яҳудиёни бухороию яҳудиёни дигар ҷамоатҳои олам
“Ҳурмати меҳмон нигаҳ дор, эй писар!”
РАФОЭЛ БАНГИЕВ
Тел-Авив.
Эрес Исроэл

Хонандагони азиз, моён доимо, чун монанди падару бобоёнамон, ба фарзандонамон ва, ҳатто, ба набераҳоямон, аз давраҳои хурдсолиашон сар карда, “Меҳмон аз даргоҳи худи Худо аст!”, ё “Қадри меҳмон гоҳе аз қадри падар ҳам мегузаронад!”- гуфта, ин сиффати муҳимми инсонгариро, нисбат ба меҳмонон, тарбия медиҳем. Барои ҳамин ҳам, дар ҷамоати яҳудиёни бухороиамон, меҳмондорӣ одату анъанаи хуб шуда мондааст.
“Эй, бародар, меҳмонро нек дор,
Ҳаст меҳмон аз атои Худоҷон!”
Аз хурдсолӣ ба моён тарбия доданд, ки меҳмон ба хонадони одами хушбахт меояд. Пеш аз омадани он меҳмон, Худо худаш ризқи ӯро мефирсонад. Бо дидани меҳмон шоду хуррам шуда, гирреҳои дили худро мекушоем, ки шоир ба маънӣ рост меояд:
“Чу меҳмон оядат, дилшод мебош,
Зи ҳар банду ғаме озод мебош!”
Ҳақиқатан ҳам, дар мавзӯи меҳмону меҳмондорӣ ва меҳмоннавозӣ, шоирону нависандагони зиёде асарҳои зебандаю пурмазмун эҷод мекунанд.

“Аз кудуми меҳмон гардад
мунаввар хонаам,
Хона фонус асту меҳмон
шамъу ман парвонаам!”
Хонандагони азизу мӯътабар, ҳақиқатан ҳам, доираи меҳмондорӣ васеъ аст. Аз як кас сар карда, то садҳо касон ҳам, меҳмон ҳисоб меёбанд. Барои меҳмондорӣ дар баъзе оилаҳо рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо, аз сидқи дилу ҷон тайёрӣ мебинанд. Ҳаракат мекунанд, ки хонаву ҷо ораставу пироста, дастурхони пур нозу неъмат бошад. Чуноне, ки шоир гуфтааст:
“Чӣ хуш меҳмондорӣ —
нозу неъмат рӯи дастурхон,
Гирад чашму димоғатро
ба сад алвон!
Табиат шоҳу хотират
вазир гардида биншинӣ,
Ба шарте, шодчеҳру хушсухан,
пайрав шавад мизбон!”
Худи мизбонҳо ҳам дасту рӯяшонро пок карда, либосҳои тозаро пӯшида, то ба кӯча рӯбучин намуда, дар назди дарвоза мунтазир мешаванду меҳмонро бо чеҳраи шод, бо суханҳои пухтаву боадабона, бо навозиш ба хона таклиф намуда, “Хуш омадеду баховӯд!” мегӯянд. Бояду шояд он меҳмонро ба ҷои намоёну баланд шинонем. Агар дастони меҳмон ношуста бошанд, пеш аз чашидани таом, ба дастҳояшон об гирифта шавад, боз ҳам савобу мисвои калон мебошад, дӯстон.

