Зи меҳнат нони беминнат барояд!
Зи меҳнат ганҷи пурқимат барояд!
Ба зимми ин тани солиму зебо,
Яқин аз ҳосили меҳнат барояд!

Ҳар пагоҳӣ, пас аз хоб бедор шудан, моён ба Худо шукр мегӯем, ки бозу боз ҳам моро ба ин дунё, бо дастону пойҳои равон, бо чашмони биною рӯи сурху забони гӯё, баргардонид! Моён ҳар як дақиқаю ҳар сония аз Бузургвори олам солимию бардамӣ маталабем, то ин ки ба дӯсту душман зор нашуда, худамон мустақилона аз ҷои хоб хеста, дасту рӯямонро мустақилона шуста, ба Худои азизамон барахо хонем.
Худамон мустақилона, бо воситаи пойҳои солими худамон хеста, ба ҳоҷатхона, яъне туалет, он маштини заруриямонро, бе душвориҳою мушкилотҳои тандурустӣ, карда, бозу боз ба Худо, барои расвоиҳои нодаркории тану баданамон баровардан, барахою шукрномаҳоямонро изҳору баён менамоем. Барои ҳамин ҳам, ягон барахои моён бесабабу бемаъно нест! Ҳамаи онон аломатҳои миннатдориамон ба Худо, боиси солиму бардаму мустақил будагиамон, мебошанд, дӯстон!
Мустақилона хӯроки пагоҳӣ мехӯрем, баъд аз он бошад, мустақилона сару либосу пойафзоламонро мепӯшему худамонро хушбахтарин инсон ҳис мекунем, ки ба ҳеҷ кас хору зору мӯҳтоҷу маҳтал нестем!
Ҳамин тавр нест? Пеш аз хона баромадан, моён бозу боз ба Худо муроҷиат карда, илтимосу илтиҷо мекунем, ки ба моён роҳи бехатар диҳад, аз шикасту кулфату дарду балою офатҳо ҳамаамонро дур гадонад ва ҳам барори кор диҳад! Аз давраҳои қадим ба оилаҳои одамон одат шуда мондааст, ки мардҳо аз пагоҳӣ ба кор, ё ин ки ба шикор, рафта, он ризқу рӯзии тамоми аҳли оилаашонро, бо файзу барахо ёфта, таъмин кунонанд. Ҳамин тавр нест?
Агар мард ба оилаи худаш дасту дилашро кушода, равобин бошад, Худо, бешубҳа, музди корашро дубораю себора зиёд карда, серию пурӣ, чун мисли мукофот, мегардонад! Албатта, меҳнат кардан ин ҳам кори осон нест.
Вале, аз он рӯзе, ки Одаму Ҳаво дар Биҳишти Ган Эден гуноҳ карданд, Худо ба онҳою тамоми халқи олам ҳукм баровард, ки фақат бо меҳнати худу арақи ҷабин, одамизод ба нону намак сазовор гашта метавонад!
Ин ҳам фармону хоҳиши Офарандаи Олам мебошад ва на хоҳиши яке аз моён! Меҳнат ин заҳмат, ранҷ ва машаққат аст. Агар меҳнат азобу ранҷ бошад, пас шараф ва ифтихор дар пушти он ниҳон аст!

“Ба кас дунё зи меҳнат бовафо аст!
Ва лекин нозу бекорӣ ҷафо аст!
Каси меҳнатқарину поквиҷдон,
Мудом хушбахту некӯному комрон!”

Инсон, то ки ба мақсаду дил расад, заҳмат мекашад. Осон нест, дӯстон! Инак, саволе пайдо мегардад: меҳнат метавонад ба инсон сарбаландӣ оварад? Ҳа, дӯстон, одам маҳз бо воситаи меҳнати ҷисмониву ақлониаш, аз қабили кишоварзӣ, чорводорӣ ба шоириву нависандагӣ, омӯзгорӣ, дӯхтурӣ, пазандагиву дӯзандагӣ ва ҳоказо, обрӯву эътибор пайдо намуда, дар ҷамъият сарбаланд мегардад! Ғайр аз ин, меҳнат инсонро тарбия намуда, омили асосии шарафмандии ҷавонон мегардад. Афроди танбалу коргурез бошад, на соҳиби касбу ҳунар асосу ва на соҳиби шараф! Сад афсӯс!

“Дидам писаре, ки дилрабоӣ мекард,
Аз давлати ҳусн подшоҳӣ мекард!
Як рӯзи дигар бидидам андар бозор,
Худ риш бароварда, гадоӣ мекард!”

