Хонандагони азизу мӯътабар, мақсади асосии мақолаи мазкурам, ин ҳам кофтукоби ҷавобҳои дурусту касбии илмӣ-тадқиқотӣ, доир ба решаю таҳкурсии ҷавоҳироти камёбу бебаҳои санъати Шашмақоми Бухороӣ ва ҳам яке аз жанрҳои мусиқавии нигунҳою оҳангҳои зуҳархониҳою созиши посукҳои муаяни Тӯрою маҷмуъаи сурудҳои анъанавии дину диёнатии яҳудиёни бухороӣ, мебошад.

Фикру муллоҳизаҳою хулосаҳою натиҷаҳои тамоми кори илмӣ-тадқиқотиам, бешубҳа, боиси донишу таҷрибаи худаму донишмандони беҳамтои соҳаҳои мусиқавӣ: Артисти Халқии Ӯзбекистон Эзро Малаков, Шоҳи санъати Шашмақом Авроҳом Толмасов, устоди устодони Шашмақом Рӯшел Рӯбинов, ҳофизҳои номию зуҳархонони пурдон Рӯшел Ҷӯраеву Рафоэл Бадалбоеву Ротшильд Довидову Менахем Абромов, имрӯз дастраси Шумо мешаванд.

Яке аз анъанаҳои нотакрору муҳимми яҳудиёни тамоми олам, ин ҳам ба нигуну оҳангҳою созиши мусиқавӣ дароварда сароидани зуҳарҳою посукҳои муаяни Тӯрою сурудҳои маросимии иду муъэдҳо мебошад. Тамоми системаи ин жанри мусиқавӣ, доир ба дину диёнатамон, “псалмодия” номида мешавад. Дар давраҳои вуҷуд будани Бейт Ҳамиқдошамон, ин жанри мусиқавиро дар айёми намозхониҳо, фақат дар худи он бинои муқаддасамон истифода мебурданд. Баъд аз хароб гаштани он Бейт Ҳамиқдошамон ва ҳам зада пеш кардани тамоми яҳудиён аз Замини Эрес Исроэл, зуҳархониҳо фақат дар биноҳои канесоҳои яҳудиёни олам пешравиҳо диданд, дӯстон.

Яҳудиёни тамоми олам, ба якчанд ҷамоатҳои ҳархелаи гуногунмиҷозу гуногунрафтору гуногункирдор тақсим шуда мондаанд. Ин ҳам, бешубҳа, бо хоҳишу фармони Бузургвори олам, шуда гузашт. Аз он давраҳои фоҷиавии Вавилон сар карда, ба Худо якзабону якдилу якфикру якроҳ будани халқи нахӯстбинаш, яъне яҳудиён, маъқул нашуд, ки ҳамаашон бар зидди худи Худо баромада буданд. Ин ҳам сабабе мебошад, ки мобайни ҷамоатҳои гуногуни яҳудиёни олам ҳеҷ вақт тиффоқию осоиштагӣ, якдилию ягона роҳ, ҳатто, нисбат ба Тӯрою дину диёнатамон, несту ва ҳам ҳеҷ вақт намешавад! Имрӯз бошад, ин бадбинию рақобатии якдигар дар ҷамъияти яҳудиён дар Эрес Исроэл, масалан, ба қуллаи олитаринаш омада истодааст. Ҳатто, борҳои зиёде имрӯз халқамон дар бораи ҷанги бародаркушӣ гап зада истодааст! Сад афсӯс аз ин гуна ношукриҳои яҳудиён, нисбат ба додҳои Худо!

Аз ин далел баромада истодаст, ки ҳар як ҷамоати гуногуни яҳудиён, ба худашон хост, сигнонҳою рангубору нюансҳои муаяни зуҳархониҳои худашон доранд. Ин хонишҳои посукҳою Тӯрою зуҳарҳо, бо равишу сигнонҳои муаян, “литургия” номида мешавад, дӯстон. Дар айёми зуҳархониҳо олами руҳонии худи Бузургвори оламро, ҳатто, моён ҳис мекунем. Донишмандони Тӯро ба моён гоҳе мефаҳмонанд, ки навозиши мусиқа дар асбобҳои мусиқавӣ ва ҳам овози сурудхониҳои занҳо ба Худо он қадар маъқул ҳам набудаст. Сабаби ин гапро ягонтаамон дуруст фаҳмида наметавонем! Ҳақиқатан ҳам, ҳазору як хел саволҳое вуҷуд доранд, ки ягонтаамон то ҳол сазовори ҷавоби пурра нашудем, хонандагони азиз.

