
Хонандагони азизу мӯътабар, Бузургвори олам, олимони донишманду ихтироъкунандагони ботаҷриба, санъаткорони боистеъдоду бомаҳорат, омӯзгорони камтарину забоншиносони пухтакор, таърихшиносону адибонро офарида, ба онҳо вазифаи муҳимми пешбарию гулгулшукуфии тамоми соҳаҳои ҳаёту фаъолияти одамизодро супорида монд. Ҳақиқатан ҳам, ба ҳар як давру замона таърихшиносону дунёдидагон фақат мувофиқи инкишофу тараққиётии ин ё он давру замона, баҳою арзиши худро мегузоранд. Ба туфайлу шарофати инсонони олиқадру донишмандон, дунёи Худодод доимо нур мегираду мунаввар мегардад, дӯстон.
Дар мақолаи мазкурам ман хоҳише дорам каме дар бораи инсони олиқадр, ҳодими бебаҳою маърифатпарвар, ҷамъиятшиносу адиб, устоди назму насру саводу илму фан, инсони арзандаю писандидаю шинохташудаи беҳамто, мулло Исҳоқ Маҳвашев, сухан биронам. Ин инсони лоиқандаи ҷамоати яҳудиёни бухороӣ дар соли 1905 дар шаҳри бостони Самарқанд таввалуд шуданд. Падари Исҳоқ, мулло Нисими пурдону дунёшинос ва ҳам модарашон, хонума Сорои меҳрубону чеҳракушои Маҳвашевҳо, намояндагони оилаи номию бообрӯи ин кишвару сарзамин буданд. Худи Исҳоқ, аз хурдсолагиашон сар карда, писарбачаи доною зирраку боистеъдод буданд. Модарашон хонума Сорохон тамоми процесси таълимомӯзиро ба зиммаи худашон гирифтанд, ки он кас соҳиби ақлу тамиз буда, забонҳои бисёри халқҳои оламро нағз медонистанд.

Бояд қайд кард, ки хонума Сорохон ҷудо ҳам хондаю пуртаҷриба буда, Исҳоқи хурдсоларо ба олами маърифатпарварию илму фанҳои вуҷудбуда, бо ҷӯшу хурӯш гирифта бурданд. Худи хонума Сорохон аз авлоди Каводох абераи Ёсефи Мамони Магрибии донишманду пурдон буда, генетикаи донишҷӯиро ба Исҳоқ писарашон, бо роҳи табиии Худодод, тақдим намуданд. Аз он рӯзи зодгоҳи Исҳоқ Маҳвашеви боистеъдоду бомаҳорат, дар олами фаншиносию журналистика, этнографияю ҷамъиятшиносӣ, маорифу маърифату маданият, забоншиносию филологияи Ӯзбекистону Тоҷикистон ва ҳам ҷамоати яҳудиёни бухороӣ, фасли баҳору нишоти умри гулгулшукуфӣ сар шуд.
Исҳоқи ҷавони баркамол, мактаби дину диёнатии яҳудиёни бухороиро бомуваффақият хатм намуда, донишманди асосҳои қонуну қоидаҳои Тӯро ҳақудушену гашта монд! Дар синни ҳабдаҳсолагӣ бошад ин йигити донишҷӯй, аллакай, ба Инпрос, яъне донишкадаи педагогии маърифати яҳудиёни бухороӣ дохил шуда, онро ҳам аъло хатм намуд. Дар солҳои 1926 таҳсилгирӣ ӯ асарҳои бадеии адибони классикию шинохташудаи русиро ҳам омӯхта, онҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷима мекард. Ва дар солҳои сиюми асри гузашта бошад, Исҳоқ Маҳвашев ба роҳи журналистика, яъне мақоланависӣ, дар як қатор газетаҳою журналҳои вуҷудбуда, шурӯъ кард.

