-Муқоиса-

Дӯстони азиз, театр-яке аз намудҳои санъат мебошад, ки дар он ҳисётҳою эҳсосотҳо, андешаҳою фикру муллоҳизаҳои муаллиф ба тамошобинон, бо воситаи нақш бозидани актёрону ҳунарпешагон, дода мешавад. Аз таърихи санъатшиносӣ ба моён маълум мебошад, ки аслан театр дар мамлакати Юнон (Греция) тавлид шудааст. Жанрҳои асосии ин намуди санъати театрӣ, ин ҳам фоҷеа, яъне трагедия, мазҳака, яъне комедия, ва драмаҳои ҷиддию ҳаҷвӣ мебошанд, дӯстон. Сонитар театрҳо дар як қатор кишварҳои олам, яъне Шарқи Наздику Хитой, Ҳиндустону Япония, Индонезияю Тоҷикистону Ӯзбекистону дигару дигарон манзилҳо пайдо шудаанд.

Масалан, дар як Тоҷикистон 16 театрҳои касбию 26 театрҳои халқӣ фаъолият мекунанд. Театри давлатию академии драмавӣ ба номи А. Лоҳутӣ, театри давлатии академии опера ва балет ба номи С. Айнӣ, театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов ва дигару дигарон вуҷуд доранд. Аз фанни санъатшиносӣ мо нағз медонем, ки намудҳои муаяни театрҳо вуҷуд ҳам доранд. Ин ҳам, театрҳои драмавию опера, мюзиклу балет, пантомимаю оперетта, театри сояҳо, яъне “театр теней” ва театри ҳайвонот, пародияю театри актёри яккаву ягона, яъне театр одного актёра, театри кӯчагию театри эстрада, театри шарқу Африка, театри Европаю театри яҳудиёни бухороӣ. Дар солҳои баъд аз инқилоби октябри соли 1917 ва то солҳои сиюми асри бистум, дар заминҳои республикаҳои Тоҷикистону Ӯзбекиистони имрӯза, якчанд театрҳои яҳудиёни бухороӣ вуҷуд доштанд. Ин ҳам аз он сабабе буд, ки дар он солҳоя худаш, дар он кишварҳо мактабҳои яҳудиёни бухороӣ фаъолияти худашонро бемалол мебурдаанд. Тамоми дарсҳо дар он мактабҳо бо забони яҳудиёни бухороӣ бурда мешудаанд. Тамоми спектаклҳои театри онҳо ҳам, фақат ба забони (лаҳҷаи) яҳудиёни бухороӣ гузаронида мешуданд. Баъд аз он солҳои таърихии сиюми асри бистум бошад, тамоми он мактабҳою театрҳои яҳудиёни бухороиамонро, бо сабаби “ремонту намудани онҳо”, идораҳои СССР махкам карданд.

Чӣ нону насиба будаст, ки аз солҳои навадӯми асри бистӯм сар карда, дар Эрес Исроэлу Амрико санъати театри яҳудиёни бухороӣ ба давраи Ренессанс, яъне азнав пайдошавию тараққиёташон, пой гузоштаанд. Бо ташаббусу ҳаракатҳои Рафоэл Толмасову ва каме бадтар Борис Наматиев, театри драмавию мусиқии яҳудиёни бухороӣ дар Эрес Исроэл барқарор шуд. Бо роҳбарию омӯзгории ин устодони номию ботаҷрибаи ҷамоатамон, шахсони маърифатпарвару нависандагону шоирон, инсонони боистеъдоду мӯтрибон, дарсҳои касбии нутқу ҳаракатҳои саҳнавиро аз Борис Наматиев гирифта, сазовори номи актёр шуда монданд.

 Ба туфайлу шарофати ин театр ва мавзӯҳҳои бардоштаи он, ҷамоатамон сазовори спектаклҳо аз ҳаёту саргузашти падарону модарони таърихиамон аз Тӯрою ТаНаХ, шинос шуда монд. Бешубҳа, бо ёрдампулии инсони равобин Леви Леваев, ин театр пешравиҳо дид. Вале, сад афсӯс, ки тамоми воқеаҳои дунёамон аввалу охир доранд, хонандагони азиз. Дар он шабу рӯзҳо дар Амрикои дуру ба диламон наздик ҳам, театри “Возрождение”, яъне Ренессанс,  барқарор шуд. Театри драмавию мусиқӣ бо роҳбарии бевоситаи режиссёри номӣ Борис ва ҳамсарашон, ҳофизаю актрисаи машҳур Тамара Катаевҳо ҳам барпо гашт. Бояд қайд кард, ки забони яккаву ягонаи саҳнавии ин театр ҳам-бухороӣ буд ва шаъни он театри Амрико аз театри Исроэл ягон фарқе ҳам надошт!  Имрӯз бошад, шукр ба номи Худо,  театри сатираю мазҳакаю масқарабозӣ “Ханда-Ханда”, бо роҳбарии Хай ва Ронен Довидовҳо, театри фолклории яҳудиёни бухороӣ “Роҳати ҷон”, бо роҳбарии Шимон Пӯлотов, театри Люба Пилосова дар Амрико ва театри ташкилоти “Муза” фаъолияташонро мебаранд.

