(Бахшида ба рӯшноӣ баромадани китоби навам “Хазинаи ҷавоҳироти адабӣ” – Мақолаҳои мумтозу беҳтарини муаллиф)

Рафоэл Бангиев
Эрес Исроэл

“Агар ман бо қаламкаш дӯст монам,
Қаламкашро ба мақсадаш мерасонам!”

Бузургвори олам яҳудиёнро аз мобайни тамоми халқҳои рӯи замин интихоб намуда, онҳоро халқи дӯстдорашу нахӯстбинаш хонд. Ӯ доимо аз ҳолу аҳволи халқи дӯстдораш бохабар буда, кушоишу барори кор, истеъдоду маҳорату мӯъҷизаофарӣ, ақли расою рӯи сурху забони гӯё, фикру андешаю пешравиҳо ба он халқаш раво мебинад.

Аз он шабу рӯзҳое, ки падару бобоёнамон дар кӯҳи Синай, аз дасти худи Бузургвори олам Тӯро Ҳақудушоямонро қабул карда, ба Даҳ Суханони бебаҳояш сазовор гаштанд, ҳамаамон ба хулоса омадем, ки Худо, бо воситаи ҚАЛАМИ МӮЪҶИЗАОФАРАШ (!), он Тӯрою он Даҳ Суханҳояшро дар Ду Лавҳи Гавҳар навишта, ба моён тақдим намуд!

Аз ин дарсу шиуру сабақи худи Худои азизамон моён нағз фаҳмидем, ки ҳамаамон бояду шояд дорои хондану навиштану фаҳмидану фаҳмонидану маънидод кардани забонҳои олам бишавем, дӯстон.

Ҳамин тавр нест?

Агар мо савод надошта бошем, ягонтаамон ба умрамон калимаҳои Тӯроро намефаҳмем! Ин ҳам сабаб шуд, ки яҳудиёнро тамоми халқҳои олам халқи китобшиносу китобдӯст меноманд!

“Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсадаш мерасонам!”

Асрҳою давраҳои дуру дарози таърихӣ мегузаранд, вале яҳудиён аз Китоби Китобони Бузургвори олам, яъне Тӯро Ҳақудушо ва аз он Даҳ Суханони Худодод, худашонро дур намекунонанд, дӯстон. Ин ҳам мақсади асосии Бӯрэ олам буду мебошад! Илоҳо, тамоми муродҳою мақсадҳои неки мо ҳам доимо ҷомаи амал пӯшанд! Омен ва омен!

Худо моёнро, ба худи худаш монанду мушобеъ намуда, ба олам офаридаст. Барои ҳамин ҳам, моён қаламро, чун мисли аслиҳаю яроқи бузургтарину боқувваттарину боқудраттарини олам бояд бидонем ва бо воситаи он қалам дунёамонро орою зебою мунаввар гардонем, дӯстон!

“Қалам гӯяд, ки асбоби шарифам,
Ба ҳар дасти зарифе ман зарифам!”

Бо нуги қалам шоирону нависандагону философҳою таърихшиносону устодону омӯзгорон, дунёи Худододро бозу боз ҳам устодона тасвир намуда, ба қуллаҳои олитаринаш оварда расонида метавонанд!

“Қалам гӯяд, ки инсонро азизам,
Ба дасти покдил афтам, тамизам!”

Аз он шабу рӯзҳое, ки ман, бо аҳли оилаам, аз шаҳри Душанбе ба Эрес Исроэл кӯчида омадам, ба замини муқаддасу покаш, осмони софу беғубораш, ба шаҳрҳою деҳаҳояш, ба ҳусни баҳорию фирӯзии табиаташ, ба кӯҳу дашту биёбонҳояш, ба Тӯрои бебаҳояш ва ҳам ба ҷамоати ба ҷону дил баробари яҳудиёни бухороиамон, дилдодаю ошуқ шуда мондаам!

Барои ҳамин ҳам, рӯзу шаб ба Худо, барои маҳоратаму истеъдодаму тавоноиаму донишам шукр гуфта, бо воситаи нуги қаламам, саду ҳазорҳо мақолаҳо, ба забони решавии яҳудиёни бухороиамон ва ҳам, бешубҳа, ба забонҳои русию ивритӣ, беминнат, дар рӯзномаҳою газетаҳою журналҳои дӯстдоштаамон, дар муддати солҳои дуру дароз, бароварда меистам, дӯстон. Ман хабардор ҳастам, ки аксариати яҳудиёни бухороиамон он мақолаҳоямро ба забони модариамон хонда, маъною мазмуни онҳоро дуруст мефаҳманд.