Аллакай дар системаи нашриёту матбуот ӯро нағз мешинохтанду меписандиданд. Дар нашриёти “Байроқи миҳнат” ва ҳам “Адабиёти тоҷик” Исҳоқ Маҳвашев асарҳои бисёри адибони русро ба забони тоҷиқӣ тарҷима карда меистоданд. Он кас, аллакай, аз он солҳои таърихӣ сар карда, омӯзгори номӣ ҳам шуданд. Факултети биологии институти педагогии шаҳри Тошкандро хатм намуда, Исҳоқ Маҳвашев ба илму фанҳои химияю биологияю табиатшиносию география ҳам олими пурдон гашта мондаанд. Дар шаҳри Душанбе бошад, ин олими барҷаста, аллакай, якчанд луғатҳои энциклопедии забонҳои русию тоҷикӣ, французию арабӣ, ивритию ӯзбекӣ тартиб доданд. Бозу боз ҳам, чуноне донишмандон мегӯянд: “хонетону хонетон боз ҳам хонетон”, он кас ба факултети забоншиносию филологияи институти педагогии Тошканд дохил шуда, онро ҳам бо муваффақият хатм намуданд.
Дар айёми хонишашон дар аспирантура, Исҳоқ Маҳвашев достони “Пуримномаи Шоҳини Шерозӣ”- ро эҷод карда, ба рӯшноӣ бароварданд. Студентҳои зиёдеро илмомӯзӣ ҳам намуданд.
Ин ҳам мавзӯи марказии диссертацияи илмии он кас буд, дӯстон. Дере нагузашта, дар шаҳри Душанбе, дар соли 1958, дар журнали “Шарқи Сурх”, асарҳои “Достони Ардашер ва Эстер” ва ҳам “Устоди беҳамтои Шашмақом Левӣ Бобохонов” баромаданд. Дар соли 1960 бошад, дар журнали “Шарқи Сурх” асари “Фолклор ва ёддоштҳои муаллиф”, ки онро фақат дар Эрес Исроэл он кас ба итмом расониданд, ба рӯшноӣ баромад. Бояд қайд кард, ки дар айёми ҷанги бузурги ватании солҳои 1941-45 Исҳоқ Маҳвашев дар шаҳри Тошканд, бо вазифаи сармуҳарриру диктори комитети давлатии радиошунавонии Ӯзбекистон, дар шӯъба ба забони тоҷикӣ, кор кардаанд.

Дар соли 1947 бошад он кас пурра ба шаҳри Душанбе кӯчида рафтанд. Дар он сарзамин бошад, Исҳоқ Маҳвашев дар вазифаи доценту мӯдири кафедраи забонҳои хориҷӣ, дар донишкадаҳои олии республика кор карданд. Сонитар он кас дар Учпедгиз ва ҳам сармуҳаррири нашриёти “Ирфон” шуда кор карданд. Дар муддати солҳои зиёде бо Академияи фанҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ мекарданд. Чӣ нону насиба будаст, ки дар охири умрашон он кас ба Эрес Исроэл кӯчида рафтанду корҳои илмию тадқииқотию адабиашонро, бо муваффақиятҳои бепоён, давом доданд.
Дар охири соли 1973, ӯ бо ҳамсари вафодораш ва ду писараш ба Эрес Исроэл кӯчида рафт, ки он ҷо фаъолияту мероси илмиву фарҳангии худро бо нерӯи тоза идома дод.
Соли 1974, Исҳоқ Маҳвашев сармуҳаррири ҳафтаномаи маъруфи «Ҳатхия» таъин гардид – маҷаллаи фарҳангӣ ва иҷтимоии яҳудиёни бухороӣ, ки бо забонҳои бухори ва иврит нашр мешуд. Ӯ то поёни умраш – сентябри соли 1978 – ин нашрияро бо садоқат роҳбарӣ ва нашр намуд.
Соли 2005, ба муносибати 100-солагии Исҳоқ Маҳвашев, дар Эрез Исроэл китобе бо номи “Воспоминания Современников” (Ёддоштҳо барои насли ҳозиразамон) ба таври пурра ба нашр расид.
Ин маҷмуа фарогири ёддоштҳои шахсони замондор ва ҳамконони тоҷик, шогирдон, нависандагон, шоирон ва олимоне буд, ки Исҳоқ Маҳвашевро аз наздик мешинохтанд ва бо ӯ ҳамкорӣ доштанд. Дар миёни шогирдои Исҳоқ Маҳвашев – Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Муъмин Қаноат ва дигар чеҳраҳои маъруфи адабиёт ва фарҳанги тоҷик низ буданд.

Ин ёддоштҳо на танҳо шахсияти маънавии Исҳоқ Маҳвашевро равшан мекунанд, балки саҳми арзишманди ӯро дар рушди илму адаб ва фарҳанги тоҷику яҳудӣ таъкид менамоянд.
Хонандагони азиз, кору кирдори ин ҳодими беҳамтои оламро имрӯз писари қадрдонашон Довид Мҳавашев самимона давом дода истода, фонди маблағӣ ба номи падарашон Исҳоқ Маҳвашев кушода мондаанд. Ман шахсан ба он кас ва ҳам ба руҳу нишомои падари бузургашон Исҳоқ Маҳвашев, ташаккури зиёдеро таманно дорам, ки боиси ин инсонҳои олиқадр, ман сазовори унвони олии лауреати мукофот ба номи Исҳоқ Маҳвашев гашта мондам! Илоҳо, ному нишони ҳодими бузурги халқамон Исҳоқ Маҳвашев абадӣ дар ин ҷаҳон монаду вирди забони тамоми халқҳои олам гардад! Омен ва омен!
Рафоэл Бангиев.
Тел-Авив. Эрес Исроэл