Рафоэл Бангиев
Тел-Авив.
Эрес Исроэл
“Рост ҷӯ, рост нигар, рост гузун!
Рост гӯ, рост шунав, рост нишин!”
(Абдураҳмони Ҷомӣ)

Хонандагони азизу мӯътабар, сухани рост гуфтан – нишони мардонагист! Худованди бузург бандагонашро аз ростгӯйӣ ҳидоят мефармояд. Сухани дуруст марҳами дилҳост ва моро аз балоҳо раҳоӣ мебахшад! Ҳоле, яке аз донишмандони Тӯрою илмҳою фаннҳои олам, мулло Рамбами олампаноҳ, фармудаст:” Ҳақро дар ҳама ҳол бигӯ, пархезгоронро ёвар бош ва аз фосиқон дурӣ гузин!”
Дӯхтури машҳури оламӣ, олими такрорнашаванда, мулло Абу Алӣ Ибни Сино бошанд, доимо такрор мекарданд, ки “Ростгӯйӣ – сарфарозӣ ва дурӯғгӯйӣ бошад, нотавонист!” Бесабаб нест, ки Бузургвори олам ба халқи нахӯстбину интихобкардааш, яъне яҳудиён, фармудаст, ки бо почаи рост ҳар пагоҳӣ аз ҷои хобашон хезанду аз тарафи рост ба тарафи чап нависанду бихонанд! Бо дасти рост мезузоро бӯсида, ба манзилгоҳашон, бо воситаи почаи росташон, дароянду қадам гузоранд! Бо дасти рост тамоми фарзандону набераҳою абераҳоро дуои нек бикунанд, то ин ки он дуои некашон аз тарафи Худованд даргир шавад!
“Ҳар он кас ба ту нагӯяд дуруст,
Чунон дон, ки ӯ душмани туст!”
(Абдулқосим Фирдавсӣ)
Падару бобоёнамону омӯзгорони бузургу номдор ба моён таълиму тарбия медоданду мегуфтанд:

“Беҳ аз ростӣ дар ҷаҳон кор нест,
Ки дар гулбуни ростӣ хор нест!”
(Фаридуддин Аттор)
Носири Хусрави бузург, масалан, дар бораи ин мавзӯъ чунин гуфтааст:

“Шахси дурӯғгӯй обрӯяшро аз даст медиҳад,
Ҳар он касро, ки гуфтораш дурӯғ аст,
Зи рӯйи ақл рӯяш бефурӯғ аст!”
Мана ҳамин тавр, ҳар яке аз донишмандону дунёдидагону дунёшиносон дар бораи ростию дурӯғгӯйӣ фикру муллоҳизаашонро баён намуданд, дӯстон. Мавзӯи мазкурамонро, бешубҳа, бо суханони адибони бузург, давом медиҳем. Дар осори Саъдии Шерозӣ бошад, ин мавзӯъ хеле хуб ҳаллу фасл гардидааст:
“Дурӯғ одамиро кунад бевиқор,
Дурӯғ одамиро кунад шармсор”
Ё ин ки
“Дурӯғ, эй бародар, магӯ зинҳор,
Ки козиб хору беэътибор!”
Ба “Марзбонома” қайд карда шудаст, ки аз мардуми дурӯғгӯй мардуми ростқавлу ростгӯй меҳаросанд, бо онҳо дӯсти намеварзанд. Ин тоифа аз боварии одамон барвақт баромадаанд:

