ШОИР ШУДА БИН!
Ин саҳифаи газетаи шумо, хонандагони азиз, ба як силсила шеърҳои нави шоири машҳур, ҳофизи хушовоз Рӯшел Рубинов бахшида шудааст.
Боварӣ дорем, ки дар ҳар як оилаи яҳудиёни бухороӣ шеърҳои ин шоири ширинкаломро бо хурсндӣ мехонпнд, сурудҳои ӯро шунида, лаззат мебаранд, чеҳраи гармашро бо танбӯр дар даст пеши назар мебиёранд.
Рӯшел Рубинов шеър менависад, ба забони барои яҳудиён фаҳмои форсии тоҷикӣ., бо риояи ҳамаи қоидаҳои шеърнависӣ, бо маънӣ ва мазмуни баланд.
Истеъдод (талант)и шоирӣ ғ як тараф. Аз тарафи дигар – меҳру муҳаббат ба мусиқии классикии Шашмақом. Ва, аз ҳама муҳим, дар сурудхонӣ ба маъни ишеъри шоирони гкзашта, ҳамчун забондон, сарфаҳм рафта, ба ҳарфи хато рҳ намедиҳад.
Шеърнависиро бо хурсандӣ давом диҳед, Рӯшелҷон, суруд хонед ва ба мардум хурсандӣ бахшед!
Малкиэль Даниэль