(Бахшида ба занони санъаткори яҳудиёни бухороӣ)
РАФОЭЛ БАНГИЕВ
Тел-Авив. Эрес Исроэл
Ҷамоати яҳудиёни бухороии тамоми олам якдилу якҷону якнафасу якзабон мебошад. Ҳамаамон, шукр ба номи Бузургвори Олам, куҷое ки зисту зиндагонӣ накунем, ба файзу барахою аслохою пешравиҳо сазовор мегардем, ки дилу ниятамон, нисбат ба Худою Тӯрою дину диёнатамон, анъанаҳою ойинҳою урфу одатҳоямон ва ҳам ба якдигарамону Эрес Исроэл, неку холис мебошанд.
Ҳоле ӯзбекон беҳуда намегӯянд, ки “Яхши ният, ярим давлат!”, яъне худи Худои азизамон ризқу бахтамонро, мувофиқи он некхоҳию равобинию хайру эҳсону дасту дилкушоиямон, ба моён тақдим менамояд, дӯстон! Ҷамоати некхоҳу инсонпарвару меҳмондӯсту сулхҷӯй ба ягон халқҳои олам равои бад надорад. Моён доимо ба Бузургвори олам шукр гуфта, ба ризқамон шоду мамнун мебошем!
Агар аҳамият дода бошетон, дӯстон, фақат яҳудиёни бухороии тамоми олам, тамоми тафилоҳою зуҳарҳоро дар асоси оҳангҳою нигунҳои Шашмақом месароянд. Ҳамин тавр нест? Ин далел, аллакай, гувоҳӣ медиҳад, ки ҷамоатамон, нисбат ба тамоми ҷамоатҳои дигари яҳудиёни олам, ҷудо шуда меистаду дигаргун мебошад! Хоҳиши асосии ҷамоати яҳудиёни бухороиамон, ин ҳам сулху амонию осоиштагӣ, некукорию равобинию некхоҳӣ, нисбат ба тамоми узвҳои ҷудонашавандаи ҷамоатҳои гуногуни яҳудиёни олам мебошад. Ин далел исбот мекунад, ки моён, ҳақиқатан ҳам, ба роҳи дурусти Худоҷӯӣ мебошем!
Кадом меҳмоне, ки аз табақаҳои болонишини давлати Исроэл, қатъи назар ба ашкеназию сефардӣ, ё ин ки ҳизби “рост” ё ин ки ҳизбҳои “чап” буданаш, фарқаш нест, ба чорабиниҳои моён наояд, моён даров ба кифти онҳо ҷомаи кундали зардӯзию қалпоқи чуст мепӯшонем, як лангарии офтобии оши палови подшоҳзеб пешниҳод менамоем.
Барои он меҳмонамон сурудхониҳою рақсу оҳангнавозиҳо менамоем, то ин ки он меҳмон худашро инсони олиқадру меҳмони ҷамоатамон худашро ҳис кунад. Имрӯз дар доираи баромадкунандагони санъати сурудхонию рақскунию зангу қайроқнавозӣ, дар тамоми чорабиниҳои маданӣ-равшаннамоиамон, асосан, занҳои боистеъдоду бомаҳорати ҷамоатамон мебошанд.
Бешубҳа, дар ҷамоатамон мардҳои боистеъдод вуҷуд доранд, вале қисми онҳо дар шабҳои азкоро сурудхониҳо мекунанду он юшвоҳоро гирифта мебаранд. Ҳофизони забардасти онҳо бошанд, дар тӯйхонаҳою концертҳои калон, бо музди арзандаи меҳнаташон рафта, сурудхониҳо мекунанд. Барои ҳамин ҳам, худи вазъияти имрӯза маҷбур карда истодааст, ки занҳои бомаҳорату мӯъҷизаофари санъат, гоҳе, ҳатто, беминнату бепул, гоҳе ба пули майда ҳам, баромадҳои арзанда кунанду он чорабиниҳоро ободу оро намоянд.
Тамоми Марказҳои эҷодии интеллигенцияи ҷамоатамон, яъне “Конгресс” ми, “Муза” ми, “Согдиана” ми, “Брит Йоцэй Бухара” ми, “Марворид” ми, театрҳои “Ханда-Ханда”, “Роҳати ҷон” ми, коллективҳои эҷодии клубҳои Рамлею Кирият Гату Демона ми, фарқаш нест, чорабиниҳои ҷамоатамонро ба услуби анъанавии яҳудиёни табақаҳои айёну ашрафу анъанапарвароне, ки умрбод ба Худо ихлос мекунанд (светские мероприятия) мегузаронанд.

