РАФОЭЛ БАНГИЕВ
Тел-Авив. Эрес Исроэл

Намояндагони ҷамоати яҳудиёни бухороӣ ва ҳам намояндагони тамоми ҷамоатҳои яҳудиёни мамлакатҳои шарқу араб, аз он давраҳои қадим сар карда, мувофиқи анъанаҳою ойинҳою урфу одатҳояшону дину диёнаташон, ба услубҳои муаяни либоспӯшии шарқию арабию ҳиндустонӣ, аҳамияти калон медоданд. Ҳатто, барои ҳар як элементҳою фрагментҳои он либосҳои анъанавиашон, мобайни якдигарашон баҳсу мубоҳисаҳо мебурданд.
Масалан, занҳои ҷамоатиамони тамоми он мамлакатҳои шарқ, ва алалхусус Осиёи Миёна, доимо куртаҳои васеъу дарозу остинкалон мепӯшиданд. Сабаби асосии ин гап дар он мебошад, ки он занҳо, мувофиқи дину диёнати он мамлакатҳо, бояду шояд доимо ба ҳолу аҳволи бачадорию дуҷонаю ҳомиладор, тайёр бошанд. “Худо дод!” – гуфта, қариб ҳар сол фарзанд зоянду ба ин ҷаҳон оранд. Ва лекин, агар зани бо шарму ҳаёю номус, бар танаш куртаи васеъ пӯшида бошад, мардум, ҳатто, аз бачадор будагии он зани шармгин, хабардор шуда ҳам наметавонад.
Барои ҳамин ҳам занҳои тамоми шаҳрҳои Осиёи Миёна куртаҳои васеъи тоҷикию ӯзбекӣ мепӯшиданд. Занҳои яҳудиёни бухороии давру замонаҳои пеш ҳам, ба дину диёнатамон ҷудо ҳам наздик буда, куртаҳои васеъу дарозу остиндарози “компот” мепӯшиданд. Вале, азбаски моён мобайни тоҷикону ӯзбекон зист мекардем, он занҳои ҷамоатамон ҳам гоҳе куртаҳои васеъи тоҷикию ӯзбекӣ мепӯшидагӣ шуда мондаанд, дӯстон, ки мардуми маҳаллӣ онҳоро гап накунад. Замонасозӣ дия…
Мардҳои динпарасти яҳудиёни бухороиамон, чун монанди мардҳои тоҷику ӯзбек, эзорҳои васеъи мардонаю куртаҳои дароз мепӯшиданд. Яъне, дар он давраҳо ҳам мардон ва ҳам занони тамоми мамлакатҳои шарқ, ва алалхусус Осиёи Миёна, эзорпочаи дарозу васеъ мепӯшиданд. Мардҳои ҷамоатамон, чун мисли тоҷикону ӯзбекон, ҷомаҳои беқасабу заррину кундал ва ҳам қалпоқу саллаю кубанкаю дигару дигарон каллапӯшҳоро пӯшида, бо сари луч намегаштанд. Занҳоямон бошанд, дутта рӯймол мепӯшиданд. Тамоми он сару либосҳои анъанавии онвақтаи мардуми мамлакатҳои шарқу Осиёи Миёна гувоҳӣ медоданд, ки то кадом дараҷа он мардуми қадим торику нохондаю соддафеълу примитивӣ буданд, дӯстон.