Рӯзу шаб донишмандони Тӯрою зуҳархониҳо ҳаракат мекунанд, ки ин санъати мусиқавии дину диёнатамон инкишоф ёбаду анча фаҳмо шавад. Барои ҳамин ҳам, онҳо маҷмуъаи масора, яъне системаи аломатҳои ёридиҳандаи таллафузи матнҳои он посукҳои Тӯро, яъне некудот ва ҳам таамим (кантилляция), барои ба нигуну оҳанг дуруст даровардани калимаҳои муаяни Тӯро, сохтаанд. Пешнамозро дар канесоҳои яҳудиён “Кантор”ё ин ки “Хазан” меноманд. Ҳар як пешнамоз, ё ин ки хазан, ба ҷамоаташ мувофиқ, матнҳою посукҳои Тӯрою зуҳарҳоро ба оҳангҳо медарораду мехонад, то ин ки тамоми ҷамоати намозхонони канесояшон, аз оқиби он зуҳархониҳояш бошанду ҳамовозӣ ҳам кунанд, дӯстон. Ин процесси душвор мебошад.

Дар канесоҳои яҳудиёни бухороӣ бошад, пешнамозу хазан ҷои намоёнро ишғол менамояд. Ба туфайлу шарофати он пешнамоз бошад, тамоми ҷамоат намозҳои Шахариту Минхою Аравит, Широи Шаббот, Мусаф, Ҳавдолою Мавдил, зуҳархониҳою дигару дигарон сурудҳои анъанавии идҳою муъэдҳоямонро, бо хушию хурсандӣ мегузаронанду он сурудхониҳо доимо ҷомаи амал мепӯшанд.

Аз таърих ба ҳамаамон нағз маълум мебошад, ки дар давраҳои ҳархела ҳаётамон, масалан, ҳофизони бузурги Шашмақом Левии Бобохон, мулло Абои Дарозу мулло Арӣ аз Шаҳрисабз, бародарон Эзрою Менахем Малаковҳо, Очил Иброҳимов, Игал бен Хаим аз Ерушолаим, Ёир Алишоев аз Кирият Малахии Исроэл, Илёву Ладаев аз Петах Тикваи Исроэл, Худораҳматӣ Амнун Довидов аз Исроэл, Сосон Довидов аз Петах Тикваи Исроэл, Худораҳматӣ Мӯшиях Исҳоқов (бародари Барно Исҳоқова) аз Исроэл, Рӯшел Ҷӯраев аз Исроэл, Пӯлот Бобоев аз Тел Кабири Исроэл, Менахем (Миша) Абромов аз Исроэл ва дигару дигарон ҳофизони забардаст, ба пешравии санъати зуҳархонии яҳудиёни бухороиамон, ҳиссаи арзандаи худашонро гузоштанд.

Яҳудиёни олам нусқаю сигнонҳои ашкеназию сефарадию яҳудиёни бухороиро мешиносанд. Яҳудиёни бухороӣ урфу одатҳою анъанаҳои ширини падару бобоёнамонро гум накарда, онҳоро равнақу ривоҷ дода, гулгул шукуфонида истодаанд. Ба кадом канесои яҳудиёни бухороӣ надароетон, ё ин ки ба кадом хонаводу манзили яҳудиёни бухороӣ дар шабу рӯзҳои шабботу иду муъэдҳо надароетон, овозу пардози форами зуҳархониҳое, ки доир ба шабу рӯзҳои муқаддасамон, бо сигнону равиши ширини нигуну созишҳои мақоммонанд, ба гӯшатон мерасанд, дӯстон! Асоси тамоми нигуну оҳангҳои сурудхониҳоямон, ин ҳам тавим, яъне нотаҳо мебошанд. Ва лекин, асоси хонишҳои посукҳои Тӯрою зуҳархониҳои тамоми яҳудиён, ин ҳам таамим, яъне аломатҳои муаяне, ки овози хазанро дарозу кӯтоҳ, ё ин ки пасту баланд мекунанд, мебошанд.

