“Таасу рацони вэ Ани Адонай!”

Авроҳом-Овену дар муддати солҳои зиёде хизматҳои шоёну шоистаи Бузургвори оламро карда истода, рӯзе аз Худои азизамон мепурсад: “Эй, Парвардигору Офаридгори олам, чӣ хизмате, ки Ту ба ман фармудию аз ман талаб кардӣ, аз самими қалбу ҷонам ман иҷро намудам. Худамро аз падару модару авлоду аҷдодам ҷудо кардам. Аз хонаю манзили зодгоҳам решакан намудам. Худатро, эй Адӯной, шинохтам ва ба Худат ихлос бастам. О наход ки то ҳануз ман сазовори он писари Исҳоқ, ки Худат ба ман ӯро ваъда дода будӣ, нагаштам, Худоё?”
“Эй, Авроҳом, оё ба ту маълум мебошад, ки ҳар ҳарфи он калимаи “Исҳоқ”, яъне писари ояндаат, ин ҳам ремез, яъне имову ишорате мебошанд, ки бахту қисмати ояндаи худату тамоми халқатро фош карда медиҳанд? Агар ту ба ин қисмате, ки Ман барои ту пешниҳод намудам, розӣ бошӣ, ҳозира худаш ба ту ҳамаашро фош карда медиҳам, эй Авроҳом! Калимаи “Исҳоқ”, ба забони ивритӣ, аз ҳарфҳои “Йӯд” (10), “Цадик” (90), “Хэт” (8) ва ҳам “Куф” (100) иборат мебошад. Ҳақиқатан ҳам, ҳарфи “Йӯд”, баробари 10 буда, ба ту фош мекунад, ки Ман туро аз 10 санҷишҳои ҷудо ҳам мурракабу сахт мегузаронам, то ин ки ихлосату бовариат ба Ман боқувват будагиаш, исбот шавад. Ҳарфи ивритии “Цадик”, баробари 90 буда, ба ту ишора медиҳад, ки ҳамсарат Соро дар синни 90 даромада, он писаратонро мезояд! Ҳарфи ивритии “Хэт”, баробари 8 буда, ба ту фош мекунад, ки дар рӯзи 8-ӯми ин чақалоқ, ту бояд ин писарчаатро брит-мило карда, ба Ман наздик кунонӣ! Ҳарфи ивритии “Куф” бошад, ба ту гуфта медиҳад, ки ту, Авроҳом, болишти мисвои ин писаратро фақат дар синни 100-солагиат ба дастат мегирӣ!”
Ҳақиқатан ҳам, аз он рӯз сар карда, тамоми яҳудиён, дар рӯзи 8-ӯми таваллуд шудани писарҳояшон, онҳоро, бо воситаи брит-мило, ба Худо наздик мекунанду таалуқ ҳам мекунонанд, дӯстон! “Мана акнун Шумоён, ҳақиқатан ҳам, яҳудиёни мукаммал мебошетон!” – гуфт ба ин гап Худо. Ин ҳам сабабе мебошад, ки яҳудиён ин мисвои якӯминтарини Худофармударо аз насл ба насл гузаронида, бо шодию хурсандиҳо давом медиҳанд. Бузургвори олам ба мо фармон дод, ки ин мисворо яҳудиён бо дастони худашон кунанд ва он тану баданашонро ба дараҷаи мукаммал худашон расонанд, дӯстон!
Бояд донист, ки ин мисвои якӯминтарине, ки моён, мувофиқи хоҳишу фармони Худо, ба ҷо меорем, ҳамаамонро ба худи Бузургвори олам абадӣ пайванд мекунонад. Мазмуни асосии калимаи ивритии “Брит” ин ҳам “Иттифоқ”мобайни яҳудиёну худи Худо мебошад, хонандагони азиз. Маънои бузургу чуқури ин мисворо он чақалоқҳои ҳаштрӯзаамон, ҳатто, намедонанд. Ва лекин, дар оянда бошад, худи он писаронамон, калон шудаю ба воя ҳам расида, тамоми мисвоҳои мондагии Худофармударо, худашон ба ҷо меоранд. Аҳамият диҳетон, дӯстон, ки тамоми мисвоҳоро, ғайр аз мисвои брит-мило, яҳудиён аз тану баданашон дур истодаю ҷудо истода, иҷро мекунанд. Фақат он мисвои брит мило ба тану бадани яҳудиён дахл дорад.
Рӯзе Шаламӯ Ҳамелех, ба миқво даромада, оббозӣ мекунад. Ба кайфу сафои оби форам баҳровар гашта, ин подшоҳ вақти бисёрашро сарф мекунонад. Ба ногаҳон, ба худ омада, Шаламӯ Ҳамелех афсӯс мехӯрад, ки аз иҷро намудани тамоми дигару дигарон мисвоҳо, барои оббозӣ шуда, худашро дур кунонид. Вале, сонитар, худаш ба худаш, ин инсони пурдону оқил гуфт: “Чаро ман хавотир шуда истодаам? О мисвои решавию асосии брит-милоро ман бо тану бадани лублуч қабул карда будам ку?”
Бояд донист, ҳамдиёрони азизу ба ҷону дил баробар, ки тамоми мисвоҳоро ва, алалхусус брит-милоро, яҳудиён шодикунон қабул менамоянд. Барои ҳамин ҳам, онҳо “Сеъудат Ҳавраа”, яъне мисвосеъудо, бо хушу хурсандиҳою меҳмоннавозиҳою мусиқию дойраҳою карнайҳо, мегузаронанд. Як далели муҳимро бояд гуфт, ки агар, маводо, барои сандоқгирӣ, ягон инсони лоиқанда ёфт нашавад, худи падари он писарбача, сазовори он сандоқгирӣ шуда метавонад. Ин ҳам мувофиқи ҳалохою қонуну қоидаҳои Тӯро мебошад, дӯстон! Яъне, худи он падар, дар айёми маросими брит-мило, почаҳои он писарчаашро дуруст нигоҳ дашта, ба моъл ёрии амалии худашро мерасонад! Ин ҳам сазоворгардию шарофмандӣ мебошад!
Дар охири мақола бояд қайд кард, ки ба забони ивритӣ доимо мегӯянд: “Асита брит, асита ҳакол!”, яъне мисвои брит-милоро ба ҷо овардӣ, яъне тамоми мисвоҳоро иҷро намудӣ!” “Дарахт бе шамол намеҷумбад!” – мегӯянд. Калимаи ивритии “Брит-мило” аз ҳарфҳои “бэт” (2), “рейш” (200), “йӯд” (10) ва ҳам “тав” (400) иборат буда, ҷамъ миқдори 612 ба моён медиҳад. Агар миқдори 612 бо 1 мисвои Худофармудаи “Брит-мило” пайваст кунем, он фармоиши Бузургвори оламро ба ҷо меорем: “Таръяг Мицвот”, яъне 613 мисвоҳо.
Илоҳо, Худои азизамон, он мисвоҳои яҳудиёнро ба инобат гирифта, аз гуноҳҳои ҳамаамон гузарад ва бозу боз бо нигоҳи некаш моро сазовори ғалабаю пешравиҳо намояд. Омен ва омен!
Рафоэл Бангиев, Исроэл