Баъзе ҳолатҳо ҳам мешаванд, ки “гузаред-гузаред”, “аз Шумо шавад!”- бисёр такрор мешаванд. Меҳмонони нозуктабъи бомаърифат, либосҳои вазнинашонро аз бар кашида, пойафзолашонро низ оҳиста бароварда, ба ҷои муносиб гузошта менишинанд. Одамони бефарқ бошанд, дуруст шустшӯй накарда, ҳатто, ришу фашро ба тартиб надароварда, ё ин ки либосу пойафзоли чанголуд, ба болои кӯрпачаҳо баромада, менишинанд.
Одамоне ҳам пайдо мешаванд, ки бо нохунҳои дарозу тагааш кап-кабуд, ба хӯроквориҳо даст дароз карда, табъи дигаронро нохуш мекунанд. Дар ин мавзӯ бузургон гуфтаанд:
“Андарун аз таом хомӣ дор,
То дар он нури маърифиат бинӣ!”
Ё ин ки бозу боз мегӯянд, ки
“Чу меҳмон расадат
ба дастурхонат,
Чу гавҳар ба садаф дорӣ забонат!
Зи бозору зиндагӣ магӯю манол,
Тавонӣ барояш фидо кун ҷонат!”
Ин насиҳат бошад, барои соҳибони хонавод бахшида шудаанд. Ҳастанд соҳибони хонаводе, ки дар айёми меҳмондорӣ дар бораи нарху навои баланди хӯроквориҳо дар магазину бозор гап мезананд. Меҳмон бошад, он суханонро ба худ мегирад ва ба давом додани меҳмоннавозиашу чашидани он таомҳои болои мизрбуда, шарм мекунад, дӯстон!
Меҳмон ҳам бояду шояд бомаърифату маданиятнок бошаду ба қадри он меҳмондорӣ бирасад.

“Бе талаб зинҳор дар
хони касе меҳмон машав,
Гавҳари беқиммати
санги таҳи дандон машав!”
Хулоса, меҳмони нохонда машав. Эҳтиёд бош! Дар сари дастурхон худнигоҳдорӣ ҳам кори муҳим аст! Баъзеҳо, ҳатто, тарзи пиёладориро намедонанд. Нисфи ангуштин ба даруни пиёла дароварда, ба Шумо чой дароз мекунанд. Ин метавонад табъи меҳмонро хира созад. Бешубҳа, сӯҳбати сари дастурхон гуногун ва ба аҳли маҷлиси меҳмонон вобаста бояд бошад. Масалан, касоне ҳам ёфт мешаванд, ки ба гӯши якдигар пичирроскунон менишинанд, ки одати ниҳоят бад аст. Дар бисёр ҷойҳо сӯҳбатҳо ранги дунёпарастӣ мегиранд. Қатъи назар аз он, ки бузургон гуфтаанд:
“Касе ба ягон коре ё чизе аз ҳад зиёд меҳр монаду ӯро носерӣ занад, маҳрум нашуда намемонад!”
Ногуфта намонам, ки дар меҳмондориҳои нисбатан доирааш васеъ, ба исрофкориҳои зиёде роҳ дода мешавад. Пас аз рафтани меҳмонҳо, таоми бисёри сарқутшуда чалахӯдашударо маҷбур мешаванд, ки ба чорво (гову гӯсфандҳо) диҳанд. Ё ин ки, мартованд. Сад афсӯс! Қадри неъмат пас аз заволи неъмат!” мегӯянд. Маҳз, ба туфайли бефарқию қадрнашиносиамон, ба рӯзҳои қиммативу қаҳатӣ расида будем. Ба қадри меҳнат расидан, ин қадри худро донистан ҳам аст, дӯстон! Касе ки қадри худро намедонад, қадри дигаронро аз куҷо донад?
Илоҳо, хонаҳою манзилҳои ҳамаамон доимо аз дидани рӯйҳои гарми меҳмонон шоду мамнуну нуронуру мунаввар гарданд! Омен ва омен!
Рафоэл Бангиев,
Муҳаррири газетаи “Менора”: саҳифаҳо ба забони яҳудиёни бухороӣ,
Ҳодими хизматнишондодаи санъату маданияту адабиёти Исроэл,
аъзо Иттифоқи нависандагони Исроэл

Пояснение:
Эта статья о различие между гостеприимством бухарских евреев и евреев всех других общин мира. Каждый гость для нас и для нашего подрастающего поколения – это кто-то особенный, которого мы во все времена принимаем с великим почётом, уважением и радушием. Мы накрываем столы в честь гостей. Леонид, я пришлю картинку. Спасибо!