Аз фурсат истифода бурда, ман дар бораи таърихи Шашмақом ба Шумо, хонандагони азиз, мухтасар гуфта мегузарам. Шашмақом – ин ҳам ганҷинаи пурқимати мусиқавии халқҳои Шарқ, ва аз он ҷумла яҳудиёни бухороӣ, мебошаду таърихи зиёде аз ҳазорсола дорад. Як қисми калони он, шакли мукаммалро гирифтааст, ки он “Дувоздаҳмақом” ном дошт. Баъд аз асри 11 сурудҳою навоҳои нав эҷод карда шуданд. Зиёда аз 300 сол пеш, дар асоси “Дувоздаҳмақом” ва суруду навоҳои нав, “Шашмақом” тартиб дода шуд. Ин асари бебаҳои классикию этнии халқҳои яҳудиёни бухороию тоҷикию ӯзбекӣ аз мақомҳои зерин иборат мебошад: Бузрук (Бузург), Рост, Дугоҳ, Сегоҳ Наво, Ироҷ. Ҳар як мақоми ганҷинаи “Шашмақом” аз 3 қисмҳои калон иборат мебошад, дӯстон. Қисми якӯмаш “Мушкилот” ном дорад ва панҷ қисмчаҳои зеринро дарбар мегирад: “Тасниф”, яъне оҳанг, “Тарҷеъ”, яъне такрор, “Гардун”, яъне осмон, “Чархи гардун”, яъне фалак, “Сақил”, яъне ин қисм оҳиста-оҳиста навохта мешавад.

Қисмҳои дуюму сеюми ҳар як мақом, қисмҳои хониш буда, аз тарафи ҳофизон ва навозандагон сароида ва навохта мешавад. “Сарахбор” ва таронаҳояш якчандто “Талқин”, яъне таълимдиҳӣ бо таронаҳояш, якчандто “Наср” бо таронаҳояш, “Уфар” ваҳоказо доранд. Ба 6 мақомҳои асосии “Шашмақом” боз мақомҳои дигар дохил мешаванд. Масалан: бо мақоми “Рост” мақомҳои “Ушшоқ, Сабо ва Панҷмақом. Ба мақоми “Бузрук” мақоми Уззол, ба мақоми “Наво” мақомҳои Ораз, Баёт, Ҳусайнӣ, ба мақоми “Дугоҳ” мақомҳои Чоргоҳ, Орази Дугоҳ, Дугоҳи Ҳусайнӣ. Ба мақоми “Сегоҳ” мақомҳои Азам, Бастанигор, Хоро, ба мақоми “Ироқ” мақоми Муҳаяр дохиланд.

Яҳудиёни бухороӣ зуҳар, широ, ҳақхонӣ ва бисёре аз посукҳои Тӯро ва намозу тафилоҳоро ба оҳангҳои “Шашмақом”дароварда, бо маҳорат мехонанд. Ҳангоми широ ва ҳақхониҳо, пешнамоз, яъне хазан, монанди сурудҳои “Шашмақом”, якчанд маротиба авҷ мегирад. Ҳақиқатан ҳам, пешнамоз ҳангоми тафилою намоз ҳам, бароварду фуроварди онро бояд хуб донад. Широхонию ҳақхонӣ, намозу тафилоҳоро яҳудиёни бухороӣ, бо оҳангҳои “Шашмақом” зиёда аз 2000 сол боз, бо хушу хурсандиҳо мехонанд. Бояд қайд кард, ки импровизацияю интерпретацияю вариацияҳои оҳангҳои Хазанути яҳудиёни бухороӣ, яъне дар рафти ин ё он хониши посукҳои Тӯроӣ, бофта баровардани оҳангҳо, аз рӯи хоҳиши Хазан, яъне пешнамоз, мебошад.

Масалан, пешнамоз метавонад широи “Рӯз ба рӯз”ро бо оҳанги “Муғулчаи Дугоҳ” сар карда, бо оҳанги дигари “Шашмақом” ба анҷом бирасонад. Ё ин ки, зуҳари “Птах Элияҳу Ҳановӣ” ро бо оҳанги “Насруллоӣ” сар карда, бо оҳанги “Бебоқча” тамом бикунад. Ба ҳар ҳол он хонишҳои мусиқавии посукҳои Тӯроамон, шаклан бухороию мазмунан Тӯроии яҳудиёни олам мебошанд, хонандагони азиз! Инро ҳеҷ вақт фаромӯш набояд кард!

