон пайванд месозанду бояду шояд бо воситаи ҳарфҳои ивритӣ навишта шаванд! Ин ҳам сабабе буд, ки яҳудиён дар тамоми мамлакатҳои бегона, дар маҳаллаҳои худашон, ба якдигар наздик зист мекунанду бо якдигарашон, бо воситаи он забонҳои сохташудаашон, муомиллаҳою муносибатҳо месохтанд, тамоми анъанаҳояшонро ҳам ба ҷо меоранд.
Бояд қайд кард, ки дар вақташ, дар асоси он забонҳои сохташудаи яҳудиёни олам, китобҳои зиёди бадеию омӯзии оригиналӣ, ба рӯшноӣ баромада буданд. Боиси муомиллаҳою муносибатҳои чандинсолаи яҳудиёни бухороӣ бо аҳолии форсу тоҷикзабон, бешубҳа, дар оянда забони хатнависии адабии моён форсӣ, бо истифодабарии ҳарфҳои кириллӣ, шуда монд. То имрӯз моён бо якдигарамон бо он диалекти забони сохташудаи худамон гап зада метавонем, вале дар вақти навиштани матнҳо, бояду шояд забони адабии форсиро истифода барем. Яҳудиёни бухороӣ калимаҳои форсию тоҷикиро нодурусту бемаъно аз даҳанашон мебароранд. Масалан, калимаи “ҷомшӣ” гуфтагӣ гап ҳам нест. Моён дар вақти навиштан, ин калимаро бояд “ҷомашӯӣ” нависем, дӯстон. Ё ин ки “ров, дасрӯ шӯй”. Ин калимаҳо ягон маъноеро ҳам надоранд. “ров, дасту рӯятро шӯй”- мегӯянд. Калимаи “гаҷум” ҳам ягон мазмуне надорад. “каҷдум”, яъне скорпион, мебошад. Масалан, тамоми матнҳои сурудҳои ганҷинаи шашмақом, ки онҳоро яҳудиёни бухороӣ аз ҳама беҳтар месароянд, на ба забону лаҳҷаи бухороӣ, балки ба забони тозаи форсию тоҷикӣ навишта шуда мебошад. Аҳамият диҳетон, дӯстон. Тамоми достонҳои эҷодкардаи нависандагони яҳудиёни давраҳои қадим ҳам, ба забони адабии форсӣ навишта шуда буданд. Вале қисми онҳо бо ҳарфҳои ивритӣ ҳам мебошанд.
Ҳоле, худи тоҷикон намефаҳманд, ки садҳо калимаҳои забони онҳо, дар асоси забони якӯминтарини олам, яъне, ивритӣ сохта шудаанд. Ман ба шумоён мисолҳо меорам: бозори қиёмат (олам каемет), қабру қабристон (кевер, бейт кварот), номус (нимус), коса (кос), қурбон (курбан), кафгир (каф яд вэ Ккаф регел), “ман моле надорам, ки закоти ту кунам!” (эйн ли ба ма лезакот отха), айнак (айн), қадам (леҳиткадем, кадима), шаш (шеш), таомҳо (таам, таим), танӯр (танур), мақом (макам), ароба (арбаа), рубоёт (рева шурот шел шир), шеър (шир), макон (маком), курса (курса), ярмолка (яър ё еръа, яъне Худотарсӣ, Малка, яъне худи Бузургвори оламро дар назар дорем) ва ҳоказо калимаҳо.
Моён, ки аз 70 сол зиёд дар СССРи гузашта зист мекардем, забони русиро, чун мисли яке аз забонҳои модариамон, хоҳу нохоҳ, ба худ қабул кардем. Имрӯз ҳам, насли наврасамонро қисми яҳудиёни бухороиамон ба мамлакатҳои Америкаю Австрияю Исроэл гирифта бурданд. Он насли наврасамон ҳам тамоми забонҳои хориҷии яҳудию ғайрияҳудиро ба худашон, чун мисли яке аз забонҳои модариашон, қабул карданд, дӯстон! Илоҷе нест! Он насли наврасамон ба ин кирдорашон маҷбур шуданд, ки он падару модаронашон розигиашонро нагирифта, бо хоҳиши худашон, он фарзандонашонро ба мамлакатҳои хориҷӣ гирифта бурданд. Ҳамин тавр нест, хонандагони азиз?
Ба ҳамаатон соғу саломатию пурдонию тозафикриро таманно дорам!
Рафоэл Бангиев, Тел-Кабир, Исроэл