Яъне, дар он чорабиниҳоямон, чун монанди шабҳои юшво, мардҳо аз занҳо ҷудо намешинанд, онҳо боҳам фаъолона ба ин чорабинӣ иштирок менамоянд! Ин вазъият ҳам ба ҷомоати яҳудиёни бухороии Эрес Исроэл ва ҳам дар Амрикою Австрияю дигару дигарон регионҳои ҷаҳон ҷой дорад, дӯстон!
Ин ҳам сабаб шуд, ки дар тамоми баромадҳои концертии имрӯза дар чорабиниҳои ҷамоатамон, аксарияти занони санъаткор моро бо сурудҳою рақсҳояшон шоду хурсанд мекунонанд. Барои ҳамин ҳам, ман мақолаи мазкурамро ба он занони санъаткорамон мебахшам!
МУҲАББАТ ШАМАЕВА

Мӯхлисони Шумо шудаст олам, Муҳаббатхон,
Амрикою Исроэл, Ӯзбекистон, Тоҷикистон!
Ҳам бардаму ҳам солим ва ҳам шодон,
Доимо гул ва ҳам булбул бигар деду хандон!
СОФА БАДАЛБОЕВА-КАЙКОВА

Булбули шашмақоми ту, духтари он Барно!
Софаи хушовозу хушпардоз, гули раъно!
Мардумро шод бикун бо сурудҳои шашмақом,
Бузруку Рост, Дугоҳ, Сегоҳ, Ироқ, Наво!
МАЛИКА КАЛОНТАРОВА

Аз хурӯши шавқи бозиҳои ту, эй Малика,
Баршавад аз синаҳо фаввораҳо, эй Малика!
Офарин хонанду каф кӯбанд мардум,
Доманафшор, болафшор бигзарӣ, эй Малика!
АНЖЕЛА АЛАЕВА

Ширинзабон, химчамиён ту, эй парӣ,
Булбуловози мақомҳои озарӣ!
Ту дар саҳна, Анжела, бароӣ,
Аз сад ҳазор парӣ ту беҳтарӣ!
ТАМАРА КАТАЕВА

Рӯи зебою маҳорат ба ҷаҳон Шумо кардед таманно,
Шумо яктоед, Шумо камтарину ситораю гули мо,
Ҳар як суруди Шумо, Тамарахон, дар саҳнаи олампаноҳ!
Иду фирӯз бигардонад моёнро дар манзили Амрико!
ЭСТЕР ИССОХОРОВА

Мақомсарои беҳамтоед Шумо, Эстери Иссохор!
Дуои халқ доред! Нашавед ҳаргиз хору зор!
Қоилу ҳам моил мекунед бо суруди Шашмақом,
Булбул шавед, суруди ишқ хонед бор-бор!
БАРНО ХАИМОВА

Соҳибсухану нутқ Хаимова Барно!
Нависандаю ҷамоатчӣ, чу Хисраву Сино!
Шуд арзанда, писандида ин зани пешқадам,
Хайру эҳсону номи некаш қаср шуду бино!
ГАЛЯ ОҚИЛОВА

Гашт базми ҷамоат бӯстону гулистон имрӯз,
Биовард Галяи Оқил ба мӯхлисони худ Наврӯз!
Қайроқу зангу пархонааш овард ҳам фирӯз,
Умр хуш бигзарад, базм бишавад шабу рӯз!
БЭЛА ПӮЛОДОВА

Шери халқу мӯхлисон аст Бэлаи Пӯлод!
Пур аз истеъдод аст Бэла – Худодод!
Баромаду концертҳо ӯ мунаввар кунад, обод,
Мардум дуою офарин мегӯянд, зинда бод!
МЕҲРӢ ИСҲОҚБОЕВА

Бидод Худо ба Шумо овози булбулон, Меҳрӣ!
Ҳам зебоию хушрӯӣ, чун Маликаю гулпарӣ!
Солҳои сол оро медодед тӯю сур Шумо,
Илоҳо, умри хуш бинед, начашед аз бадӣ!
РИТА ЮСУПОВА

Эй, гули боғи мукаммали ҳофизон,
Булбулпардоз, эй Ритаи райҳон!
Аз Шаҳрисабзи бостонӣ, Ӯзбекистон,
Суруди дил биори ту дар ин ҷаҳон!
НАРГИЗ МАЛЛАЕВА

Шеъри ту, Наргиз, чун нури шӯълавари он офтоб,
Дилҳои халқу мӯхлисонро медиҳад ӯ обу тоб!
Ҳар як сурудат рӯҳкушод аст ҳам маҳтоб!
Ҳамчу достони Фирдавсӣ “Рустаму ҳам Сӯҳроб”
ПОЛИНА ХАИМОВА

Баҳор меоранд сурудҳои Шумо, Полинахон!
Форсзабон, Ӯзбекзабон, Тоҷикзабон!
Зеби зану орастаи тӯю саҳнаҳо,
Шумо-булбули хушовоз, Полинахон!
Илоҳо, дар ҷамоатамон доимо шабу рӯзҳои хушу хурсандиҳо бишаванду он ситораҳою гулҳои боғи санъат омада, ҳамаро шоду хурсанд бигардонанд! Омен ва омен!