
Дар муддати солҳои зиёде ҷамоати умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ ва ҳам тамоми намояндагони халқҳои Осиёи Миёнаю СССРи гузашта, сармуҳаррири газетаи машҳури Амрико “Бухариан Таймс”, ҷамоатчии номдору камтарину арзандаю шинохташудаи олам, мусиқашиноси пурдону пуртаҷрибаю эрудит, яъне мулло Рафоэл Некталовро, мешиносанду меписанданд. Ба наздикӣ, дар китоби дуҷилдаи ҷамоатчиёни номии мамлакати Исроэл Маркиэл Фозилову ҳамсарашон доктор Хана Дониэлова “Халқи ман”, яъне “Мой народ”, мақолаи энциклопедии кӯтоҳу пурмазмун дар бораи сармуҳаррири газетаи “Бухариан Таймс”, мусиқашиноси машҳуру номдору яккачин
Рафоэл Некталов ба рӯшноӣ баромада буд. Вале, он мақола фақат як шингилчаи майдае аз боғи гулистону бӯстони подшоҳзеби ҳаёту эҷодиёти пурсабзу сермеваи Рафоэл Некталови бомаҳорату боистеъдоду некукору соҳибсухан мебошад, хонандагони азиз.
“Хоҳи ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо биравӣ, азизи мардумон бошӣ,
Такрор куну амал куну илм омӯз,
То тоҷи сари ҷумлаи одамон бошӣ!”

Аз таҷрибаи шахсии чандинсолаи адабияму мақоланависиям дар газетаҳои ҷамоатамон, бояд ба Шумоён, дӯстони азиз, ошкор гӯям, ки мулло Рафоэл Некталов, ҳақиқатан ҳам, ба вазифаи сармуҳаррири газетаи ҷамоатии Амрико, зебанда мебошанд. Бояд донист, ки ин вазифаи муҳиму душвори сармуҳаррири газета якчанд донишҳоро талаб мекунад:
1. Тамоми матнҳои нависандагон ва ҳам худи худашонро, мувофиқи мазмуну маъно, қонунҳои адабиётшиносию филология, яъне забоншиносӣ ҳам, дар саҳифаҳои газета тартибу орою мунаввар гардонида, гузоштан,
2. Тамоми хатоҳою ғалатҳои орфографиявӣ ва ҳам саводи хатнависии нависандагонро ислоҳ, яъне коррекция, намудан,
3. Ҳар як газетаро, мувофиқи он воқеаҳои рӯзу шаби гузарон, актуалию ҳозиразамону диққатомез кунонидан,
4. Сармуҳаррир бояд тамоми муносибатҳою муомиллаҳои касбиро бо навсандагони газета, мувофиқи этикаи нависандагон, идора кунад,
5. Бояду шояд сармуҳаррири газета, чун мисли Рафоэл Некталов, бояд забоншиносу полиглот бошад, ки газетаҳои ҷамоатамон аз якчанд забонҳо, чун мисли русию англисию бухороӣ, иборатшуда мебошанд. Ҳақиқатан ҳам, Рафоэл Некталов, нисбат ба дигар сармуҳаррирони газетаҳои ҷамоатиамон, дорои тамоми он забонҳо мебошанд, дӯстон. Он кас тамоми он забонҳои лозимиро ба дараҷаи адабии баланд дониста, саводи онҳоро ҳам мешиносанд, тамоми хатоҳои ҳар як ҷумлаи матнҳои мақолаҳои нависандагонро ислоҳ карда метавонанд.
“Зиндагӣ маънӣ надорад
бе камоли маърифат,
Одамиро маърифат шаҳбози
дунё мекунад!”
Ҳаёту эҷодиёти мулло Рафоэл Некталов барои намояндагони бисёри ҷамоатамон намунаю ибрат шуда мондаанд. Вай фестивалю баромадҳои ҳофизону мӯтрибону раққосагону созандагони яҳудиёни бухороӣ, вай ҷамъомадҳою консертҳои тематикии ганҷинаи сурудҳою оҳангҳои Шашмақом, вай ташаббускорию ташкил намудани баромадҳои умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ дар биноҳои машҳури дунёю шаҳрҳою деҳаҳои номии олам, ки онҳо аз дасти шахсии мулло Рафоэл Некталов баромада меистанд, ҳамаамонро ба тааҷуд оварда меистанд, дӯстон.