Онҳо, бе чуну чаро, аз мавзӯҳою мазмуну маънои он мақолаҳоям доимо шоду хурсанду мамнуну баҳровар мегарданд. Ин ҳам сабаб мебошад, ки он ҳамдиёронам, маро дар кӯчаҳою гузарҳои шаҳрҳою деҳаҳо дида, дуои нек мехонанд! Сад раҳмат ба тамоми мӯхлисонам барои он дуои некашон.

Умедворам, ки тамоми мӯхлисонам медонанд, ки ба ғайр аз мақоланависиам, ман як қатор китобҳои завқовари адабию омӯзгорӣ ҳам баровардам ва имрӯз ҳам навишта истодаам. Ин ҳам, китобҳои “Давраҳою” “Авлоди мо”, “Саргузашти оилаи мою” “Рӯзномаи шахсӣ”, “Ханда аз лабатон нашавад кандаю” “Хазинаи ҷавоҳироти адабӣ”, яъне маҷмуъаи шашҷилдаи мақолаҳои мумтозу беҳтарини муаллиф, “Маҷмуъаи сурудҳои анъанавии фолклории яҳудиёни бухороӣ бо нотаҳояшону” романи “Муҳаббати Исҳоқу Ривқо”, монографияи “Хатнависҳои мӯтрибу” монография дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоиру лауреати мукофоти Шоҳини Шерозӣ Роберт Бангиев ва дигару дигарон мебошанд, дӯстон.

“Агар афтам ба дасти ҳақшиносон,
Зи рӯи ҳақ кунам ҳикмат ба инсон!”

Мавзӯҳои мақолаҳоямро ман, дар муддати солҳои дуру дароз, дар мобайни ҷамоатамон сайёҳат карда, аз ҳаёту фаъолияти ҳаррӯзаи он ҳамдиёронамон мегирам. Онҳоро ҳар ҳафта дар газетаҳои дӯстдоштаи ҷамоатамон ба рӯшноӣ бароварда, дастури ҷамоатамон мекунонам.

“Мусаххар бо сухан созам ҷаҳонро,
Намоям маҳрами дилҳо забонро!”

Ҳақиқатан ҳам, хешу таборону ёру дӯстону ҳамдиёрону тамоми ҷамоатамон, ҳар шабу рӯзе, ки он мақолаҳоям дар саҳифаҳои газетаҳоямон мебароянд, тез омада, он матбуоти дӯстдоштаамонро, талла карда, мегиранд, то ин ки зудтару хубтар он мақолаҳоро хонда, баҳровар гарданд. “Рафоэлҷон, мо, газетаҳои ҷамоатиамонро ба дастонамон гирифта, аввали аввалинаш, мақолаи Шуморо ба забони модариамонро, бо шавқу завқ мехонем. Баъд аз ин бошад, тамоми он газетаро мехонему аз назар мегузаронем!” – хабар медиҳанд ба ман он мӯхлисони қадрдонам!

“Муҳаббатро, садоқатро сароям,
Ба ҳар пайванд ҷонҳоро намоям!”

Бояд қайд кард, ки дар ҳар як мақолаам ман, як қисми канданашавандаю арзандаю таркибии он ҳисёту эҳсосотҳои олами дохилиамро, ишқу муҳаббати беҳадду беканорамро, нисбат ба ҷамоатам, вафодорию садоқамандиамро, бо дасти равою дили кушо, бо воситаи нуги қаламам, ба Шумо, тақдим менамоям, хонандагони азизу мӯътабар!

“Намоям фарқ гулҳоро ман аз хор,
Намоям фарқ дилбар аз дилозор”

Бо воситаи қаламам кӯшиш мекунам, ки тамоми аҳли ҷамоати яҳудиёни бухороии олам якдилу якҷону яктану якнафасу тиффоқ бишаванд. Хоҳише дорам, ки қалами ман, ҳақиқатан ҳам, мӯъҷизаофар бишаваду он олами Худододамонро бозу боз ҳам зеботару орою дилнишину мунаввар бисозад!

“Диҳам ман сарбаландӣ мардҳоро,
Намоям дур аз дил дардҳоро!”

Дар мақолаҳоям ман доимо кӯшиш мекунам, ки дар тамоми оилаҳои ҷамоатамон созишу тиффоқӣ, арзиши якдигару иззату ҳурмат, дӯстию хушу хурсандӣ бишаванд. Оғозу пардоз медиҳам, ки аз байни мардумамон манманию худписандӣ, ҳаводаҳанию қӯпалгапӣ, калонию дурӯғгӯию дурӯягӣ бас шаванд. Чун мисли Худоамон, ҳамаамон ростқавлу некукору покдилу некхоҳу вафодор бишавем!