Мана акнун моён бояду шояд он театрҳои вуҷудбудаамонро якта-якта дидаю мушоҳидаю анализи касбӣ намоем, дӯстон. Бозу боз такрор мекунам, ки актёрони театрҳои драмавию мусиқавии Борис Наматиев ва ҳам Борису Тамара Катаевҳо, дарсҳои касбии нутқу ҳаракатҳои саҳнавӣ ва ҳам ба симои қаҳрамонони спектаклҳо таърихӣ мубаддал гаштанро аз ин устодон қабул намуда, драмаҳои ҷиддию таърихӣ аз мавзӯҳои Тӯрою ТаНаХ гирифта шударо, ба дараҷаи олӣ ба саҳнаҳо, фақат боиси забони яҳудиёни бухороӣ, гузоштанд. Сонитар бошад, ҳатто, спектакли “Ҳофизи Ҷаноби Олӣ”-ро ҳам, ҳардуи он театрҳо иҷро намуданд. Ин театрҳо, дараҷаи санъатшиносии яҳудиёни бухороиро ба қуллаҳои олӣ бурда расониданд! Сад офарин ба роҳбарону актёрони он театрҳо, дӯстон!

Дар бораи театри драмавию мусиқавии Борис ва Тамара Катаевҳо ҳам, ман фақат бо суханони неку ташаккурномаҳо баҳо дода метавонам. Имрӯз бошад, театри “Ханда-Ханда”, бо роҳбарии Хай ва бародарашон Ронен Довидовҳо, ҳақиқатан ҳам, театри комедияю сатираю масқарабозон буда, тамошобинонро ба хандаю шукуфон оварда меистад. Ва лекин он забони саҳнавие, ки онҳо истифода мебаранд, бо калимаҳои бухорию русию англисию ивритӣ ҷудо ҳам омехта мебошанд. Ҳа, дӯстон, ин театри масқарабозон ки ҳаст, забони саҳнавиаш ҳам масқарабозӣ мебошад дия… Ин ҳам роҳи интихобкардаи театри мазкур мебошад. Ҳамин тавр нест?

Театри фолклории яҳудиёни бухороии “Роҳати ҷон” бошад, бо роҳбарии Шимӯн Пӯлотов, тамоми спектаклҳояшро дар асоси урфу одатҳою ойинҳою анъанаҳои ҷамоатамон, сару либосҳою сурху сафедию зангбандию қайроқнавозӣ, карнаю сурнай, дойраҳою нағораҳо, сурудҳои фолклорию тӯйӣ, ё сурудҳои гӯяндагӣ ва ҳоказо, месозад, то ин ки аз ёди моён набароянду абадӣ бигарданд! Актёрони театри мазкур дар он спектаклҳо ҳам, бо забони омехта гап мезананд. Спектаклҳои хандаовару сатираю актуалии Люба Пилосова бошад, доимо тамоми тамошобинони ҷамоатамонро дар Амрико ба хушию хурсандиҳо оварда мерасонад. Дар ин театри ҳаваскорона тамоми актёрон нутқи саҳнавиро, бо забонҳои бухорию русӣ, англисию дигару дигарон, омехта мекунонанд. Мақсади неки асосиашон, ин ҳам ба мардум вақтхушию димоғчоқӣ таманно додан мебошад, дӯстон! Сад ташаккур ба тамоми он театрҳои ҷамоатамон, ки бе ёрдампулию маблағи давлат, гоҳе бепулу гоҳе бо воситаи билетҳои арзонакак, либосҳою пойафзолу сару либосҳою музди кори актёронро, илоҳе ёфта, таъмин менамоянд. Ҳамааш дар асоси энтузиазм! Сад офарин!

 Рӯзе, инсони олиқадру ҷамоатчии номии яҳудиёни бухороии Исроэл, д-р Авроҳом Пинхосов, дар асоси сценарияи нависанда Юрий Моор Муродов, як спектакли ҷудо ҳам аҷоиб, бо номи “Савта шара шир яфе”, яъне “Бивиам сурудҳои аҷоибро месарояд!”, бо омехташавии 2 забони модариамон: бухороию ивритӣ, ба саҳна гузоштанд. Дар Эрес Исроэл ин спектаклро бо кафкӯбиҳою дастаҳои зебои гулҳои садбарг, пешвоз гирифтанд, дӯстон! Ҳайати санъатшиносони забони яҳудиёни бухороӣ дар Исроэл, забони спектакли мазкурашонро якдилона, чун намуна, қабул намуданд. Асоси ин қарор дар он буд, ки мувофиқи вуҷуд будани забонҳои яҳудиёни олам: муграби, ҷуҳури, бухорӣ, идиш, ладино ва дигарон, дар ҳар яке аз он забонҳои Испанияю мамлакатҳои арабҳою шарқ, Эрону Европа, забони решавии иврит ва ҳам калимаҳои Тӯро вуҷуд доранд, ки забони асосии яҳудиён, ин ҳам иврит мебошад, дӯстон! Ин далелро ҳеҷ вақт аз ёд набароретон, дӯстонам! Актёронашон калимаҳои ивритиро, ҳатто, тарҷима намуда, ба тамошобинон пешниҳод намуданду ҳамаро ба шодӣ оварданд.

Ман аз тамоми драматургҳою режиссёрони театрҳои яҳудиёни бухороиамон, ки дар тамоми олам вуҷуданд, хоҳиш мекунам, ки нутқи саҳнавиро аксариат ба забони бухорӣ ва гоҳе ба забони Худододи тамоми яҳудиёни олам ивритӣ созанд! Боз хоҳише дорам, ки ғайр аз жанрҳои комедияю хандаю масқарабозӣ, дигар жанрҳои ҷиддиро, ба монанди драмаю достон, ба саҳнаҳо гузоранд! Ба тамоми коркунони театрҳоямон ташаккур мегӯям!

РАФОЭЛ БАНГИЕВ. ТЕЛАВИВ. ЭРЕС ИСРОЭЛ