“Ҳар киро аз баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд!”
Рӯзе, ҳофизи беҳамтою шоҳи сурудхониҳои Шашмақом мулло Авроҳом Толмасов, як суруди аҷоибашонро ба моён иҷро карданд. Номи он сурудашон “Як рӯз ба ҷои ман ту ҳофиз шуда бин” мебошад, дӯстон. Ҳар як сухани он сурудро шунида ва ҳам маънояшро нағз фаҳмида, тамоми мӯхлосону шунавандагони ин ҳофизи мумтози ҷамоатамон якдилона ба хулоса омаданд, ки барои иҷро намудани вазифаи мушкили ҳофиз, ё ин ки сармуҳаррири газета, фарқаш нест, инсон бояд соҳибҳунар бошад. Дар урфият беҳуда намегӯянд, ки “Чумчуқро қассоб кушад!”.
“Зи боғе, ки пешинагон коштанд,
Пасояндагон мева бардоштанд!
Чу кишта шуд аз баҳри мо чанд чиз,
Зи баҳри касон мо бикорем низ.
Чу дар кишту кори ҷаҳон бингаред,
Ҳама деҳ кашоварзи якдигарем!”
(Низоми Ганҷавӣ)
Ҳар кас, ҳақиқатан ҳам, аз ӯҳдаи вазифаи мушкилу душвори касбии сармуҳаррири газетаи машҳуру номии ҷамоатамон баромада наметавонад, дӯстон. Ман гувоҳӣ дода метавонам, ки эрудицияи весеъи Рафоэл Некталов сабаб шуд, ки дар муддати солҳои дуру дароз ҳамаамон аз меваҳои боғи гулзори киштукори ин сармуҳаррири пурдону оқил, ҳосили фаровон бардошта истодаем.
Бояд қайд кард, ки мулло Рафоэл Некталов на фақат сармуҳаррири газета мебошанд. Он кас ҷамоатчии нотакрору номдори Амрикою Австрияю Германияю Исроэлу Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳам мебошанд. Он кас журналисти пурдону публицисти бебаҳо, раиси Иттифоқи нависандагони Амрикою Канада, мусиқашиноси машҳури пурдон, вакили фахрии ҷамоати яҳудиёни бухороӣ дар роҳи дӯстию ҳамкорию тифоқӣ ва ҳам санъату фарҳангомӯзӣ мобайни халқҳои Осиёи Миёнаю ҷамоатамон, продюсеру ташкилотчию ташаббускори чорабиниҳои бузурги ҷамоатамон ва ҳам байналхалқӣ, координатори Конгресси умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ ҳам мебошанд. Сад офарин ба Рафоэл Некталов!
Имрӯз моён, боиси ташаббусу роҳбарии бевоситаи Рафоэл Некталов, дорандаи Ассоциацияи мусиқашиносону санъатшиносони умумиҷаҳонии яҳудиёни бухороӣ дар Амрико шудем, дӯстон. Ман умеди комиле дорам, ки дар сафҳои пеши ин ташкилоти мусиқавию илмӣ, доктори фанҳои санъатшиносию мусиқашиносӣ хонума Зоя Тоҷикова ва ба он кас баробару лоиқандагон аз олами мусиқа истода, ин ташкилоти Рафоэл Некталовро нуронур мекунонанд, дӯстон.
Аз мулло Рафоэл Некталови машҳур ман, чун яке аз ҳодимони хизматнишондодаи санъату маданияту адабиёти Исроэл, лауреати мукофот ба номи Исҳоқ Мавашев, илтимос мекардам, ки газетаи “Бухариан Таймсро”, илоҷе ёфта, дастури ҷамоати яҳудиёни бухороии Исроэл ҳам мекарданд! “Моҳ бе айб нест!” – мегӯянд. Агар, ҳақиқатан ҳам, ин газетаашонро моён дар Исроэл ҳам мехондем, қадру ному фахри ин газета ҳазорбаробар зиёд мешуд!
Ба Рафоэл Некталов солимию бардамӣ, умри дарозу ризқи фаровон, сарбаландию хонаободӣ ва ба фаъолияти ояндаашон муваффақиятҳои бепоёнро таманно дорам! Омен ва омен!