THE BUKHARIAN TIMES

Нишон Отамуродов ва Артур Хоҷаев дар шаҳри Бухоро

РАФОЭЛ БАНГИЕВ.
Тел-Авив.
Эрес Исроэл

Дар муддати асрҳою солҳои зиёде санъати созандагии ҷамоати яҳудиёни бухороӣ тамоми халқҳои Осиёи Миёнаю шарқро ба ҳаяҷону баҳроварӣ оварда меистад. Ҳақиқатан ҳам, он халқҳо, ва алалхусус тоҷикону ӯзбекон, ба ин санъати яҳудиёни бухороӣ қоилу моил мебошанд. Дар мақолаи мазкур ман кӯшиш мекунам ба шумоён, хонандагони азизи, каме дар бораи таҳкурсию решаи пайдоиши ин жанри мусиқавӣ нақл бикунам. Бояд қайд кард, ки силсилаи суруду рақс, оҳанг ва зарбу усулҳои дилнишини мавригӣ аз тарафи мардҳо ва ҳам занҳо дар базму тӯю маъраккаҳою хурсандиҳо иҷро карда мешаванд. Ин жанри мусиқавии мавригӣ дар заминҳои Эрону Тоҷикистон офарида шуд.

Дар давраҳои пеш он жанрро фақат дар шаҳри бостонии Бухоро хос медонистанду онро инкишоф медодаанд. Бешубҳа, иҷрокунандагони намунавии он силсилаи суруду рақс, оҳангу зарбҳою усулҳои мавригӣ намояндагони ҷамоати яҳудиёни бухороиамон буданд. Ҳатто, онҳоро дар маъраккаҳо ба худи дарбори амиру бойҳои Бухоро таклиф мекарданд, то ин ки он чорабиниашон нотакрору яккачин шуда гузарад. Ин жанри мусиқавӣ, оҳиста-оҳиста, ба заминҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳам паҳн шуда монд. Лекин, ба ҳар ҳол, тоҷикону ӯзбекон созандагони яҳудиёни бухороиро барои худашон устоду омӯзгор хондаанд.

Дар айёми баромадҳои тӯйӣ, онҳо ҳам, чун мисли созандагони ҷамоати яҳудиёни бухороӣ, борҳои зиёде куртаҳою сару либосашону пархонаашонро иваз мекарданд, мухаммасгӯию зангбандию қайроқнавозӣ ҳам, чун мисли созандагони ҷамоатамон, менамуданд. Бояд қайд кард, ки дар Бухоро ҳозир ҳам қабили калони чаллаҳою созандагон вуҷуде доранду ин санъати мавригиро пеш гирифта мебаранд. Ин ҳам сабаб шуд, ки таронаҳои мардумӣ, ба тарзи мавригӣ, дар байни яҳудиёни бухороию тоҷикону ӯзбекони Бухорою Самарқанд маъруф буданд ва ҳастанд. Якчанд аз он гуна сурудҳоро бастакорони классик пурра ё қисман ба таркиби таронаҳои машҳури Шашмақом аз қабили Уфари Уззол, Оромиҷон ва ғайра, ворид сохтаанд. Қисмҳои таркибии сурудҳою рақсҳои мавригӣ дар санъати Тоҷикистон ҳам тараққӣ кард ва дар репертуари ансамблҳои рақсии “Лола”, “Зебо” ва ҳам раққосони алоҳида, онҳо авҷ мегиранд.

Дастаи маврихонон, одатан, аз се доирадаст, ҳофизон ва раққосон иборат мебошад. Силсилаи мавригӣ шаҳд, чорзарб, сархона, макайлик иборат буда, пайдарҳам иҷро карда мешаванд. Сурудҳои “Уштур ба чаман”, “Секинак”, “Аз ман чаро ранҷидаӣ”, “Шоҳдухтар, шакардухтар” ва дигарон, табъи дили мардумони Осиёи Миёна мебошанд. Дар рақсҳои мавригӣ мардҳою занҳо ҳаракати “шикан-шикан”-ро бо ангуштони (лелаҳои) ду даст садо бароварда, бо ин ҳаракати ширину завқомез рақсҳояшонро авҷ медоданд.

Ба наздикӣ, яъне дар моҳи июли соли 2025, яке аз омӯзгорони нимии университети Бар Илани Эрес Исроэл, ҳодими хизматнишондодаи санъат, лауреати мукофот ба номи Шимони Хохом, устоди беҳамтои санъати дойранавозӣ Артурҷон Хоҷаев, бо устоди моҳиру такрорнашавандаи жанри суруду рақс, оҳангҳою зарбҳою усулҳои мавригӣ, ҳаводори савту сурудҳои мардуми Бухоро, сарояндаи хушадо, ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Нишон Отамуродов, вохурда, бо он кас саволу ҷавоб созиш намуданд. Аз он сӯҳбат баромад, ки якчанд даҳсола аст, ки мухлисони таронаҳои тоҷикию яҳудиёни бухороӣ, ҳар як баромади консертии ин устодро интизор мешаванд.