Рӯзе ман бо ҳорови номдори яҳудиёни бухороии Конгресси умумиҷаҳонии ҷамоатамон ва ҳам яке аз нависандагони номии газетаи “Менора” ба забони ивритӣ, яъне мулло Шмуэл Саъидов, сӯҳбат кардам дар бораи он либоспӯшиҳои мардуми пеш. Он кас, инсони доною хирадманд ҳам буда, ба ман тӯғрии гапро ошкор карда гуфтанд. Он кас рӯи рост гуфтанд, ки тамоми яҳудиёни мамлакатҳои шарқу Осиёи Миёна, яъне яҳудиёни бухороӣ, дар аввалҳои солҳои 70 асри 20 гузашта ба Эрес Исроэл, баъд аз яҳудиёни ашкеназии Европаю Россия омаданд. Он яҳудиёни Мароккою Алҷир, Африкаю Тунису яҳудиёни бухороиамон озмоиш карданд, ки яҳудиёни ашкеназӣ бо услуби ҳозиразамонавию маданиятноки европоӣ пӯшида мебошанд. Бо костюмҳои аҷоиби қиматбаҳою шимҳои газмолкарда ва ҳам бо шляпаю галстукҳо пӯшида, он яҳудиёни ашкеназиён, аллакай, дар он замонаҳо, дар идораҳои намоёну болонишини Эрес Исроэл кор карда истодаанд. Ҳамаашон одамони босаводу маърифатнок ҳам буданд дия…
Ҳоров Шмуэл Саъидов ба ман рӯи рост гуфтанд, ки тамоми он яҳудиёни мамлакатҳои арабзабони шарқ ва ҳам яҳудиёни бухороӣ аз он ашкеназиён ҳасад хӯрда, ба худашон ҳам костюму шиму галстуку шляпаҳо харида мондаанд. Он яҳудиёни шарқӣ орзую ният мекарданд, ки монанди он ашкеназиён “модерни”, яъне бо услуби европоӣ либос пӯшанду шляпаҳою галстукҳо бар сару гарданашон гузоранд. Хусусан, занҳои мароккониҳо то имрӯза, ҳатто, мӯйи сарашонро зарду “блонд”, чун монанди занҳои ашкеназиҳо, ранг мекунанд. Он занони мароккониҳо, агар аҳамият дода бошетон, якдигарашонро аз дур: “Блонда, ма нишма?” ё ин ки “Ба куҷо рафта истодаи, блонда?” гуфта, муроҷиат мекунанд. Яъне, гӯё, ки онҳо ҳам занҳои европоӣ мебошанд?! Аз он рӯз сар карда ва то ҳануз, тамоми, ҳатто, динпарастони аз олами мамлакатҳои шарқ ва ҳам мамлакатҳои Европа, баробару якхел, бо услуби либоспӯшии ягонаи европоӣ мебошанд. Ҳатто, Худораҳматӣ ҳорови бузурги номдор Овадиё Ёсеф ҳам рӯзе, он ҷомаи саллаи заррини шарқияшонро кашида, костюму шиму галстуку шляпаи европоӣ пӯшиданд!
Бояд гуфт, ки на ҳама намояндагони дину диёнатамон ба ин услуби либоспӯшии европоӣ гузаштанд. Масалан, сарҳорови имрӯзаи сефардиён ва ҳам пайравонашон ҳам, то ҳол бо он сару либосҳои шарқ, яъне ҷомаҳои заррину саллаю дигару дигарон элементҳои шарқӣ пӯшида мебошанд. Бе сабаб нест, ки дар Тӯро қайд карда мебошад: “Меъил ло Ёъил вэ мигбаъат ло ковъат!”, яъне ришу шляпаю сару либосат ҳаргиз намедиҳад шаҳодат, ки ту, ҳақиқатан ҳам, наздик ҳастӣ ба Тӯрою дину диёнат!” Вале, ин сару либоси европоӣ имрӯз ба тамоми яҳудиёни ашкеназӣ ва ҳам сефардӣ ягона аст. Бешубҳа, гап дар дили инсон мебошад, дӯстон! Магар он падару бобоёнамоне, ки бо ҷомаҳою кубанкаҳо ҳар рӯз ба канесо рафта, намозу тафило мехонданд, аз намозхониҳои он яҳудиёни услуби европоӣ пӯшида ягон фарқ доранд ми?! Ё Худои азиз! Гап дар дил!
Илоҳо, Худо ҳамаамонро, пеш аз ҳама, ба роҳи инсонӣ равон кунад, то ин ки, чун монанди Худо, ростқавлу боваринок, равобину дасту дилкушо ва ҳам некукор бишавем! Омен кен йиҳи рацон!