THE BUKHARIAN TIMES

Рӯшел РУБИНОВ

БА КӢ МЕМОНАД ИН САНЪАТ?

Ба ҳайрат ман аз ин ҳолат,

Ҳама фикри пулу давлат,

Ба дил аз он маро ҳасрат,

Ба кӣ мемонад ин санъат?

Басо бисёр санъаткор,

Ҳама чун тӯтӣ хушгуфтор,

Азизонам шавем бедор,

Ба кӣ мемонад ин санъат?

Ҳамеша шахси хушовоз,

Намояд халқи мо эъзоз,

Шавем баззозу ё пулбоз,

Ба кӣ мемонад ин санъат?

Зи ғам хотирпарешонам,

Баромад оҳи сӯзонам,

Зи ғусса зору ҳайронам,

Ба кӣ мемонад ин санъат?

Надонам сарҳисобамро,

Диҳам бар кӣ рубобамро?

Бигӯ, Ё Раб, ҷавобамро,

Ба кӣ мемонад ин санъат?

Аё, Рӯшел, кушо мактаб,

Шавад ҳосил туро матлаб,

Бипурс аз ҳама рӯзу шаб,

Ба кӣ мемонад ин санъат.

Шаҳри Ню-Йорк, 2025 с.

ҲАЙФ АСТ

Ба нодон илму фан ҳайф аст,

Ба ӯ ҳарфе мазан ҳайф аст,

Барояш ҷон макан ҳайф аст,

Ба гӯши кар сухан ҳайф аст.

Дурӯғгӯйи кунон одам,

Такаббурӣ кунад ҳар дам,

Ман аз таҷриба медонам,

Рафиқ бо ӯ шудан ҳайф аст.

Мушоҳида намуда гард,

Басо бисёр аст номард,

Дилеро, ки надорад дард,

Сару пову бадан ҳайф аст.

Ба шахси ҳилагар, маккор,

Ба одамҳои дилозор,

Ба шахси аз Худо безор,

Бидон гӯру кафан ҳайф аст.

Ба шахси хаставу монда,

Ба иғвогар ва шарманда,

Ба шахси кинаҷӯ ганда,

Ба фикрам ҳарфи ман ҳайф аст.

Аё, Рӯшел, Худоро ҷӯй,

Шунав бисёру камтар гӯй,

Гулеро, ки надорад бӯй,

Ба вай боғу чаман ҳаф

Шаҳри Ню-Йорк, 2025 с.

ФАРЗАНДАКАМ

Меваи ширин, ба дил пайвандакам,

Ҷону дил қурбони ту лабхандакам,

Бехалал бошад агар, дилбандакам,

Як хабар аз ман бигир фарзандакам.

Ман шудам пазмони рӯи равшанат,

Чашмаконам дар раҳи омаданат,

Бо худат бигрифта фарзанду занат,

Як хабар аз ман бигир фарзандакам.

Чун туро ман дӯст медорам зи ҷон,

Аз бароят кардаам умрам хазон,

Сад шукр, ки зиндаам дар ин ҷаҳон,

Як хабар аз ман бигир фарзандакам.

Ман камина баҳри ту ҳастам падар,

Ногаҳон карди фаромӯшам магар?

Шод мегардам туро бинам агар,

Як хабар аз ман бигир фарзандакам.

Ман чӣ гӯям? Ҳоҷати гуфтор нест,

Фориғ аз ташвишу ғам рӯзгор нест,

Эй дилу ҷонам, пулат даркор нест,

Як хабар аз ман бигир фарзандакам.

Мекунам, Рӯшел, туро ҳар дам дуъо,

Ҷонакам, бошад нигаҳдорат Худо,

Ёбад аз дидори ту дардам шифо,

Як хабар аз ман бигир фарзандакам.

Шаҳри Ню-Йорк, 2025 с.

ТИНҶӢ БОШАД

Басо осудадил, беғам бигарди,

Наметарси зи тобистону сарди,

Ба олам аз ҳама хушбахт марди,

Агар дар хонадонат тинҷӣ бошад.

Ба ҳама шӯъла пошад нури рӯят,

Шитобон дӯстон оянд сӯят,

Зиёфат, маърака, шоҳона тӯят,

Агар дар хонадонат тинҷӣ бошад.

Ба ҳар ҷое қадам мони, амони,

Фаровон менамойи зиндагони,

Бикун бовар, чу подшоҳи ҷаҳони,

Агар дар хонадонат тинҷӣ бошад.

Хури ширу асал бо мағзи дона,

Намекоби фиребанда баҳона,

Натарсида бари меҳмон ба хона,

Агар дар хонадонат тинҷӣ бошад.

Агар дори зани хубу вафодор,

Намебини ғаму ташвишу озор,

Ба ҳар корат Худо ёру мададгор,

Агар дар хонадонат тинҷӣ бошад.

Кушода кори дӯкону тиҷорат,

Харида ҳавлиҳо сози иморат,

Ба оила зани гап бо ишорат,

Агар дар хонадонат тинҷӣ бошад.

Ба консертад ҳама саҳна пур аз гул,

Ба тӯйхона туро киса пур аз пул,

Ашӯла хони, Рӯшелҷон, чу булбул,

Агар дар хонадонат тинҷӣ бошад.

Шаҳри Ню-Йорк, 2025 с.