“Кунам бедор ҳисси ошиқонро,
Бақои нав диҳам умри ҷавонро”

Ман пешакӣ медонам, ки тамоми он оилаҳои яҳудиёни бухороиамоне, ки дар манзилгоҳи худашон, бо якдигарашон, фақат бо забони ширини падару бобоёнамон, яъне бухороӣ, гап мезананд, сад афсӯс, ки дорои саводи хатнависии ин забон нестанд. Ман гоҳе бо намояндагони он оилаҳо, махсус, бо воситаи забони яҳудиёни бухороӣ, хатнависӣ мекунам, онҳо бошанд, ба забони русӣ ба ман ҷавоб мегардонанд. Чуноне, ки дар боло қайд карда гузаштам, сад афсӯс, ки он оилаҳо саводи хатнависии дурусти он забони модариамон намебошанд.

Вале, сад афсӯс, ки ман имконияти молиявӣ, чун миллионерҳои олам, барқарор намудану кушодани мактабҳои махсуси хатнависӣ ба забони яҳудиёни бухороиамон надорам, дӯстон. Мувофиқи он имкониятҳои ба дастам будагӣ, ман доимо мақоланависӣ мекунам бо мақсаде, ки он ҳамдиёронам, ҳеҷ набошад, аз он забони модариамон дур нашаванд, хонандагони азиз. Рӯзу шаб, бо воситаи он қаламам, ман кӯшиш мекунам, ки пеши роҳи ҷавононамон кушоду равшан бошад, ҳар кору кирдорашон кушоишу барор гирад. Ягонтаашон мӯҳтоҷию маҳталию норасоию бадбахтиро набинанд. Ин ҳам трума, яъне равобинию дасту дилкушоиам, нисбат ба ҷамоатамон, мебошад.

“Агар ман бо қаламкаш дӯст монам,
Қаламкашро ба мақсадаш мерасонам!”

Дар гузарҳою маҳаллаҳои Тел-Кабиру Кирят-Шалому Шапираю Шхунат Ҳа-Тикваю Рамлею Луду Кирят-Гату Димонаю Ерушолаиму Ор Еҳудаю дигару дигарон манзилгоҳҳои Эрес Исроэл, ки аксарияти ҳамдиёронамон зисту зиндагонӣ мекунанд, бо мӯхлисони мақолаҳою тамоми эҷодкории адабиам вохӯрда, доимо фикру муллоҳизаҳою ҳисётҳою эҳсосотҳои мусбию позитивӣ, нисбат ба эҷодкориам шунида, бешубҳа, ман сарбаланду сарфароз мешавам. Ин ҳам музди хизматҳоям мебошад.

Борҳои зиёде мӯхлисонам аз ман мепурсанд: “Рафоэл-ака, Шумо аз идораҳои Конгрессу редаксияҳои “Менораю” “Марвориду” “Олами занҳою” “Дружбаю” “Бухариан Таймсу”дигару дигарон, барои мақоланависиатон, ягон маошу музди кор мегиред ми?” Ман бошам, бо табассум, доимо ҷавоб медиҳам: “Ба ман гӯетон, дӯстони ба ҷону дилам баробар, ки дар магазинҳо дӯстии ҳақиқию рафоқатӣ, садоқатмандию вафодорӣ, гармии офтоби шӯълавару осмони софу беғубор, меҳру муҳаббати модаронаю падарона, некукорию равобинӣ харидаю фурӯхта мешаванд ми?”. Ҳақиқатан ҳам, аз тамоми пулу зару зевар, дуои неки ҷамоатамон беҳтар!

Тамоми он мӯхлисонам ба ин ҷавобам қоилу моил мешаванду он дуогӯиашонро давом медиҳанд, ки ҳақиқатан ҳам, дар ин дунёи каҷу килеб, на ҳама чизу воқеаҳоро, ба пули нахт, харидаю фурӯхта метавонем. Илоҳо, қалам доимо бар дасти эҷодкори некдилу некхоҳ бимонаду ҳеҷ вақт ба дасти нобакорону ноинсонон наафтад, ки онҳо, бо он қалама худаш, оламро вайрон ҳам карда метавонанд, дӯстон!

Илоҳо, Худо худаш дунёамонро, ба нигоҳи некаш гирифта, осоиштаю пурнур гардонад ва ҳам фармон диҳад, ки он қалами мӯъҷизаофари устод, фақат бар дасти инсони некдилу некхоҳ абад бимонад! Омен ва омен!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *