(Бахшида ба видеои ба наворгирифтае, ки ба ман сармуҳаррири газетаи амриконии “The Bukharian Times” мулло Рафоэл Некталов роҳӣ намуданд)
Хонандагони азиз, гоҳе ман дар мақолаҳоям ба Шумо дар бораи анъанаҳою урфу одату ойинҳои ширини ҷамоати яҳудиёни бухороиамон дар давраҳое, ки моён сокинони шаҳрҳои Осиёи Миёна будем, нақл мекунам. Ҳақиқатан ҳам, вай давраҳои ширину такрорнашаванда як бор омаданду як бор рафтанд, дӯстон! Сад афсӯс, ки он замонаҳою давраҳоро об гирифта бурд. Он анъанаҳою урфу одатҳо тамоми аҳли ҷамоатамонро ба якдигарашон зич пайваст мекарданду ба роҳи тиффоқию дӯстию рафоқатӣ оварда мерасониданд. Ба ёдатон агар бошад, барои якта тӯйи фарзандро гузаронидан, моён чӣ қадар кӯшишу ғайрату хизмат мекардем. Дар он замонаҳо як одате буд, ки тамоми яҳудиёни бухороӣ ба якдигарашон орзую ният мекарданд, ки дар тӯйҳои фарзандҳояшон омада, хизмат бикунанд.

“Имшаб шаби тӯятон, амон ёр,
Ҳарчи кунем, майлатон, амон ёр,
Домод биёд ба сӯятон, амон ёр,
Оҳиста бинад рӯятон, амон ёр!”
Домоддароронро ба ҳавлии келиншаванда идона мегузаронидем. Яъне, домодшаванда, бо хешу табору дӯстонаш, бори аввалин ба ҳавлии келиншаванда қадам мегузошт! Бо дойраҳою мӯтрибону ҳофизон, рақсу усулу дастархони пурупевон, он чорабиниро мегузаронидем.
“Духтари дурӣ якдона, духтараша гардад она,
Имшаб шаби тӯятоне, дутараша гардад она,
Ҳарчӣ кунед, майлатоне, духтараша гардад она,
Духтари дурӣ якдона, духтараша гардад она!”
Чорабинии астарбуронро ҳам, бо хушу хурсандиҳою суруду хандаю шукуфон мегузаронидем. Занҳои ду тарафаи қудошавандагон ба хонаи келиншаванда меомаданд. Як тарафи қудоҳо астар ва ҳам тарафи дуюмаш бошад, авраи ҷойҳою бистарҳоро оварда, бо суруду хушу хурсандиҳо, боҳам медӯхтанд.
“Юсуфи ман, Юсуфи мане, Юсуфи ман, Юсуфи мане!
Барои қошакот усма наёфтам, Юсуфи ман, Юсуфи мане,
Барои ёракам дилбар наёфтам, Юсуфи ман, Юсуфи мане!”
Барои чашмакот сурма наёфтам, Юсуфи ман, Юсуфи мане!”
Барои тамоми хӯроквориҳои дастархони тӯйхонаҳоро кошерию покиза кунонидан, ду тарафи қудошавандагон, ҳар яктааш ба ҳавлии худаш, гӯсолаю мурғҳои зиндаро харида, меоварданд. Дар рӯзи муаян, аз канесо шохетро таклиф намуда, тамоми он чонваронро, дар асоси қонунҳои Тӯро, мекуштанд. Дар ҳавлии тӯйхона, занҳои бисёри яҳудиёни бухороӣ ҷамъ мешуданду он мурғҳоро ҳам, мувофиқи қоидаҳои Тӯро, поку чок мекарда Маросими қошчинон бошад, ҳақиқатан ҳам, тӯю маъраккаи занон шуда мегузашт. Қошчини мутахассису созандагон ба он чорабинӣ омада, хизмати шоёнаю шоиста менамуданд. Онҳо тамоми занҳоро, бо рақсу суруду қайроқнавозиҳо ва ҳам мухаммасгӯиҳояшон, хурсанду шод мегардониданд.
“Бой бой бое, абрекаш думи море,
Маро он ҷо баред он ҷо намонеде,
Абрекаш думи море!
Ширин ширинам, бое,
Ҷонаш ба ҷонаш, бое,
Садафдандонам, бое”
“Натарсию натарсӣ, чароға кушанд, натарсӣ,
Домод биё, натарсӣ! Натарсию натарсӣ!”
Бозу боз сурудҳои шухи ба бозиҳо меовардагӣ мехонданд:
“Лайли ба хоб аст имшаб, домод бедор аст имшаб!
Лайли ба хоб аст имшаб, кайфу сафо аст имшаб!”
“Фаш фашае фаш фаша, оҳиста канед қошаша,
Фаш фашае фаш фаша, оҳиста канед мӯйяша”
Тӯи калон дар ҳавлии арӯсу тӯи калон дар хонаи домод, алоҳида-алоҳида, мегузарониданд. Вай алангаю дойраҳою карнаю сурнайнавозию ҳофизии бе микрофон, бо овозҳои ширини табиӣ, димоғи тамоми меҳмононро шод мегардониданд. Маросими шаботхотон ҳам, гапа росташ, дар тамоми шаҳрҳои Осиёи Миёна, баъд аз тӯи хонаи домод, дар он ҳавлия худаш, идона, бо дойраҳою созандагон гузаронида мешуд, дӯстон!
Имрӯз бошад, шукр ба Худо, ягон кас он чорабиниҳоро намегузаронад. Қошҳои келиншавандагон бошанд, аллакай, аз синни 12 солагиашон покиза чиндагӣ мебошанд. Аксарияти навҷавонон, аллакай пеш аз тӯй, 3-4 сол як иҷорахона киро карда, бемалол боҳам, чун мисли зану шавҳар, зисту зиндагӣ мекунанд. Ҳоҷати қошчинону шаботхотону дигар чорабиниҳо ҳам нест, дӯстон! Сухану маслиҳату насиҳати калонсолону хостгоронро он навҷавонон гӯш ҳам намекунанд. Он навҷавонони имрӯзаамон, дар асоси хоҳишу табъи худашон, дар кимкадом чӯлу биёбонҳои Эрес Исроэл ҷои гузаронидани тӯйҳояшонро интихоб менамоянд. Бешубҳа, ба калонсолон ин гап малол мерасонад, ки ба он ҷойҳои дуру ношиноси интихобкардаи навҷавонон, рафтани онҳо, ҳатто, душвору имконнопазир мебошад.
Дар Исроэл муаллифи мақолаи мазкур, шукр ба номи Худо, сетта тӯйи калон гузаронид. Бо таклифномаҳо моён ба хонаҳои тамоми меҳмононамон рафта, бо иззату ҳурмат, онҳоро ба дасташон супорида, ба тӯй таклиф менамудем. Пешакӣ як автобуси калонро кироӣ намуда, дастраси он меҳмонони калонсолонамон мекардем. Онҳоро ба тӯй овардаю ва ҳам аз тӯй ба хонаҳояшон бозмегадонидем. Он навҷавонони имрӯзаамон бошанд, бо воситаи телефонҳои дастию вотсап, он таклифномаҳоро ба телефонҳои дастию вотсапи тамоми меҳмонон мерасонанд. Ягон иззату ҳурмат намондаст, дӯстон. Кироӣ намудани автобус бошад, ба хоби шабамон! Лекин, он навҷавонон тӯҳфаҳои пулиро аз он меҳмонони калонсол, ҳатто, металабанд! “Ба тӯи мо барои чӣ Шумо наомадетон?”- гилла мекунанд он навҷавонон. Чихел он калонсолон, бе мошинаҳою бе истифодабарии программаи “Вейс” дар телефонҳо, ба он чӯлу биёбонҳо рафта биёянд.