Одами оқибатбину дурандеш дар зиндагӣ мақсад дораду аз болои худ кор мекунад. “Аз бекор Худо безор!” – шиори ӯст! Ҳар як касбу кор ба худ хос машаққат дорад. Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, аз меҳнат ор накарда, пеш равем! Ана он вақт мукофоташро хоҳем гирифт. Завқи ҳаёт дар меҳнат аст, дӯстон! Меҳнат бо баробари обрӯ касро соҳибкор ва соҳибдавлат мегардонад, ки он омили фароғат дар зиндагӣ мебошад.
Насли моёну фарзандонамон дар шаҳрҳои Осиёи Миёнаи СССРи гузашта, калон шуданду ба воя ҳам расиданд. Тарбияи моёну фарзандонамон дар он давру замонаҳо аз давраю замонаҳои имрӯзаи фарзандонӣ исроэлӣ, фарқияти куллие дорад. Падару бобоёнамон моро бо роҳи некукориҳою дасту дилкушоӣ, нисбат ба мардум, иззату ҳурмати ҳақиққӣ, нисбат ба падару модаронамону муаллимону омӯзгоронамон, бо роҳи ба якдигар, ҳатто, ба бегонаҳою ҳамсояҳоямон, фарқаш нест, гоҳе ёрии амалии беминнат расонидан, калон карданд, дӯстон.
Ҳатто, дар мактабҳои миёнаи СССРи гузашта моён, ба боғу ҳавлиҳои он мактабҳоямон ва ҳам ба кӯчаҳои ватани зодгоҳамон, ба тозагию зебоии он, нигоҳубин мекардем, ки ин ҳам қисми тарбияи бовиҷдону ватандӯстиамон буд, дӯстон. Моён қадрдон калон шудем! Ин қадрдониро ба фарзандҳою набераҳоямон ҳам омӯзонида меистем. Дар дарсҳои меҳнат моро дурез гарию оҳангарӣ меомӯзониданд, ки ҳар як лелаи марди ҳақиққӣ бояд соҳибҳунар бошад ва оилааш аз он меҳнату қобилиятҳои он марди хонавод бояд баҳровар гардад.
Мардони насли моёне, ки ба Эрес Исроэл аз СССРи гузашта кӯчида омаданд, ҳақиқатан ҳам, чуноне ки падару бобоёнамон мегуфтанд: “Даҳ лелаашон даҳ ҳунар!” мебошанд. Ба даргоҳи Худо ҳазорҳо маротиба шукр, ки ба моён қобилиятҳои бисёреро тақдим намуд. Бо дастони худамон, моён ҳаргуна кори хоҷагии хонаводамонро иҷро карда метавонем.
Ин ҳам овезонидани ҳаргуна люстраҳою чароғҳои ҳархеларо ба шифтҳою деворҳои хонаҳои бетонӣ мебошад. Ин ҳам ремонти майдаю сафед кардани деворҳою шифтҳои хонаҳоямон мебошад. Ин ҳам ҳаргуна корҳои майдаи электрикӣ, масалан иваз намудани разеткаҳою вилкаҳои асбобҳои электрикӣ ва ҳам ба даруни деворҳои хонаҳоямон мебошад. Ин ҳам иваз кардани чархҳои мошинаҳои шахсиамон ва ҳам якта-нимта деталҳои он мошинаҳоямон мебошад.
Ин ҳам бо дастони худамон шустану тоза кардани хонаҳои шахсиамон мебошад ва ҳоказо. Тамоми он корҳои болономбурда барои фоидаи маблағи ханаводу оилаамон, бешубҳа, мебошад, дӯстон.
Дар ҳар як хонаводҳои он мардонамон асбобҳои техникӣ, амбуру бӯлқа, арраю теша, дрели электрикию меху дюбелю шурупҳои ҳархела, калидҳои ҳархелаи сантехникӣ, троссҳои муаян барои тоза кунонидани канализацияи ханаи шахсиамон ва ҳоказо вуҷуде доранд.
Мардони исроэлии зиёде аз ӯҳдаи корҳои моён мекардагӣ баромада наметавонанд. Онҳо, барои ҳаргуна корҳои майдаю чуйда устодони мутахассисро ҷеғ мезананду ба онҳо пули калон медиҳанд, хонандагони азиз.
Моён бошем, бо дастони худамон тамоми он кирдорҳоро, бо хушу хурсандӣ, ба амал мерасонем! Бовар кунетон, дӯстон, ки тамоми он даҳта ҳунари дастону лелаҳои моён, яъне мардони ҳақиққии хонаводҳо, дар вақту замонаи ба Эрес Исроэл кӯчида омаданамон, ба ҳамаамон даркор шуданд, ки моён, аз ноилоҷӣ, дар давраи ибтидои абсорбцияамон, ба корҳои ғайрикасбӣ ҳам машғул будем.
Сад хайф, ки ҳазорҳо мардони боқуввату боғайрати ҷавони Исроэл, ба роҳи торику на он қадар фаҳмои дину диёнатамон рафта, худашон худашонро аз кайфу сафои меҳнат, ба манфиати оилаашону Эрес Исроэл, дур карданд. Дар Тӯро ҳам қайд карда шудаст: “Аз мо ҳаракату аз Худо баракат!”. Меҳнат кардан ба Тӯроомӯзӣ ҳеҷ вақт ҳалал расонида наметавонад, дӯстон! Ман фақат як оилаи харедимҳо, яъне оилаи ҷиҳани ҳамсарамонро, ки дар Амрико зист мекунанд, мисол меорам.
Шавҳари он оила ҳам ягон ҷо кор намекард. Вале дар рафти зиндагӣ, онҳо соҳибони фарзандҳо шуданду мушоҳида карданд, ки ягон кас парвои он фарзандонашон нест! Худи ҳамсараш он шавҳарашро илтимос кард, ки дар ошхонаи дотӣ “машгиях ал охел” шуда, кор кунад. Яъне, дар мавсими ошпазии коркунон тамоми он таомҳоро тафтиш кунад, то ин ки ҳамааш фақат кошерию поку покиза пазонида шавад.
Имрӯз бошад, ба номи Худо сад бор шукр, ин оила, нонашро ба равған тар карда, бо файзу барахою ҳаслохо зист карда истодааст, дӯстон! Соҳибони хонаю ҳавлӣ, мошину мебелҳои аҷоиб шуда монданд. Ҳатто, як рӯз худашонро аз Тӯроомӯзӣ дур накарданд! Илоҳо, Худо худаш ҳамаамонро тӯвфиқ диҳаду ба роҳи некукорию меҳнату инсонгарӣ наздик кунонад. Омен ва омен!

Рафоэл Бангиев, Исроэл