“Он ки ба дурӯғгӯйӣ мансуб гашт,
Агар рост гӯяд, аз ӯ бовар надоранд!
Шахси ростгӯй тарбиятгар мебошад. Ӯро метавон хирадманд ҳисобид. Ин қабил одамон дар дӯстиву рафоқат устуворанд, ба қадри ҳамаи хубиҳо мерасанд ва муносибату муомиллаҳо бо ӯ касе зарар намебинад. Ба ин хотир моро лозим меояд, ки дар пайи ростиву дурусткорӣ бошем, ки гуфтаанд:
“Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад!”
Дӯстони азиз, ман ҳамаатонро аз “санъати дурӯғгӯйӣ дар оилаҳо” барҳазар мекунам, ки ин гуноҳи калон мебошад. Дар олами каҷу килебу бебақоямон, моён дар дар ҳар як қадамамон бо одамони дурӯғгӯй вомехурем. Масалан, депутатҳою вазирону сардорони давлату мамлакатҳо, дар маросиму айёми интихоботҳо, доимо ваъдаҳои дурӯғ ба халқ дода, худашонро мансабдору бою бодавлат мекунонанд! Ё ин ки, масалан, дар аввалҳои солҳои 2000 дар Исроэл, аксарияти коркунони болонишини полисияю ҳарбӣ, ё ин ки сардорони Иттифоқи касабаи муаллимони Исроэл ва ба онҳо монанд одамон, бо фиребу найрангу дурӯғгӯйиҳою пораҳои калон, дипломҳою унвонҳои академиявию маълумоти олиро харида гирифтанд?! Барои ҳамин ҳам, ин гуна одамон ба қадри репатриантҳое, ки ҳақиқатан ҳам, дар муддати солҳои зиёде дар Донишкадаҳои Олӣ хонда, сазовори маълумоти олию унвонҳои баланди олимӣ шуданд, намерасанд”.
“Хар чӣ медонад мазаи ҳалвою набот,
Ба хар нимча каву пушти равод!”
Дар давоми солҳои зиёде, ки ҳамаамон сокинони республикаҳои СССР будем, дар ҳар иду муъэди писхо моён, дастҳоро бардошта, ба Худо муроҷиат мекардему илтиҷо менамудем:” Ба шана ҳабаа ба Ерушолаим ҳабнуя!”, яъне, илоҳо дар соли оянда Худо моро ба Исроэлу Ерушолаим лоиқ бинад! Илоҳо, дар соли оянда моён иди писхоро на ба ҷойҳои голут! Дар Исроэли Худофармудаю Худод гузаронем! Аҷоибаш дар он аст, ки имрӯз ҳам, он яҳудиёни бухороиамоне, ки сокинони мамлакатҳои бегона шуда мондаанд, дастҳоро боло карда, аз Худо ҳамон илтимосашонро давом медиҳанд. Ё, Худои азиз! О ҳозира худаш ба Исроэл раветон намешавад ми? Ё ягон кас имрӯз пеши роҳатонро мегирад ми?! Имрӯз СССР нест ку?!
Худои азизамон он илтимосҳои моро иҷро намуд. Дарвозаҳои СССРро кушода, ба тамоми яҳудиён, барои ба Исроэл рафтан, имконияте дод! Яҳудиёни бухороиамон бошанд, ба ҷое, ки давидаю шодона ба Эрес Исроэл раванд, ба Америкаю Австрия, ҳатто ба Германия (?!), рафтанд, то ин ки ҳарчи тезтар ба пешравиҳои молиявӣ (!) сазовор бишаванд. Оё ин кирдор, нисбат ба кирдорҳои Худо, дурӯғгӯйӣ нест?
Имрӯз, сад афсӯз, ки дурӯғгӯйӣ – асоси аксарияти корҳою кирдорҳои одамон шуда мондааст! Масалан, одамон имрӯз пулҳои ғайриқонуниро мебароранду ба ҷои пули давлатӣ истифода мебаранд (Фальшивомонетчики). Одамон китобҳою очеркҳою корҳои тадқиқотии нависандагону олимонро, бо номи худашон мебароранд! (плагиат)
Баъзе барандагони юшвоҳои яҳудиёни бухороиамон номдуздӣ карда, худашонро “ҳоров” меноманд. Онҳо калимаҳои Тӯроро ба пулҳои калон мефурӯшанд. Магар ин кирдорашон дурӯғгӯёию дуздӣ нест?
Илоҳо, Худо ҳамаамонро тӯвфиқ кунаду аз дурӯғгӯйию найрангбозию дуздию қалобӣ дур гардонад. Омен ва омен!