Аз оҳангу садои дилкаши ҳофиз Нишон Отамуродови бухороӣ тамоми мухлисонашон доимо ҳаловат мебаранд. Ҷонбахшу нотакрор, латифу мафтункор, соҳиру пурасрор будани забони модариамонро эҳсос мекунанд. Ин ҳофиз, ҳақиқатан ҳам, аз ҷумлаи булбулони хушхони чаманистони санъати Бухорост. Он кас донишкадаи давлатии педагогии Бухоро, ҳамчун сарояндаи сурудҳои мардумӣ, эътибори дастаҳои ҳунариеро, ки худ узви онҳо буданд, меафзуданд. Нишон Отамуродов мудири клуби беморхонаи Бухоро буда, ба дастаи созию овозии эстрадии “Радость” асос гузошт. Ин инсони боистеъдод зиёда аз чил қабили “Заҳрои Хиротӣ”, “Гули Самарқанд”, “Суманак”, “Қурбони он ду чашмат” ва дигаронро дар баромадҳою гастролҳои худашон дар Украинаю Амрико, Алма-Атаю дигар манзилҳои олам, бо маҳорату истеъдод иҷро намуданд.

Артурҷон Хоҷаев аз сӯҳбати пурмазмуну фоидабахши ин устоди устодони жанри санъати мавригӣ ба ҳаяҷон омад. Бешубҳа, Худи Артур Хоҷаев ҳам, дар навбати худ, дар бораи кору фаъолияти мусиқавию педагогияш, ҳам дар Тоҷикистон бо тоҷикону ӯзбекону яҳудиёни бухороӣ ва ҳам дар Эрес Исроэл, дар хонаҳои маданияту клубҳо, мактабҳою университети Бар Илан, ба Нишон Отамуродов нақл кард. Атмосфераи сӯҳбати ин ду устодони номию машҳур авҷ гирифту гарму дилнишин ҳам шуда монд. Артур дар бораи солҳои зиёде, ки ӯ бо созандаи беҳамтою номӣ Некқадам Бақоева, яъне духтари Ношпӯтихони Бухоро, дар тӯйхонаҳою маъраккаҳои яҳудиёни бухороию тоҷикону ӯзбекон хизмат карда омад ҳам, бешубҳа, каме гуфта гузашт.

Сонитар бошад, Нишон Отомуродов ва ҳам Артур Хоҷаев, ба дастҳояшон ду доираҳоро гирифта, бо зарбҳои мавригию “бухорича”, ба музей хонаи Нишон Отомуродов даромаданд. Музей хонаи Нишон Отомуродовро дида, Артур Хоҷаеви пурдону пуртаҷриба ҷудо ҳам хурсанду мамнун гашта монданд. Бо димоғи чоқу некхоҳию вақтхушӣ ҳардуи ин устодони санъатшиносӣ дар он музеи афсонавӣ сайёҳат намуданд. Бояд қайд кард, ки барои он музей хонаро барқарор додан, Нишон Отомуродов ташвишу ҳаҳмати зиёде карданд. Ба меҳмонон айён буд, ки ин санъаткор, барои сохтан, пардозу ҷобаҷогузории нигораҳо, ҷамъоварии матолиби зарурӣ хеле азобу заҳмат кашиданд, хонандагони азиз.

Ҳар як экспонати ин музей диққати бинандагонро беихтиёр сӯи худ мекашид. Музейро суратҳо, нигораҳо аз қабили “Устодони Шашмақоми Бухорӣ”, мавригисароёни машҳур, дастаҳои ҳунарӣ фолклории “Нозанин”, суханони Мустафо Бафоев, асарҳои олимон, санъаткорон дар бораи савту сурудҳои Бухоро, муаллифи матни сурудҳо Нишон Отомуродов, Иброҳими Қосимӣ ва ғайра, зеб доданд. Ҳар ҷо бо тартиб гузошта шудани асбобҳоии мусиқӣ ҳусне ба осордидорамон хона афзудааст.

Илоҳо, рӯямон ба рӯю дидори дӯстону инсонони арзанда биафтаду, ин гуна вохуриҳои фоидабахш зиёду барзиёд шаванд. Ба хонандагони газетаамон ҳисётҳои неку хушдилию хушбахтӣ таманно дорам! Омен ва омен!