Бузургвори олам, дунёамонро офарида, ба одамизод фармон дод, ки ин ҷаҳони офаридаашро бо воситаии фикру дастони бунёдкорию эҷодкориаш ободу мунаввар гардонад. Барои ҳамин ҳам ба одамизод шууру ақлу илҳому қобилияту тавоноӣ тақдим намуд, то ин ки боиси меҳнати мӯъҷизаофари худаш, пешравиҳои зиёдеро ба даст оварда, дунёамонро мукаммал бигардонад. Аз ин сабаб, Худо ба одамизод вазифаи муҳимтарини оламамон, яъне вазифаи боғбонии тамоми соҳаҳои ҷаҳонамонро, супорид.
Боғҳои гулҳои базебу хушбӯи ҷаннатии бӯстону гулистоне, ки одамизод бо дастони худаш парварид, гулҳои боғи санъату маданият, гулҳои арзандаи падару модару бовою бивиҳо, яъне фарзандону набераҳою абераҳояшон, гулҳои боғи устодону муаллимон, яъне шогирдонашон, гулҳои арзандаи боғи меҳнати шоёнашон, яъне натиҷаҳою ҳосили фаровони бардоштаашон. Хуллас, гулҳои боғбони бебаҳои эҷодкору боистедоди мусиқаю рассомӣ ваҳоказо шуда метавонад.

“Зи боғе, ки пешинагон коштанд,
Пасояндагон мева бардоштананд.
Чу кишта шуд аз баҳри мо чанд чиз,
Зи баҳра касон мо бикорем низ.
Чу дар кишту кори ҷаҳон бингаред,
Ҳама деҳ кашоварзи якдигарем!”

Қариб си соле ман дар тамоми газетаҳою журналҳои ҷамоати яҳудиёни бухороии тамоми ҷаҳон мақоланависӣ мекунам. Мавзӯҳои фалсафаю психологияи аъзоёни ҷамоатамону хоҳишу талаботҳои он, мавзӯҳои назму насру таъриху инсоншиносӣ, мавзӯҳои маданияту фарҳангу санъати мусиқаю бастакорию оҳангсозию раққосагӣ, дар васфи инсонони арзандаю шоистаю писандидаю шинохташудаи ҷамоатамон ваҳоказо ман менависаму ба рӯшноӣ мебарорам. Дар мақолаи мазкур бошад хоҳише дорам дар бораи инсони пурдону сархам, қадрдону боистеъдод, дӯстдори ҷамоати яҳудиёни бухороию тамоми халқҳои Осиёи Миёнаю Исроэлу Амрико, яъне мӯтриби мӯъҷизаофар Роман Нарколаев, каме гуфта гузарам, хонандагони азиз.

“Соқиё, ҳамчун гули раъно дар айёми баҳор,
Ҷоми зар аз бодаи гулгун даме холӣ мадор.
Ҳаст дуде з-оташи сӯзанда қад афрохта,
Бе ниҳоли қоматат сарви сиҳӣ дар лолазор!”

Роман Нарколаев ҳам, чун мисли бародари подшоҳзебу бомаҳораташ Алберт Наркаллаев, дар оилаи падару модари камтарину бообрӯи ҷамоатамон Мӯшею Раяхон Нарколаевҳо таваллуд шуд. Ҳақиқатан ҳам, худи атмосфераи гарми оилавӣ, сурудхониҳои падару модарашон, ҳарду ин йигитҳоро, яъне ҳам Романро ва ҳам Албертро, ба худ мекашиданду дилдода намуданд. Аз он солҳои хурдсолиаш Роман Нарколаев дар мактаби мусиқӣ мехонд ва ҳам бо услубҳою сиру асрорҳои оҳангнавозӣ ба як асбоби мусиқӣ не, балки ба тамоми асбобҳои вуҷудбудаи Тоҷикистон, шинос мешуду қобилиятҳои бениҳоят бебаҳоеро соҳибаш мешуд.

“Сабо, зи манзили ҷонон гузар дареғ мадор,
В-аз ӯ ба ошиқи мискин хабар дареғ мадор.
Ба шукри он ки шукуфӣ ба коми бахт, эй гул,
Насими васл зи мрғи саҳар дареғ мадор!”