Бояд қайд кард, ки ҷои олитаринро дар санъати зуҳархониҳои литургияи яҳудиёни бухороиамон посукҳо аз китоби муқаддаси “Зуҳар” ишғол менамоянд. Бо воситаи нигунҳои мақоммонанде, ки ҷамоати моён зуҳархонӣ мекунад, ягон ҷамоатҳои олам намехонад. Дар санъати литургияи зуҳархониҳоямон қисми муаяни “Бакошо”, яъне илотиҷономаю тафило, бо тарзу услуби назму наср, чун монанди тафилоҳои “Слихот”, хонда мешаванд. Ҳастанд “Бакошот”, яъне тафилоҳое, ки то даромадани Шахарит хонда мешаванд. Тафилоҳои “Саҳархезӣ” барин. Муаллифони ингуна “Бакошот” Еҳудо Ҳалевӣ, Мӯше Ибн Эзро, Шломо Ибн Гавирол буданд. Яке аз асарҳои шинохташудаи “Бакошо” ин ҳам “Ядид Нэфэш”, ки онро Элиэзер Ҳазикрӣ эҷод карда буданд, мебошад. Бо ин “Бакошот” мулло Эзро Малаков ҳар пагоҳӣ бедор мешаванду ба канесо мераванд, дӯстон. Илоҳо Худо умрашонро дароз кунаду бедарду беғам бошанд!

Широ бошад, сурудхониҳои шабботу иду муэдҳо мебошад. Онҳо диапазони васеъ доранд. Одатан он широҳоро фақат ба саршавии нигунҳои мақомҳои Наво, Баёт, Дугоҳ ва ғайраҳо медароранд. Бояд қайд кард, ки ғайр аз зуҳархониҳою широхониҳо, сурудҳои анъанавии яҳудиёни бухороиро моён нағз мешиносем. Он сурудҳо дар айёми чорабиниҳои анъанавиамон: Брит мило, гаҳворабандон, нохунгирон, мӯйсаргирон, тифилинбандон, ширинихӯрӣ, қошчинон, хинобандон, келинбиёрӣ, домодбиёрӣ, ҳақхонӣ, қудуш хонда мешаванд. Ғайр аз ин бошад, дар ҳар як иду муъэдҳоямон моён сурудҳои анъанавии “Лулав” (Суккот), “Ҳо лахмо аниё” (Писхо), “Ҷон бузғола” (Писхо), “Якӯмин кӣ медонад?”(Писхо), “Пурим, пурим”, “Борухем атем, қаҳри мунай борухим або ба Шем Адӯной” (Брит Мило), “Мағилот Эстер” (Пурим), “Шалом Алейхем”ва ғайраҳоро моён, бо завқ, мехонем.

Бояд қайд кард, ки яке аз жанри муаяни сурудхониҳои яҳудиёни бухороиамон, ин ҳам жанри гӯяндагӣ мебошад. Ҳатто, дар Талмуд, дар бораи занҳои яҳудиёне, ки овозандозӣ карда, гӯяндагию кафкӯбӣ карда истодаанд, гуфта шудааст, дӯстон. Имрӯз ин анъана фақат дар ҷамоати яҳудиёни бухороӣ ҷоё дорад. Сурудҳои анъанавии “Э, воэю, э, вое!”, “Во уҷие, во уҷӣ!”, “Во албидо!”, “Шайду овоз”, ин ҳам репертуари шартии онҳо мебошад. Ба жанри динию диёнатии сурудхониҳои яҳудиёни бухороӣ якчанд корҳои илмӣ-тадқиқотии олимону мусиқашиносон, ба монанди Цви Иделсон, Исҳоқ Мавашев, Рафоэл Некталов, Зоя Таджикова, профессор Дартмут, Саломон Тахалов ва дигарон баромада буданд.

Мана акнун бояду шояд ман ба Шумо, хонандагони азизу мӯътабар, боз як аломати фарқияти куллӣ мобайни иҷро кардани сурудҳои ганҷинаи “Шашмақом” ва ҳам зуҳанхониҳое, ки ба нигуну оҳангҳои мақоммонанд дароварда шуданд, оварда нишону исбот намоям. Дар омӯзиши сурудҳои мурракаби ганҷинаи “Шашмақом” якчанд критерияҳои мусиқавиро иҷро намудан шарт (!) мебошад.

1. Сохту равиши асарҳои Шашмақомро аз аввал то охир, ҳам ба тарзи назариявӣ ва ҳам ба тарзи амалиявӣ, донистан шарт аст!

2. Ҳар як суруде, ки ҳофизи мақомхон месарояд, ӯ бояд аз аввал то охир, бо тамоми бароварду фуровардҳо, авҷи хурду авҷи калон, иҷро карданаш шарт аст!

3. Ҳофизи мақомхон аз як суруди Шашмақом ба дигараш ҳеҷ вақт, мувофиқи хоҳишаш, гузашта наметавонад. Ин ҳам шарт аст!

4. Ҳар суруди Шашмақомро, мувофиқи диапазону имкониятҳои ҳофизияш, ҳофиз бояд аз аввал то охир, иҷро кунад. Ин шарт аст!

Мана акнун бояд қайд кард, ки дар омӯзиши Хазанут, ҳатто, дар асоси нигунҳою оҳангҳои мақоммонанд сохта мебошанд, он қоидаҳои болономбурдаро истифода бурдан шарт нест!

1. Хазан метавонад он зуҳанхониҳояшро, мувофиқи хоҳишаш, аз як оҳангу нигуни Шашмақом, бемалол, ба дигараш гузарад.

2. Тамоми баромадҳою фуромадҳо ва ҳам авҷҳои хурду калонро хазан иҷро намуданаш шарт нест!

3. Хазан метавонад дар як зуҳари муаян якчанд оҳангҳою нигунҳои мақоммонандро истифода барад.

4. Тамоми кирдорҳои хазан, нисбат ба иҷро намудани зуҳархониҳо дар асоси импровизация, интерпретация ва ҳам вариацияҳои мақомҳои асосии ганҷинаи “Шашмақом”, сохта мешаванд.

Ин ҳам сабаби муҳимме мебошад, ки як Донишкадаро “Академияи Шашмақому Хазанути яҳудиёни бухороӣ “ номидан имконнопазир мебошад, хонандагони азиз. Бояд қайд кард, ки дар муддати солҳои зиёде Эзро Малаков ба ҷавонони ӯзбек аз Ӯзбекистон, бо воситаи ZUM, сурудҳои Шашмақомро омӯзониданд ва на зуҳархониҳои яҳудиёни бухороиро! Ҳамин тавр нест? Ин ҳам сабаб шуд, ки ин устоди устодони ҳам Шашмақом ва ҳам зуҳархонии ҷамоатамон, яъне мулло Эзро Малаков, аз дасти худи Президенти Ӯзбекистон Унвони Олии “Артисти Халқии Ӯзбекистонро” сазовор гаштанд ва на барои омӯзиши хазанут?!

Ғайр аз ин, Эзро Малакови боистеъдод, умедвор буданд, ки роҳбарону омӯзгорони ансамблҳли Шашмақоми Ӯзбекистон, он донишҳое, ки ин кас ба халқи ӯзбкек омӯзониданд, онро рӯз то рӯз боқуввату устувор мекунонанд. Агар Эзро Малаков, бо роҳи он ЗУМ, бо услуби бебаҳояшон, хазанути яҳудиёнро ба мактаббачагони Исроэл омӯзонанд, ягон ҳорови Исроэл он услубҳои Эзро Малаковро, ҳатто, пурқуввату устувор карда наметавонад, ки баробари он устод, истеъдоду маҳораи даркорӣ надоранд. Ин ҳам устоди нағзро, ба монанди худи устод Эзро Малаков, металабад. Бо ин роҳ моён сазовори пешравиҳо шуда наметавонем! Илоҳо дар хонаҳою канесоҳои яҳудиён доимо давушу садою овозу пардози оҳангҳою нигунҳои ширини мақоммонанди зуҳархониҳоямон бароянду ба ҳамаамон ва ҳам ба Худои азизамон, баҳроварию кайфу сафою руҳоният биоранд! Омен ва омен!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *