Бахшида ба бистсолагии барпошавии театри “Ханда-Ханда”-и бародарон Хай ва Ронен Довидовҳо

Таърихи барпошавию равнақу ривоҷу тараққиёти санъати театршиносии яҳудиёни бухороӣ, ҳам дар Эрес Исроэл ва ҳам дар Амрико, дуру дароз мебошад. Бо хоҳишу фармони Бузургвори Олам, фақат дар аввали солҳои навадӯми асри бистӯми гузашта, аз тамоми шаҳрҳои Осиёи Миёнаи
СССРи гузашта, табақаҳои баланду маърифатноку маданиятноки ҷамоати яҳудиёни бухороӣ, ба Эрес Исроэлу Амрико, Австрияю Германияю дигару дигарон манзилҳои тараққиёфтаи олам кӯчида рафтанд, дӯстон.
Дар мобайни онҳо одамони хондаю маълумотнок, яъне олимону инженерон, профессорону дӯхтурҳо, омӯзгорону бастакорон, мусиқашиносону нависандагон буданд.
Аллакай, дар он давраю замонаҳо, боиси ташаббусу хизматҳои шоёни Худораҳматӣ Рафоэл Толмасов ва сонитар Борис Наматиев, дар Эрес Исроэл театри якӯминтарини мусиқавию драммавии яҳудиёни бухороӣ кушода шуду амал кард. Дар он давраҳоя худаш бошад, дар Амрикои аз чашм дуру ба дил наздик ҳам, боиси ташаббусу хизматҳои шоистаи Борису Тамара Катаевҳо, ин гуна театри яҳудиёни бухороӣ барқарор шуда монд. Ҳардуи он театрҳо, боиси хизматҳои касбии режессёрону ба саҳна гузорандагон, мавзӯҳои таърихию адабӣ, фоҷиавию дину диёнатамон, ба саҳнаҳо гузоштанд.
Бояд қайд кард, ки фаъолияти, масалан, театри яҳудиёни бухороии Борис Наматиев, дар асоси маблағи Лев Леваев бардошта шуду пешравиҳо дид. Баъд аз ба итмом расидани фаъоляти амалии он театр, театрҳои худфаъолиятии бадеию фолклорию ҳаҷвӣ, кушода шуданд.
Он театрҳо фақат дар асоси даромадҳои майдаи худашон фаъолияташонро бурда истодаанд. Яке аз театрҳои навбаромади яҳудиёни бухороии Эрес Исроэл, ин ҳам театри мазҳакавию мазқарабозии “Ханда-Ханда”, ки онро бародарони боистеъдоду бомаҳорат Хай ва Ронен Довидовҳо барпо доданд, ба вуҷуд омад. Ин театр дар соли 2005 барқарор шуда монд.
Аз таҳкурсии санъати театршиносӣ моён нағз медонем, ки тамоми ин соҳаи санъат дар асоси санъати театрҳои мазҳакавию мазқарабизӣ, дар тамоми гӯшаву канорҳои олам, ба вуҷуд омада буд, дӯстон.
Мана ҳамин далели таърихиро таҳкусӣ намуда, бародарон Довидовҳо он театрашонро барпо доданд. Ин ҳам яке аз жанрҳои асоснокии театр мебошад. Сад офарин ба онҳо! Барпо додани театри Хай ва Ронен Довидовҳо ба ҷамоатамон боз як саҳифаи рангорангу аҷоиби олами санъатро кушода, пешниҳод намуд. Аз он шабу рӯзҳои аввалини фаъолияташон, он бародарон ҳаёти ҳаррӯзаи аъзоёни ҷамоатамонро, бо табиату миҷозу забону кирдорҳояшон, нағз омӯхта, ба саҳнаҳои олам бардотанду дастраси ҳамаамон намуданд.
Хай ва Ронен Довидовҳо, фаъолияти театравиашонро ҳам дар олами театри “Ханда-Ханда” ва ҳам дар олами киноиндустрияи Эрес Исроэл оварда расониданд. “Эйфо ата хай?”.


Бо ин номи аҷоиб кинофилми якӯмини ин бародарон ба рӯшноӣ баромад. Вале, ин бародарон, рӯз то рӯз худомӯзӣ карда ва ҳам мактабҳои олии театршиносии Исроэлро хатм намуда, имрӯз ба қуллаҳои баланд он театрашонро оварда расониданд. Ҳар як баромади театри он бародарон дар саҳнаҳои олам, тамоми мардумамонро ба хандаю шукуфон, ба хурсандию димоғчоқию баҳроварӣ оварда меисанд.
15-ӯми феврали соли 2025, масалан, дар шаҳри Нью-Йорк, дар золи консертии Квинс Театр, спектакли нави ин бародарон, бо номи “Комедианты”, яъне “Мазқарабозон”, бо муваффақиятҳои бепоён, қарсакҳои обдору дастаҳои бешумори гулҳо, шуда гузашт. Ин спектаклро он бародарон, дар асоси пиесаи драматурги номдори Амрико Марвин Нил Саймон “Писапрбачагони офтобин”, ки онро худи муаллиф дар соли 1972 эҷод намуда буд, ба вуҷуд оварданд. Вале, Хай ва Ронен Довидовҳо, тамоми воқеаҳою ҳодисаҳои он пиесаро, дар асоси урфу одату анъанаҳою менталитети яҳудиёни бухороӣ ва алалхусус, дар асоси фаъолияти театри худашон, мубаддал кунонида, ба тамошобинон намоён карданд, дӯстон.
Актёрони бомаҳорату боистеъдод Хай ва Ронен Довидовҳо, дар айёми рафти спектаклҳояшон, якчанд забонҳоро истефода бурда, боиси ин услуби хандаовар, ҳам мардумро ба ханда меоранд ва ҳам ба тамоми тамошобинони гуногунзабон мазмуну аҳамияти он пиесаашонро мефаҳмонанд, хонандагони азиз. Дар жанри мазҳака ин услубро, бешубҳа, истифода бурдан мумкин мебошад.
Бояд қайд кард, ки дар Амрикою дигар регионҳои олам машҳур гаштану пешравию сазоворгардии ин театри мазкур, албатта, боиси хизматҳои шоистаю шоёни инсони пурдону равобин, мусиқшиноси номию ҷамоатчии бузург, сармуҳаррири газетаи “The Bukharian Times”, продюссеру асосгузор, мулло Рафоэл Некталов мебошад. Сад офарин ба ин инсони олиқадр, дӯстон!
Ба бародарон Хай, Ронен Довидовҳо ва ҳам ба асосгузору сардору сарварашон, мулло Рафоэл Некталов, солимию бардамӣ, умри дарозу ризқи фаровон ва ҳам ба корҳои ояндаашон муваффақиятҳои бепоёнро таманно дорам! Омен ва омен!