Аллакай дар он солҳои ҳаштодӯми асри бисти гузашта Роман Нарколаеви сархаму пурдон аккордеоннавоз ва каме сонитар, синтезаторнавози беҳамто шуда, бо ҳофизони номдори республика ва алалхусус ҷамоати яҳудиёни бухороӣ, дар тамоми шабнишинҳои тӯю тамошою баромадҳои консертӣ хизмати шоёну шоиста мекард.
Набуд шабе, ки ин йигити бомаҳорату боистеъдод дар ягон тӯй ми ё консерт, баромад намекард. Оҳиста-оҳиста, Роман Нарколаев, ба ғиҷҷакнавозӣ ҳам гузашт. Дар ин соҳаи мурракаби мусиқа ҳар як мӯтриб сазовори оҳангнавозиши беҳамто шуда наметавонист. Вале Романи боистеъдод бошад, дар ин асбоби мукаммали миллӣ ҳам яке аз устодони боистеъдоду маъруф шуда монд.
Мувофиқи талабу хоҳиши тамоми ҳофизони комитети радиошунавонии Тоҷикистон ва ҳам баъд аз хатм намудани факултети оҳангшиносии шарқии институти санъати шаҳри Душанбе, Роман Нарколаев вазифаи роҳбари мусиқии дастаи навозандагони оҳангҳои Шашмақоми он идораи давлатии Тоҷикистонро ба зиммаи худаш гирифт! Ин вазифаи ҷудо ҳам душвор буд, дӯстон.
Албатта, дар он замонаҳо моён ғиҷҷакнавозони номдори Душанбе мулло Ёсеф Довидов, Уриэл Толмасов, Юра Гавриэлов, Борис Мамонову дигаронро ҳам нағз мешинохтему мӯхлисашон будем. Вале, ҳама чизро мувофиқи муқоиса меомӯзанд, мегӯянд. Бояд гуфт, ки асбоби мусиқии тории камончадор, ки дар Осиёи Миёна ва Эрону Афғонистон маъмул аст, ин ҳам ғиҷҷак мебошад. Ғиҷҷак аз давраҳои қадим дар байни халқҳои Шарқ бо номҳои гуногун маълум буд. Онро тоҷикон ғиҷҷак, озариҳову арманиҳо камонча, афғониҳо дилрабо, ҳиндуҳо сиринча меноманд. Соли 1938 дар шаҳри Душанбе оркестри созҳои халқӣ ташкил ёфт ва ғиҷҷакро чортора карданд, ки онро фосилаи квинта ҷӯр мешавад.
Торҳо чунин ном доранд: тори якӯм “ми”-и октаваи дуюм, тори дуюм “ля” октаваи дуюм, тори сеюм “ре” октаваи якӯм ва тори чорӯм “сол” октаваи хурд. Бояд қайд кард, ки ғиҷҷак, нисбат ба тору рубобу дигар асбобҳои торӣ, пардаҳои муаян надорад. Ин ҳам сабаби асосӣ мебошад, ки на тамоми мӯтрибон дар ин асбоб давушҳои тоза бароварда, оҳангнавозӣ карда метавонанд, дӯстон.

“Зиҳӣ, фузуда ҷамоли зулфи ту зебу ороро,
Шикаста сунбули зулфи ту мушки Сороро!”

Роман Нарколаев дар ин соҳа ба пешравиҳои зиёде сазоворе гвшт. Ӯ устодона оҳангҳои “Муғулчаи Дугоҳ”, “Насруллоӣ”, “Ушшоқи Калон”, “Савти Сарвиноз”, “Нимчӯпонӣ”, “Ироқи Бухоро” ва дигару дигиарон оҳангҳои ганҷинаи ибебаҳои Шашмақомро, боиси асбоби ғиҷҷак иҷро мекунад. Ба Роман Нарколаев соғу саломатӣ, бедардию беғамӣ, сарбаландию хонаободӣ ва ба корҳои эҷодиаш муваффақиятҳои бепоёнро таманно дорам!

Рафоэл Бангиев, Исроэл