Хонандагони азизу мӯътабар, ба додҳои Бузургвори олам қоил нашудагӣ инсоне нест! Ин ҳам сабабе мебошад, ки моён рӯзу шаб ба даргоҳи Худо шукрномаҳои худамонро изҳору баён карда меисем! Ба наздикӣ, Худо хоҳад, яҳудиёни бухороии тамоми ҷаҳон, сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳам Исроэли ба ҷону диламон баробар, ҷашни фирӯзи шастсолагии инсони олиқадр, мӯтриби мӯъҷизаофари асбобҳои мусиқавии кларнету саксофон, тору рубоб, ғиҷаку тамбӯр, фортепианаю синтезатор, булбули ҷаннатмонанду хушовози сурудҳои ганҷинаи шашмақом ва ҳам тамоми халқҳою миллатҳои ҷаҳон, пурдону фозилу соҳибсухан, дӯсти ҷониам, Алберт Норкалаевро, идонаю тантанавор пешвоз мегиранд.

“Биё, ки маҷлиси хубони
бовафо инҷост,
Суруди мутриби риндони
хушнаво инҷост!
Ҷамоли шоҳиди маънӣ зи шиша,
карда тулӯъ,
Шаробу соғару соқии
махлиқо инҷост!”

Пеш аз сар кардани мақолаам дар васфи ин ҷавҳари камёби миллатамон, яъне Албертҷон, ман бояду шояд каме дар бораи таҳкурсию решаю замини баланду бообрӯи ин меваи боғи ҷаннатии падару модараш, яъне мулло Мӯшею хонума Раяхон Норкалаевҳо, гуфта гузарам. Муаллиму омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон, яке аз инсонони номдору бообрӯи шаҳри Душанбе мулло Мӯше Норкалаев, инсони некхоҳу некукору равобин, яке аз сардорони канесои шаҳри Душанбе, аъзои ҳайати фаъоли он буда, маслиҳатчии тамоми насли наврас, ва алалхусус моён, инсони боистеъдоду бомаҳорат буданд. “Себ аз пеши дарахташ дур намеафтад!” — мегӯянд.
Ҳақиқатан ҳам, решаю таҳкурсии Алберт Норкалаев ҷудо ҳам поку нек мебошад. Ҳардуи писарони мулло Мӯшею хонума Раяхон, яъне Ромаи мӯтриби бомаҳорату боистеъдод ва ҳам Алберти яккачину камтарин буда, олами мусиқавии Тоҷикистону Ӯзбекистону Амрикою Исроэлу Австрияро ба қуллаҳои олитарини тараққиёташ оварда расониданд. Ҳардуи он шоҳзодагони мусиқиро ман шахсан аз солҳои бачагиашон мешиносаму муписандаму дӯст медорам!
Номи неку кирдорҳои инсонгарии Алберт Норкалаев имрӯз ба тамоми олам машҳуру баланду дастраси халқҳою миллатҳо мебошанд. Дар ҷамоати яҳудиёни бухороӣ як анъанаи аҷоибе ҷой дорад. Одам, боиси некхоҳию некукориҳо, меҳнати шоёну шоиста, ба манфиати оилаашу тамоми халқ, ба унвони олии ИНСОН сазовор мегардад! Номи неки Алберт Норкалаеви некукору хизматгори неку намунавии оилаашу ҷамоатамону тамоми халқҳои олам машҳур гашту эътибору эътирофи умумӣ мубаддал гашта монд, дӯстон! Дар идораҳои болонишини Тоҷикистону вазоратҳои он, омадани Алберт Норкалаевро ба шаҳри Душанбе идонаю фирӯзона пешвоз мегиранд. Албертҷон дар онҷо доимо меҳмони олиқадру арзандаю писандидаю шинохташуда мебошад!

“Хоҳи ки ҳамеша шоду
хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо ки равӣ,
азизи мардумон бошӣ,
Такрор куну амал куну илм омӯз,
То тоҷи сари ҷумлаи
мардумон бошӣ!”

Алберт Нарколлаев, ҳақиқатан ҳам, сазовори он сетта мукофотҳои Худодод, яъне инсонгарию, равобинию истеъдод, гашта истодааст, чунки нияту роҳи ҳаёту эҷодиёташ ҳалолу неку пок мебошад. Ӯ пайравону шогирдони бешуморе, аз ҳисоби яҳудиёни бухороии тамоми олам ва ҳам тоҷикону ӯзбекон, дорад. Ҳар яке аз он шогирдону пайравонаш, барои ин хизматҳои устодашон, миннатдору сарфарозе мебошанд.

“Чун теша ба сӯи худ доим
матарош,
Чун ранда ба сӯи ғайр
пошида мабош!
Таълим зи арра бигир дар
илми маош:
Гаҳ сӯи худ каш, гаҳ сӯи
дигарон пош!”

Ман шахсан фахр мекунам, ки падарону модарони ману Албертҷон дар шаҳри Душанбе ҳамшаҳру дӯстони беғаразу ҷонӣ буданд ва, бо хоҳишу фармони Худо, ман ҳам, дар муддати солҳои зиёде бо Алберт Норкалаев, писари камтаринашон, чун мисли дӯстону бародарони ҷонӣ мебошем. Барои ҳамин ҳам ман, ба Алберт Норкалаев, ин инсони олиқадру некхоҳи ҷамоатамон, аз самим қалбу ҷонам солимию бардамӣ, умри дарозу ризқи фаровон, сарбаландию хонаободӣ ва ба эҷодияти ояндааш пешравиҳо орзу мекунам!
Омен ва омен!

Рафоэл Бангиев, Исроэл