Рафаэль Бангиев
Тель-Авив. Изроэл

Дӯстони мӯҳтараму ба ҷону дил баробар, боиси бузургию равобинии Худои сулхпарастамону дуои неки падару бобоёнамон, моён боз ҳам ба соли нави 5786 бунёд шудани дунёамон, яъне Рош ҳа-Шана шел брият ҳаолам, хурсандонаю шодона расидем! Дар ин шаби сари соламон моён ба Худои яккаву ягонаамон, бо нолишу тафилоҳо муроҷиат намуда, илтиҷо мекунем, ки барои ҳамаамон дарвозаҳои бахту тахт, хурсандию хуштолеъӣ, пешравиҳою муваффақиятҳои бепоён, саломатию тандурустӣ, бедардию тавоноӣ, ақли расою забони гӯёю худдорӣ ваҳоказоро бикшояд, то ин ки моён худамонро, ҳақиқатан ҳам, халқи хушбахтарину нахӯстбини Худоамон ҳис бикунем.
Баъд аз дуои нек кардани фарзандҳою набераҳоямон моён, одатан, ҳар як таъоми болои мизр гузошта шударо, аз рӯи тартибу қонуну қоидаҳои Тӯро, яъне нону асал, караму лавлаву, себу асал, хурмою каду, анору каллаи гӯсфанд ё каллаи моҳӣ, шуши асалолудаю ваҳоказоро, барахо мехонему мечашем. Албатта, моён дар бораи таърихи падару бобоёнамон, урфу одатҳои қадимаи яҳудиён, ки ба ин иди сари соламон таалуқ доранд, ба тарзи омӯзгорию сабақи бебаҳо, нақл карда мегузарем. Ба насли наврасамон мо бояд каме дар бораи сетта сарҳои соли дигари яҳудиён, яъне Рош ҳа-Шана шел Иланот (мавсими дарахтшинонӣ), Рош ҳа-Шана шел Млахим, яъне подшоҳон ва ҳам Рош ҳа-Шана шел Шмита, нақл бикунем.
Ҳар яке аз шабу рӯзҳои иду муъэдҳоямон, умуман, бояду шояд, чун мисли дарси омӯзиш шуда, дар роҳи Тӯроомӯзӣ пешравиҳои зиёдеро биорад, дӯстон. Насли наврас бояд бидонад, ки ягон калимаи ивритӣ бе мазмуни муаяну бесабаб сохта нашудаст. Масалан, калимаи “Шана”, яъне сол, дар асоси калимаҳои “Лешанот”, “Леҳишанот” ва “Леҳиштанот” сохта шуда, яъне ивазшавию гардишу дигаргун гаштани ҳама чизу ҳолатҳои дунёро дар назар дорад. Калимаи “Шана” аз ҳарфҳои “Шин”(300), “Нун” (50) ва ҳам “Ҳэй” (5) иборат буда, мувофиқи гематрияи Худододи яҳудиён, ҷамъ баробари 355 мебошад.
Ин ҳам дар бораи миқдори тамоми рӯзҳои яксолаи яҳудиён исбот мекунад. Тӯрою Кабала меомӯзонанд, ки ҳар як моҳи яҳудиён, мувофиқи гардиши маҳтоб, баробари 29,53 рӯз мебошад. Соли сездаҳмоҳаи яҳудиён, Шана меуберет номида шуда, зани ҳомиладорро акс менамояд ва ҳам моҳи иловаи Адар дорад. Ба туфайли миқдори рӯзҳои он моҳи илова ҳам, моён ба вақту соаташ, ба иди писхо ҳам мерасем. “Авив ҳигия, песах ба!”- яъне, “Баҳор меояду иди писхо ҳам расида меояд!”- мегӯем мо. Худо як коре мекунад, ки ҳисобу китобамон дуруст барояд.