Ба наздикӣ ман аз дасти мулло Рафоэл Некталов, яъне аз Амрико, як видеосабту намоиши таърихиро сазовор гаштам. Дар давоми мақолаам ман ба шумоён, хонандагони азиз, каме дар бораи он видео гуфта мегузарам. Мамлакати Франсия дар соли 1953. Яке аз дастаҳои ҳаваскорони ҳофизону мӯтрибони ҷамоати яҳудиёни онвақта ба он мамлакати ғарбӣ ба гастролҳо омада, санъати фолклории худашонро намоён кунонида истодаанд. Пеш аз саршавии он намоиши саҳнавӣ, як марди ҷомапӯшида баромада, тамоми меҳмононро ба тӯйхона даъват карда истодааст. Баъд аз ин бошад, як дастаи дойранавозон ва ҳам мӯтрибон мебароянду баромадҳо менамоянд.
Ман нағз аҳамият додаму дидам, ки ҳамаи он мӯтрибону дойрадастон ҷомапӯшида мебошанд. Бар сарҳояшон бошад, қалпоқҳои чуст мебошанд. Баъд онҳо бошанд, якчанд занҳои ҷамоатамон, бо арӯсшаванда, бо сару либосҳои қадима даромаданд. Дар болои сари арӯс пархонаю рӯймоли тиллоранг буда, бар танаш, чун монанди тамоми занҳои меҳмонон, куртаҳои қадимаи васеъу остинҳои дарози “компот”, пӯшида ҳам буд. Диққат додам, ки дар болои кифтҳои тамоми он занҳо фаранҷа ҳам буд. Ин ҳам дар асоси анъанаҳои яҳудиёни қадими Эрон мебошад. Арӯсро ба миёни ҳавлӣ оварда, шинониданд. Ба наздаш бошад, зани қошчин омада, қошҳою рӯи арӯсро покизаю тоза чинда монд. Занҳои меҳмонон бошанд, ба рақсу усул даромада, хурсандиҳою базм карда истодаанд.
Аҳамият додам, ки сурудҳою оҳангҳои иҷро мекардагиашон, чун мисли имрӯза, буданд. Вале, сонитар, онҳо дар асоси оҳанги классикии “Муноҷот” (қисми сеюмаш) рақсашонро давом доданд. Дар охири он рақсашон бошад, мардҳо худи домотро, аз қултуқашон гирифта, ба ҳавлӣ дароварданд. Домот арӯсашро гирифта, дар атрофи он тӯйхона як бор чарх заданд. Мардон бошанд, аз болои сарҳои арӯсу домот рӯймоли калони талитро бардошта, онҳоро аз ҳавлӣ берун бароварданд. Дойрадастону мӯтрибон ҳам, ба онҳо ҳамроҳ шуда, аз ҳавлӣ баромаданд. Бояд қайд кард, ки занон дар айёми рақсашон тамоми ҳаракатҳои фақат ба яҳудиёни бухороии Эрон анъана шударо, истифода бурданд. Он гуна ҳаракатҳоро ҳеҷ вақт раққосагони тоҷику ӯзбек истифода намебаранд. Тамоми он оҳангҳою созишҳо ва ҳам сару либосҳои мӯтрибону санъаткорон ҳам, аз сару либосҳои санъаткорони тоҷику ӯзбек фарқияти куллие доштанд. Сад раҳмат ба мулло Рафоэл Некталов, ки ба туфайлу шарофати он кас, ҳамаамон сазовори он намоиш шуда мондем! Илоҳо, тамоми насли наврасамон ба воя расаду тӯй шавад! Ва лекин, Худо онҳоро камтар тӯвфиқ диҳад, то ин ки ғами калонсолонро ҳам хӯрда, аз иззату ҳурмату инсонгариашон дур нашаванд. Бе сабаб намегӯянд, ки “Фарзанд азиз, одоб аз он фарзанд ҳам азизтар мебошад!” Омен ва омен!
Рафоэл Бангиев,Исроэл