12 моҳҳои яҳудиён, яъне тишрей, хешван, кислев, тевет, шват, адар, нисон, ияр, сиван, тамуз, ов, элул – сол то сол такрор мешаванд. Моён тамоми рӯзҳои таърихиамонро, рӯзҳои таввалуду рӯзҳои вафот, рӯзҳои иду муъэдҳоямон ваҳоказоро дар асоси ҳисобу китоби ин рӯзномаи солонаамон мешиносему баҷо меорем, хонандагони азиз. Ҳамин тавр нест? Мо дар ин шаби сари соламон Худои Бузургворамонро таърифоту тавсифот дода, такрор мекунем, ки Ӯ дунёамонро бо меҳру муҳаббат бунёд намуда, ҳама ҷонваронро ҷуфт-ҷуфт офариду ба онҳо, нисбат ба якдигарашон, ҳисёту эҳсосотҳои олитарини ишқу муҳаббатро тақдим намуд ба умеде, ки зиёд бишавед. Ин фармон ва дуои неки Худоро дар имшаб моён қайд мекунем: “Чун мисли миқдори донаҳои анор зиёд бишавем!”
Донишмандони Тӯро ҳисоб карда баромадан, ки ба тарзи миёна, миқдори донаҳои анор то ба 613 дона мерасанд, яъне баробари миқдори мисвоҳоямон мебошанд. Калимаи “Таряг” аз ҳарфҳои “Тав” (400), “Рейш” (200), “Йӯд” (10) ва ҳам “Гимел” (3) иборат буда, ҷамъ миқдори 613 медиҳад. Соли 5785 гузашта, барои хамаамон соли санҷиши сахт ҳам аз тарафи Худо буд, дӯстон. Худи ҷамоати яҳудиён дар пеши Бузургвори олам гунаҳгори калон мебошад, ки дар солҳои охирон ношукриҳои зиёдеро мекунад. Иззату ҳурмат мобайни аксарияти яҳудиён тамоман нест шуда рафт. Ба ҷои фақат ба Худо ихлос бастану хизмат намудан, яҳудиён ба пеши ҳар як одами пулдор, сардорону сарварони оммаю руҳоният ва ҳам пулу симу зару зевари дунёи бебақоямон сарашонро хам мекунанду ба он чизҳои бекораи оламамон, чун мисли “гӯсолаи тиллоӣ”, “ихлос” ҳам мебанданд. Аз сардорони ҳукуматамон сар карда ва то одамони оддии ҷамоатамон имрӯз сиффатҳои бади инсонӣ, яъне нотавонбинию ҳасадхӯрӣ, калонию худписандӣ, якдигарро бадбинию дуздию қонунвайронкунӣ дар ҷамъияти яҳудиён паҳн шуда мондааст.
Ҳамаи он гуноҳҳои одамон, бешубҳа, қаҳру ғазаби Худоро оварданд! Соли гузаштаи 5785 ҳислатҳои бади гурӯҳҳои яҳудиёни табақаҳои “чапу” “рост”, ашкеназиҳою сефардиҳо, нисбат ба якдигарашон, нотавонбинии якдигарашон ва ҳам хавфи ҷанги бародаркуширо мобайни халқи нахӯстбини худи Худоамон овард. Моён бояду шояд якдилу якнафасу яктану якҷон бишавем, ки моро “Ам Кли”, яъне коса, меноманд. Калимаи “Кли” аз сетта ҳарфҳои ивритӣ: “Хаф”, яъне коҳаним, “Ламед”, яъне левим ва ҳам “Йӯд”, яъне исроэл, иборат мебошад, дӯстон! Агар, Худо накарда, коса шикаста монад, онро пайванд кардан имконнопазир мебошад! Ман ҳамаатонро барҳазар мекунонам, то ин ки ҳамаамон аз хоби ғафлатамон бедор шавему вайронкориро бас кунем! Биёетон, дӯстон, аз имшаб сар карда, ба роҳи инсонгарию равобинию тиффоқию ақлию рафоқатӣ рафта, боз ҳам сазовори нигоҳи неки Бузургвори олам бишавем! Илоҳо, соли 5786 ба ҳамаамон солимию бардамӣ, вақтхушию димоғчоқӣ, бедардию беғамӣ, тӯйҳою рӯзҳои хушу хурсандиҳоро пай дар пай ораду ҳамаамон ба муродҳои дилҳоямон бирасем. Омен ва омен!